АМАЛИЁТИ ПОККОРӢ – 2024? МАВҶИ БОЗПУРСИҲО ВА БОЗДОШТҲО ДАР ПАЛАТАИ ҲИСОБ
Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 17 майи соли 2024 хабар доданд, ки аз аввали ҳафтаи равон дар Палатаи ҳисоб, ки идорааш дар маркази Душанбе дар собиқ бинои Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ ҷойгир шудааст, тафтишҳои густарда ва бозҷӯиву бозпурсиҳо идома дорад ва чанд нафар аз кормандони ин ниҳод, аз ҷумла мансабдорони баландпояаш боздошт ҳам шудаанд.
Мақомот расман ин хабарро то ҳол шарҳ надодаанд, вале манобеи “Бомдод” мегӯянд, сухан зоҳиран дар бораи як амалиёти бузурги поккорӣ дар Палатаи ҳисоб меравад. Ҳамсуҳбатони “Бомдод” онро бо чунин як амалиёти поккорие, ки соли 2017 дар Агентии мубориза бо коррупсия сурат гирифта буд, қиёс мекунанд ва мегӯянд, “бисёре аз сарҳо мепаранд. Сарҳои хеле баланд”.
Ба гуфтаи ин манобеъ, дар аввал тафтиш ё аудити маъмулии фаъолиятҳои Палатаи ҳисоб аз ҷониби Агентии мубориза бо коррупсия ба роҳ андохта шуд. Агентӣ чунин аудитро дар дигар идораҳое, ки аз ҳисоди давлат маблағгузорӣ мешаванд ваё бо сарфу харҷи пулҳои буҷа сару кор доранд, ҳар сари чанд вақт анҷом медиҳад.
“Дар рӯзҳои аввал асосан кормандони зинаҳои поёниро бозпурсиву бозҷӯӣ мекарданд. Вале аз миёнаи ҳафта, яъне аз рӯзи чоршанбе, 15 май барои бозҷӯӣ бурдани мансабдорони баландпояи Палатаи ҳисоб сар шуд. Ин тафтишҳо кормандони Палатаро дар як ҳолати нигаронии хеле сахт андохтааст ва аксари кормандон, аз ҷумла роҳбарони баландпояи идора аз ояндаи худ ҷиддан дар ташвишанд. Ҳама метарсанд…” – мегӯянд ҳамсуҳбатони “Бомдод” дар Палатаи ҳисоб.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, тафтишҳоро дар аввал асосан кормандони Агентии мубориза бо коррупсия анҷом медоданд, вале дар рӯзҳои охир кормандони ниҳодҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додситонӣ низ ба ин кор ҳамроҳ шудаанд ва ин ба нигаронии кормандони Палатаи ҳисоб афзудааст.
Кормандони Палата чунин тафтиши мӯшикофонаи фаъолияти ин ниҳодро натиҷаи рақобатҳо дар байни ниҳодҳои мухталиф мешуморанд ва бар инанд, ки бо ин роҳ мехоҳанд сари Палатаро бихӯранд ва салоҳиятҳоро онро байни худ тақсим кунанд.
Палатаи ҳисоб соли 2012 таъсис дода шуда, ҳадафаш назорати дахлу харҷи буҷаи давлатӣ ва маблағҳои аз хориҷи кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузоришуда, ҳамчунин анҷоми аудити корхонаи буҷавӣ гуфта мешуд. Ҳанӯз ҳамон замони таъсиси Палатаи ҳисоб, бисёриҳо, аз ҷумла вакилони парлумон зарурати таъсиси боз як ниҳоди назоратӣ дар кишварро зери шубҳа бурда, мегуфтанд, ки ин ҳама салоҳиятҳоеро, ки ба Палата медиҳанд, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия худ анҷом медод.
Мунтақидон ҳамон вақт гуфта буданд, ки Палатаи ҳисоб боз ба як ниҳоди дигари фасодзада дар сохторҳои давлатӣ табдил ёфта, танҳо манбаи сарватғундории кормандонаш хоҳад шуд. Шеваи истихдоми кормандони Палата, ки асосан кормандони содиқи шуъбаҳову раёсатҳои молия, як ниҳоди дигари фасодзадаро ба кор мегирифтанд, шубҳаҳо дар мавриди ҳатман дар фасод ғарқ шудани ин идораро бештар карда буд.
Бино ба охирин ҳисоботи Палатаи ҳисоб, дар давоми соли 2023 кормандонаш дар умум 166 чорабинии аудиторӣ гузаронида, ба маблағи 405,6 миллион сомонӣ қонунвайронкуниҳои молиявиро ошкор кардаанд, ин назар ба соли қаблӣ қариб 29 миллион сомонӣ зиёд будааст. Ба иттилои Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, барои қоидавайронкуниҳои молиявие, ки аз тарафи мутахассисони Палатаи ҳисоб дар 17 шаҳру ноҳия ошкор гардид, 10 нафар аз вазифа озод гардида, 237 нафари дигар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Аммо мунтақидон мегӯянд, барои як идорае, ки садҳо коргар дорад, ва дар шароити Тоҷикистони фасодзада ин 405 миллион сомонӣ тахаллуфоти молиявии ошкоршуда танҳо қатрае аз баҳр аст.
Сад фоиз суханхои шумо дурустанд аз суханони кормандони поён и коро яьне раиси Кумитаи андоз ба раиси Дастгох мурочиат намуда оиди чанд корманди баландпояи палатаи хисоб маьлумот додааст ва гуфтааст бисер чойхои калони Чумхуриро кришаги намуда аз супоридани андозхо саркаши мекунанд инчунин маро мачбур карданд чанд нафар хешу табори и кормандонро ба кор Кабул намоям хол он ки саводи кофи надоранд