Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

РӮЗИ ДУЮМИ ҶАНГ ДАР ИСРОИЛ: ҲИЗБУЛЛОҲ БА ҲИМОЯТ АЗ ҲАМОС ХОКИ ИСРОИЛРО МУШАКБОРОН КАРД

Гурӯҳи тундрави “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон эълон намуд, ки дар ҳимоят аз ҳамалоти рӯзи 7-уми октябри гурӯҳи  фаластинии “ҲАМОС” минтақаи Ҷабали Дуф дар шимоли Исроилро зери ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор додааст.

Ин гуфтаҳои “Ҳизбуллоҳ”-ро рӯзномаи The Times of Israel тасдиқ намуда, хабар медиҳад, ки “дар ҳамалоти “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, ки субҳи рӯзи якшанбе ба вуқуъ пайваст (8-уми октябри 2023) се маркази низомии Исроил бо мушакҳо ва тӯпхонаҳо зери ҳадаф қарор дода шуданд”.

“Ҳизбуллоҳ” дар баёнияи худ афзуд, ки “дар ҳамбастагӣ бо “Муқовимати Фаластин” даст ба ин иқдом задааст”.

Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил мегӯяд, дар посух ба ҳамалоти “Ҳизбуллоҳ” мавозеи онҳоро дар минтақаи Рувайсат ал-Алам, дар хоки Лубнон бо дорон ва тӯпхонаҳо зери ҳадаф гирифтааст. “Дар посух ба ҳамлаҳои мушакӣ аз ҷануби Лубнон ба хоки Исроил, мо ҷойҳоеро бомбаборон кардем, ки аз он маконҳо ба тарафи мо  шиллик шуда буд”, – омадааст дар баёнияи артиши Исроил.

Дар ҷавоб ба ин ҳамлаи Исроил “Ҳизбуллоҳ” минтақаи Шабъо, ки хоки Лубнон асту Исроил онро чандин сол пеш ғасб кардааст, мушакборон кардаанд.  Ҳанӯз аз талафоти эҳтимолии ин ҳамалот чизе расонаӣ нашудааст .

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи Haaretz хабар медиҳад, ки артиши Исроил то кунун қаламрави Исроилро аз аъзои гурӯҳи ҲАМОС пурра озод накардааст. Бино ба навиштаи ин рӯзнома, ба артиши Исроил муяссар шудааст, ки дар шаби гузашта аксарияти минтақаҳои ҳаммарз бо навори Ғаззаро аз аъзоёни гурӯҳи ҲАМОС бозпас бигиранд, вале ҷангҳои хиёбонӣ дар Беэр, Кфар-Аза ва Сдерот идома дорад.

Ҳамчунин ин нашрия  қайд намудааст, ки 4 ноҳияи ҷанубӣ то ба ҳол зери контроли ҲАМОС аст. Кадом ноҳия дар назар аст?, мушаххас карда нашудааст.

Артиши Исроил ном ва акси 26 сарбози худро расонаӣ намуд, ки дар ҷараёни даргириҳои 24 соати гузашта кушта шудаанд.

Миқдори кушташудагон аз ҷониби Исроил то ба ҳол дақиқ карда нашудааст. Вале гуфта мешавад, то соати 12 зуҳури вақти Исроил ҳалокати наздик ба 350 нафар,  бо шумули аҳолии осоишта ба қайд гирифта шудааст. Сафорати Исроил дар Туркия мегӯяд, ки беш аз 1800 нафар аз аҳолии Исроил ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Вазорати тандурустии Фаластин хабар медиҳад, ки аз ҷониби фаластиниҳо миқдори кушташудагон ба 313 нафар расида, шумори маҷрӯҳон марзи 2 ҳазорро убур кардааст.

Сафорати Исроил дар Амрико мегӯяд, ки наздик ба 200 нафар аз шаҳрвандони Исроилро ҷангҷӯёни ҲАМОС асир гирифта, ба навори Ғазза бурдаанд.

Вале яке аз қумандонҳои ҲАМОС дар сӯҳбат ба “Ал-Ҷазира” хабарҳо дар мавриди кушта шудан ва ё асир гирифтани аҳолии осоишта аз ҷониби нерӯҳои худро рад намуд.

Шаби гузашта нерӯҳои ҳавоии Исроил ба навори Ғазза беш аз 150 зарбаи ҳавоӣ задаанд, ки дар натиҷа 24 тан аз сокинон ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора BBC бо такя манобеаш дар Фаластин хабар медиҳад.

Нерӯҳои ҳавоии Исроил низ тасдиқ намудаанд, ки шаби гузашта хонаи раиси истихбороти гурӯҳи ҲАМОС, бинои  бонкҳои марбут ба ҲАМОС ва корхонаҳои таслиҳотиро зери ҳадаф қарор додаанд. Исроил гуфтааст, ки пеш аз ҳамалоти ҳавоӣ онҳо ба аҳолии осоиштаи Ғазза хабар додаанд, ки ё шаҳрро тарк кунанд ва ё дар паноҳгоҳҳо паноҳ бибаранд, то дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоӣ осеб набинанд.

Хабарнигори BBC тасдиқ кардааст, ки “шаби гузашта овози таркишҳо дар навори Ғазза то ба субҳ қатъ нашуд. Чандин оила барои наҷоти ҷони худ бо кӯдаконашон ба мактабе, ки таҳти ҳимояти Созмони миллали муттаҳид аст, паноҳ бурданд”.

Артиши Исроил ахиран хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти худ 400 узви гурӯҳи ҲАМОСро нобуд  карда ва даҳҳо тани дигарро асир гирифтаанд.

The Jerusalem post менависад, ки наздик ба 750 нафар аз шаҳрвандони Исроил пас аз ҳамлаи ҲАМОС нопадид шудаанд. Ҳукумати Исроил бошад тасдиқ намуд, ки дар давоми 24 соати гузашта, 26 тан аз нирӯҳои артиши Исроил ва 30 корманди пулис кушта шудаанд.

Гурӯҳи фаластинии ҲАМОС рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо шиллик кардани 5000 мушак ба хоки Исроил аз оғози амалиёти “Тӯфони Қудс” хабар дод. Ҳамзамон пас аз ҳамлаҳои мушакӣ, нерӯҳои ҲАМОС аз замин, аз ҳаво ва аз баҳр вориди хоки Исроил шуда, бо артиши Исроил вориди чанг шуданд. Исроил бар навбати худ аз оғози амалиёти “Шамшерҳои оҳанин” хабар дода, дар сартосари кишвараш ҳолати низомиро ҳукмфармо намуд.

Аксари кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ин рафтори ҲАМОС-ро маҳкум намуданд. Вале Ҷумҳурии исломии Эрон аз он пуштибонӣ намуда, ҳатто эрониҳо дар шаҳрҳои мухталифи Эрон ба хиёбонҳо баромада, ҳамлаи Ҳамос ба Исроилро ҷашн гирифтанд. Русия бошад ба як таври нофаҳмо мавқеъгирии худро баён намуда, гуфт, ки “бо ҷонибҳои даргир дар тамос аст”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Гап нестай ака. Гузориши худта ждат кардем. Фаҳмидм чӣ гапай уҷаҳо. Ага бтони пайгиришку. Як ҷаҳон ташаккур)
    !!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button