Ҳуқуқи инсон

БАРКАНОРИИ 5 СУДЯИ БАЛАНДПОЯ, АЗ ҶУМЛА РАИСОНИ ДОДГОҲҲОИ ДУШАНБЕ ВА СУҒД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи 30 июни соли 2023 бо имзои як фармон якбора 5 додраси баландпоя, аз ҷумла раисони додгоҳҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияи  Фирдавсии пойтахтро аз мақом барканор кард.  Аз ин шумор 3 нафар:

  1. Гиёзода Мирзоисмон Қурбон аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе,
  2.  Абдуллозода Музафар Ҷафар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе,
  3. Ашурмамедова Маърифат Гулбековна аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе ба сабаби “расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” озод карда шудаанд.

Дар фармони президент сабаби барканории ду суди дигари баландпоя:

  1. Оқилзода Бахтиёр Даврон аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд,
  2. Ҷӯрахонзода Масрур Ҷурахон аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ҳисор “ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст.

Дар бораи ба кадом “кори дигар” гузаштани Оқилзода ва Ҷӯрахонзодато ин соат хабае нашр нашудааст.

Таъйин ва барканории судяҳо дар Тоҷикистон бо фармонҳои президент сурат мегиранд.

Низоми додгоҳӣ дар ин ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада ба шумор меравад.

Дар Тоҷикистон дар умум беш аз 400 судя кор мекунанд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ судя бо иттиҳоми “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мансаб рондаву дастгир ва бархеаш ба зиндон маҳкум шудаанд. Аксари онҳо бо ҷурми гирифтани пора ба даст меафтанд, вале мақомот одатан аз шарҳи парвандаҳои додрасҳои бадастафтода худдорӣ мекунанд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Гиёзода Мирзоисмон Қурбон аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе,
Абдуллозода Музафар Ҷафар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,
Ашурмамедова Маърифат Гулбековна аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.
2. Оқилзода Бахтиёр Даврон аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд,
Ҷурахонзода Масрур Ҷурахон аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ҳисор бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 июни соли 2023
№597

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button