ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

МАРГИ МУҲОҶИРИ 52-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ҶОИ КОРАШ ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ

Шоми 27 декабри соли 2023 як муҳоҷири 52-сола аз Тоҷикистон дар як корхона дар шаҳри Колпино дар канори шаҳри Санкт-Петербурги Русия зери дастгоҳ монда, ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии “Санкт-Петербург”, шоми чоршанбе, 27 декабр ба рақами 112 муовини сардори коргоҳи яке аз ширкатҳои Колпино занг зада, хабар додааст, ки як коргараш зери дастгоҳ мондааст.

Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҷасадюи шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд. Ӯ дар коргоҳи  истеҳсоли блокҳои силикати ба оташ тобовар ба ҳайси резагар (дробильщик) кор мекард.

Ҳангоми кор дастгоҳ ногаҳон дасти ин коргари тоҷикро кашида бурдааст ва қафаси синаашро низ пахш кардааст. Дар натиҷа, ин мард дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Ҷасади ӯро барои ташхис ба морг бурдаанд. Ташхис бояд иллати марги ӯро дақиқ кунад.

Колпино шаҳрест бо 143 ҳазор аҳолӣ дар канораҳои ҷанубушарқии шаҳри Санкт-Петербург ва расман ба ҳайъати Петербург шомил мешавад. Солҳои охир дар Колпино авҷи сохтмони биноҳои бисёрқабатаи истиқомативу тиҷоратӣ ба назар мерасад. Дар сохтмонҳои Колпино ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла шумори зиёди муҳоҷирони тоҷик низ кор мекунанд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Рӯзи 28 декабри соли 2023 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар паёми солонааш ба вазъи муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла ба масъалаи сатҳи баланди маргу мир дар байни онҳо пардохт ва гуфт, шароити муҳоҷиронро нағз медонад.

“Садҳо ҷасад меорем. Онҳо барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои фарзандонаш рафтаанд, чунки мо, роҳбарон, аз боло то поён фақат фикри нафси бади худро дорем”,  – изҳор дошт президенти Тоҷикистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button