Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик ва муассис ва раҳбари собиқи ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ягона ҳизби оппозитсионии расман сабтиномшуда дар ин кишвар, субҳи 18 майи соли 2024 дар синни 67 аз олам чашм пӯшид. Мавзуна Каримова, ҳамсари ӯ гуфт, ки Зойиров субҳи барвақти шанбе, 18 май даргузашт. Дар бораи иллати марги сиёсатмадори мухолиф наздиконаш чизе нагуфтаанд. Вале ҳамсафони Зойиров қаблан гуфта буданд, ки ӯ чанд вақт боз бемор аст.
Маросими видоъ бо Зойиров давоми рӯзи шанбе, 18 май дар назди хонааш дар суроғаи: шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, 45/1, дар рӯбарӯи фабрикаи “Ширин” ва наздикии ҳукумати ноҳияи Сино доир шуд. Маросими намози ҷаноза соати 17:45 баргузор гардид ва сипас Зойировро дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахти Тоҷикистон ба хок супурданд.
Раҳматулло Зоиров16 марти соли 1957 дар шаҳраки Боғистони ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошкнади Ӯзбекистон дар хонаводаи Абдуҳамид Зойиров ба дунё омадааст. Падари ӯ усто буд. Дар бархе манобеъ зодгоҳи Зойиров вилояти Қазоқистони ҷанубӣ нишон дода шудааст, вале дар асл ноҳияи Бӯстондиқ 13 феврали соли 1956, яъне як сол қабл аз таваллуди Зойиров аз Қазоқистон ба ҳайъати Ӯзбекистон гузашта буд.
Зойиров мактаби миёнаро дар Боғистон соли 1975 хатм карда, солҳои 1977—1979 дар саффи Артиши Шӯравӣ дар Ҷумҳурии демократии Олмон хидмат кард. Баъди хатми хидмати ҳарбӣ, соли 1977 ӯ ба Донишкадаи ҳуқуқшиносии шаҳри Харкови Украина дохил шуд ва соли 1983 ин донишкардаро хатм карда, баъди он дар аспирантураи Академияи ҳуқуқи шаҳри Киев ва солҳои 1986—1988 дар шуъбаи Донишгоҳи марксизм-ленинизм дар шаҳри Хабаровск таҳсил кард.
Раҳматилло Зойиров соли 1988 ба Душанбе омад ва ҳамчун омӯзгор дар риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор пардохт. Соли 1989 Зойиров он вақт ҷавон ва ҳамагӣ 32-соларо ҳамчун номзад ба вакилии Шӯрои олии Тоҷикистон пешбарӣ карданд, вале дар овоздиҳии ниҳоӣ ӯ аз Мирбобо Мирраҳимов, яке аз раҳбарони ҷунбиши мардумии “Растохез” шикаст хӯрд.
Зойиров солҳои 1993—1997 ба ҳайси мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Академияи илмҳо ва солҳои 1998—1999 дар мақоми мудири кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон кор карда, солҳои 2001-2003 бо пешниҳоди сиёсатшиноси фақид Сӯҳроб Шарипов ба дастгоҳи президент ба кор омад ва ҳамчун мушовири президент оид ба масоили ҳуқуқӣ кор кард.
Раҳматилло Зойиров соли 1998 ҳизби худро бо номи “Адолат ва тараққиёт” таъсис дод, ки баъди чанде ба ҳизби сотсиал –демократи Тоҷикистон табдили ном кард. Моҳи июни соли 2021 Зойиров аз раҳбарии ҳизб истеъфо дод ва ба ҷои худ яке аз муовинонаш Қиёмиддин Азизовро нишонд.
Раҳматилло Зойиров донишманди шинохтаи илми ҳуқуқ низ буд. Ӯ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва муаллифи беш аз 270 асари илмӣ ва мақолаву монография ва ҳамчунин беш аз 30 китобу рисола дар улуми ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, иқтисод ва таърих буда, дар таҳияи беш аз 30 қонуни Тоҷикистон иштирок кардааст.