ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МАРГИ ДУ ЗОИРИ ТОҶИК ДАР ҲАҶҶИ УМРА ДАР МАККА (ВИДЕО ВА АКС)

Шоми 27 декабри соли 2023 дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ як гуруҳи зоирон аз Тоҷикистону Малайзия зери зарбаи тундару чароғак мондаанд. Дар натиҷаи ин офати табиӣ 5 зоир: 3 нафар аз Малайзия ва 2 зоири тоҷик дар ҷои ҳодиса ҷон дода, як зоири дигари тоҷикро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол додаанд.

Дар бораи шахсияти ду зоири дигари тоҷик, ки бар асари зарбаи тундару чароғак дар Макка якеаш куштаву дувумӣ захмӣ шуданд, маълумот ба даст нарасидааст, вале бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, яке дигар аз зоирони дар Макка ҳалокшуда Зайдуллоев Алишер Саидшоевич, соли таваллудаш 1997, падари ду фарзанд, зодаи деҳаи Ғалабаи дараи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод будааст.

Алишер Зайдуллоев дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар як дӯкони гӯштфурӯшӣ кор мекард ва, ба гуфтаи наздиконаш, ягон 10 рӯз қабл аз Екатеринбург бо нияти Ҳаҷҷи Умра ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд.

“Шоми 27 декабр тундару чароғаки сахт мезанад дар Макка ва 6 зоир:  нафар аз Малайзия ва 3 нафар аз Тоҷикистон зери ин офат мондаанд. Бародари мо Алишер ва як тоҷики дигар, ҳамчунин он се нафари дигар аз Малайзия дар ҳамон ҷо ҷон ба Ҳақ супурдаанд. Як тоҷики дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон аст. Як гуруҳ бародарони мо, аз ҷумла мулло Асадулло ва мулло Қандил ҳамон ҷо, дар Макка будаанд ва гуфтанд, ки имрӯз қурбониҳои ин офатро дар ҳамон ҷо, дар Макка ба хок месупоранд. Чунин марг дар Хонаи Худо лоиқи ҳар кас намешавад ва мо ҳам розӣ шудем, ки дар Хонаи Худо ба хок бисупоранд Алишери моро”,  – нақл кард дар суҳбат бо “Бомдод” яке аз наздикони марҳум Алишер Зиёдуллоев.

Деҳаи Ғалаба (собиқ Дурешаалӣ) дар дараи Муҷахарф дар масофаи 15 километр аз маркази ҷамоат ва 54 километр аз маркази ноҳияи Нуробод ҷойгир шуда, наздики як ҳазор аҳолӣ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button