НОМАИ ҒАФФОР-СЕДОЙ БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ПИР ШУДААМ, ОЗОДАМ КУНЕД, БА ХОНА БАРГАРДАМ…
Мирзонабии Холиқзод
Ғаффор Мирзоев (Ғаффор Седой), яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва аз ёрони пешини президент, бори дигар хоҳони бозбинии ҳукмаш шудааст.
Ӯро бист сол пеш дастгиру ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Худаш дар мулоқоти охир бо пайвандон гуфтааст, зуд-зуд бемор мешавад ва мехоҳад боқии умрро дар хона ва дар канори наздикон гузаронад. Ҳоло 68-сола аст.
Дархости генерали зиндонӣ барои бозбинии ҳукмаш ба воситаи наздикон ба мақомоти Тоҷикистон фиристода шудааст. Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, бо бародараш дар аввали ҳамин моҳ дар зиндон гап зад.
“Гуфт, ки чанд дафъа барои бозбинии парванда ва ҳукм ба Додситонӣ ва Додгоҳ нома навишт, аммо таваҷҷуҳ нашуд. Ҳоло ба раиси Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ нома навиштааст. Аз вазъи саломаташ шикоят кард. Пойҳояш варам кардаанд,” – афзуд Оиша Мирзоева.
Мақомоти Тоҷикистон то ин лаҳза барои шарҳи мавзуъ дастрас набуданд. Маълум нест, ки онҳо номаи генерали зиндониро дастрас кардаанд ё не.
Ғаффор Мирзоев дар гузашта ба Додситонии кул, Додгоҳи олӣ ва мақомоти дигари Тоҷикистон нома фиристода, дархости бозбинии парвандаашро карда буд.
Пайвандонаш мегӯянд, дар бист соли гузашта ба қазияи ӯ таваҷҷуҳ нашудааст. Танҳо як дафъа намояндагони идораи Омбудсмен гуфта буданд, ки бо вай дар зиндон суҳбат карданд. Пас аз он ки соли 2020 шикоят кард, ӯро бо рақибони собиқаш дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар як ҷой нигоҳ медоранд.
Мирзоев дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон фармондеҳи нерӯҳои Гордӣ миллӣ буд ва сарбозони таҳти итоаташ дар сафи пеш қарор доштанд. Дар он тарафи сангар нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони тоҷик буданд, ки баъзеи онҳо ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.
Хоҳараш мегӯяд, Ғаффор Мирзоев ҳоло аз шароити зиндон розӣ аст: “Агар пештар дар ним сол як дафъа хӯрок мебурдем, ҳоло ҳар се моҳ мебарем. Қаблан дар як сол ду маротиба мулоқот мекардем, ҳоло се маротиба мебинем.”
Ғаффор Мирзоев дар соли 2004 боздошт ва бар асоси сӣ банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла “хиёнат ба давлат”, “қасди ташкили табаддулот”, “хариди силоҳ”, “суистифода аз мақом” ва ҷурмҳои дигар ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Ӯ фармондеҳи собиқи Горди президентӣ ва раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир буд. Чандин сол дар мансаби президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон низ кор кардааст. Мақоме, ки ҳоло раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.
Мирзоев хатмкардаи шуъбаи ғоибонаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва таҳсилро дар Академияи низомии Русия як сол пеш аз боздошташ ба поён расонда буд.
Бо вуҷуди он ки муносибат ба кору зиндагии Ғаффор Мирзоев дар Тоҷикистон яксон нест, ду сол пеш Гурӯҳи кории Созмони Милал дар мавриди боздоштҳои худсарона хост, ӯро раҳо кунанд.
Ҳуқуқдонҳои байнулмилалӣ баъд аз таҳқиқи қазияи ӯ гуфтаанд, “ҷараёни боздошту ҳабс, эълони ҳукм ва муҳлати нигаҳдории Мирзоев бо нақзи фаровони қонунҳои Тоҷикистон сурат гирифт”. Мақомот ҳукми ӯро дурусту қонунӣ донистаанд.
Манбаъ: радиои зану шӯ Аюбовҳо
Як суол ба касоне, ки мегӯянд “системаи маорифи шӯравӣ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал меистод”, чаро тарбиятёфтагони ин “система” дар 5-соли ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 200-ҳазор нафар тоҷикистониро (мисли гунҷишк) куштанд?