ВидеоМуҳоҷирон

“БАЗА” АЗ ҲАБСИ БОЗ 5 ТОҶИК ДАР РОБИТА БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВ ХАБАР ДОД

Телеграм-канали ба мақомоти қудратии Русия наздики “База”  рӯзи 16 майи соли 2024 хабар дод, ки дар робита ба ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” боз дастикам 5 нафари дигарро дастгир кардаанд, ки ҳамаи онҳо аз Тоҷикистонанд.

 “Нисбат ба гумонбаршавандагон (номи онҳо дар дасти “База” ҳаст) бар асоси чанд модда бо иттиҳомоти “сӯиқасд ба ҳамлаи террористӣ”, “ташкили фаъолияти созмони террористӣ”, “ғайриқонун ба даст овардани силоҳ” ва “ғайриқонунӣ тайёр кардани моддаҳои тарканда” парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд. Ҳамаи ин парвандаҳоро ба парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” ҳамроҳ кардаанд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ҳамаи гумонбаршавандагон шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Ба гуфтаи манбаъҳои “База”, онҳо пайравони созмони террористии “Вилояти Хуросон” мебошанд”, – навиштааст “База”.

Бино ба иттилои “База”, дар робита ба ҳамлаи “Крокус” бар асоси моддаи 238 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми дуруст муҳофизат накардани бино, ки боиси марги шумори зиёди одамон шудааст, низ як парвандаи дигар кушодаанд. Қаблан хабар омада буд, ки мақомоти амниятии Амрико ҳанӯз ду ҳафта қабл аз ҳамлаи “Крокус” мақомоти Русияро аз омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ хабардор карда, ҳатто маълумот додаанд, ки маҳз толори консертҳои “Крокус” метавонад ҳадафи ҳамла қарор бигирад. Вале мақомоти Русия нисбат ба ин маълумот фориғболӣ нишон дода, муҳофизати биноро таъмин накарданд ва ба ин сабаб, шоми 22 март террористҳои мусаллаҳ ба осонӣ вориди бино шуда, издиҳомро тирборон карданд.

Хабари ба даст доштан дар ҳамлаи террористии Маскав доштани боз 5 зодаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки бино ба гузоришҳои қаблӣ,  дар маҷмӯъ, умум, бо иттиҳомоти марбут бо ҳамлаи террористии “Крокус” дар Русия  то имрӯз 19 нафар дастгир шудаанд, ки 17 нафараш аз Тоҷикистон, якеи дигар аз Қирғизистон ва як тани дигар аз Доғистонанд.

Рӯзи 16 май додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав замони ҳабси пешакии 8 нафар аз муттаҳамонро, ки ҳамааш аз Тоҷикистонанд, то 22 август тамдид кард. Чор нафари онҳо – Фаридуни Шамсидин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Фаридуни Шамсиддин –  омилони бевоситаи ҳамлаи террористӣ шумурда шуда, 4 тани дигар – Лутфуллои Назримад, Курбонов Ҷумъахон, Юсуфзода Якубҷон ва Шарипзода Муҳаммад – ба ҳамдастӣ ва кумак ба омилони ҳамла айбдор мешаванд.

Муҳлати кунунии ҳабси пешакии онҳо 22 май ба анҷом мерасад.

Ҳамаи онҳо бар асоси моддаи 205, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии Русия ба анҷоми ҳамлаи террористӣ айбдор мешаванд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун, аз 15 то 20 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Аммо дар назардошти шумораи қурбониёни ҳамлаи “Крокус” (145 кушта ва беш аз 500 захмию осебдида) ба эҳтимоли ғолиб, ҳадди ақал  4 нафари муттаҳам ба анҷоми бевоситаи ҳамлаи террористиро ҳукми ҳабси абад хоҳанд дод.

Шоми 22 марти соли 2022 афроди мусаллаҳ қабл аз консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” вориди толори консертҳои “Крокус Сити Холл” дар Красногорск шуда, издиҳомро тирборон карданд. Ин ҳамла 145 кушта ба ҷо гузошт: Бар асари ин тирборон 40 нафар кушта шуда, 105 нафари дигар дар сӯхторе, ки биноро фаро гирифт, ҷони худро аз даст доданд.

Мустақиман дар робита ба ин ҳамла 12 нафар боздошт шудаанд, ки 11 нафараш зодагони Тоҷикистонанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамаи он 4 нафари мусаллаҳе, ки вориди бино шуда, мардумро тирборон карданд, низ аз Тоҷикистонанд. Ин 4 нафарро алакай рӯзи дигари ҳамла, 23 март дар ҳудуди вилояти Брянск, ягон 400 километр дуртар аз толори “Крокус” дастгир карданд.

Таъқибу боздошт ва бозпурсиҳои нахусти онҳо бо шеваи хеле тунду бераҳмона ҷараён гирифт ва таъқибкунандагон бадрафториҳои худро пинҳон ҳам намекарданд: Дар Интернет худи ҳамон рӯз видеои чигуна ҳангоми боздошт буридани гӯши Саидакрам Муродализода ва ба даҳонаш андохтани он, акси ба узви таносулии Фаридуни Шамсиддин пайваст кардани сими барқ нашр шуд. Ҳамин тавр, ҳангоми боздошти як чашми Муҳаммадсобир Файзовро кафонда буданд ва Далерҷон Мирзоевро чунон зада буданд, ки ӯ чанд рӯз пакар буд ва намефаҳмид, ки дар куҷост ва аз вай чӣ мехоҳанд?

Бар илова, дар поёни моҳи март дар ҷумҳурии Доғистон 3 нафар – ду зодаи Тоҷикистон ва як доғистонӣ, дар аввали моҳи март дар Маскаву Омску Екатеринбург боз 3 нафари дигар ва дар миёнаҳои моҳи апрел як нафари дигар бо номи Ашӯров дар вилояти Твер ба даст афтоданд.

Дар умум, бо иттиҳомоти марбут бо ҳамлаи террористии “Крокус” дар Русия  то имрӯз 19 нафар дастгир шудаанд, ки 17 нафараш аз Тоҷикистон, якеи дигар аз Қирғизистон ва як тани дигар аз Доғистонанд.

Дар пайи иштироки зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаи хунини террористӣ аз номи созмони террористии ДОИШ– Хуросон муносибати мақомоти Русия нисбат ба тоҷикҳо шадидан бад шуд. Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон ва дар фурудгоҳҳои Русия дармонданд, зеро тафтиши онҳо шадиду тӯлонӣ шуд. Садҳо нафар аз онҳо аз тафтиш гузашта натавониста, ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуданд. Ҳамин тавр, садҳо тоҷики дигарро дар ҷараёни рейдҳои зиёдшуда дар шаҳрҳои гуногуни Русия боздошт ва ихроҷ карданд.

Шаҳрвандони тоҷике, ки ба Русия сафар доштанд, мегӯянд, ки ҳамаи тоҷикҳои синнашон аз 14 тио 59 таҳти тафтиши мӯшикофона қарор дода шуда, нафақат санадҳо, балки телефонҳои онҳоро низ мекобанд. Онҳоеро, ки ба кишварҳои мусалмонӣ, ба вижа ба Арабистони Саудӣ ё Туркия сафар карда буданд, ҳамчунин агар дар Интернет ба ягон сомона ё канали машкук сар зада бошанд, ба Русия роҳ намедодаанд.

Чунин бархӯрд нисбат ба тоҷикҳо боиси таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Маскав шуд ва ҳатто сафири Русияро ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурданд. Ҳарчанд Маскав “фаҳмонданӣ” шуд, ки ин тадбирҳо бо мақсади пешгирӣ аз терроризм буда, ба зидди ягон миллат ё дин равона нашудааст, дар Душанбе исрор меварзиданд, ки маҳз тоҷикҳо ҳадафи тафтишҳои мӯшикофона қарор гирифтаанд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба ин далел аз шаҳрвандонаш хост, муваққатан аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.

Ин ҳама дар ҳҳолест, ки ин шабу рӯз айни авҷи мавсими рафтан ба муҳоҷирати корӣ ҳисоб мешуд. Қарори маълум, ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири  таъмини рӯзгор ба Русия ба мардикорӣ меравад ва миллиардҳо долларе, ки ин муҳоҷирон ба Ватан мефиристанд, нафақат манбаи асосии даромади аксари оилаҳои тоҷик буд, балки як омили муҳими таъмини пешрафти иқтисод ва савдо дар ин фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ низ дониста мешуд.

Вале шадид шудани тафтишҳо дар марзҳои Русия бисёре аз сокинони Тоҷикистонро водор кардааст, ки сафари худ ба Русияро ба таъхир гузоранд. Бархеи онҳо алакай ба сурати фаъолона дар ҷустуҷӯи бозорҳои дигари кор бо маоши нисбат ба Тоҷикистон шоистатар шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button