АфғонистонВидеоТоҷикистон

БЕ ШИНОСНОМА НАРАВЕД! КДАМ АЗ ТАҚВИЯТИ ЧОРАҲОИ АМИЯТӢ ДАР САРҲАД ХАБАР ДОД

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумбҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони дорои мақоми бешаҳрвандӣ мерасонад, ки дар посгоҳҳои сарҳадӣ воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ ва даромаду баромади шаҳрвандонро зери назорати ҷиддӣ мегиранд.

Чунин ба назар мерасад, ки сухан асосан дар бораи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон меравад, чунки аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ даъват шудааст, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон ҳатман бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд. Ин ду вилоят  бо Афғонистон ҳаммарзанд,

Ҳамчунин ҳушдор дода шудааст, ки тибқи моддаи 19 қонун дар бораи сарҳади давлатӣ ба минтақаи марзӣ бе иҷозатномаи вазорати хориҷа ва мақомоти корҳои дохилӣ даромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ қатъиян манъ буда, афроди дигар танҳо дар сурати доштани ҳуҷҷати барои чунин сафар барасмиятдаровардашуда роҳ дода мешаванд.

Қӯшунҳои марзбонӣ тақвияти чораҳои амниятӣ дар марзро ба омилҳое, чун “тамоюли рӯ ба мураккаби вазъияти минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ баҳри убури ғайриқонунии сарҳадҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани актҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон” рабт додаанд, вале ягон далели мушаххас наовардаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи мустақим дорад, ки бар рӯи рӯди Омӯ (Амӯдарё, дар болообаш Панҷ) мегузарад. Бино бар релефи мураккаби кӯҳистониаш ҳифозати қисматҳои зиёде аз ин марз, ба вижа дар Бадахшон ва минтақаи марзии Шӯроободу Даштиҷум хеле мушкил аст.

Мақомоти Тоҷикистон аз самти Афғонистон ҳамеша эҳсоси нигаронӣ мекунанд. Ҳам аз ҷиҳати қочоқи маводи мухаддир ва ҳам аз ҷиҳати таҳдиди афзояндаи гуруҳҳои тундрави мазҳабӣ. Дар солҳои охир дар Афғонистон асосан ду гуруҳи умдаи ҷангҷӯёни тоҷик ҷамъ шудаанд, ки қисме дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” гирд омадаанд ва қисме дигар – дар саффи “Вилояти Хуросон”, бахши афғонистонии созмони террористии ДОИШ. Бино ба иттилои дарёфтӣ, чандин ҳамлаи террористии ахир дар кишварҳои мухталифро, ки бо дасти зодагони Тоҷикистон анҷом дода шуданд, эмиссарҳои ДОИШ маҳз аз қаламрави Афғонистон раҳбариву раҳнамоӣ мекардаанд.

Ҳузури даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик дар қаламрави Афғонистон мояи ташвишҳои ҷиддии Душанбе буду ҳаст. Аммо агар ҳукумати қаблии Афғонистон бо Душанбе дар масъалаи таъқиби ин ҷангҷӯён ва боздошту ба Тоҷикистон супурдани онҳо ҳамкорӣ мекард, баъди дар Афғонистон ба қудрат расидани Толибон вазъият комилан дигар шудааст, чунки Душанбе режими Толибонро ба расмият намешиносад ва баракс  ба мухолифони мусаллаҳи ин режим рӯи хуш нишон медиҳад. Дар посух бархе намояндагони Толибон таҳдид карда буданд, ки метавонанд аз тарафи худ ба мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон дар хоки Афғонистон имкони фаъолияти озод бидиҳанд.

Дар муроҷиатномаи маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта шудааст:

«Тамоюли рӯ ба мураккаби вазъияти минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ баҳри убури ғайриқонунии сарҳадҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани актҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда шавад.

Мувофиқи моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатӣ»,  ба минтақаи сарҳадӣ дохил шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бе иҷозатномаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ қатъиян манъ буда, барои иҷозати дигар шахсон ба хати сарҳад танҳо мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва барои сафар барасмиятдаровардашуда ризоият дода мешавад.

Посгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандонро ба минтақаҳои сарҳадӣ зери назорати ҷиддӣ мегиранд.

Вобаста ба ин аз тамоми шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонони дар қаламрави Тоҷикистон қарордошта ё воридшаванда даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.

Воридшавӣ ба минтақаҳои номбурда бе риояи чунин талабот иҷозат дода намешавад».

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button