ВидеоМинтақа ва ҷаҳонФарҳангЧеҳраҳо

АБДУРОЗИҚ ЗАН МЕГИРАД! АРӮС АЗ ШАРҶА АСТ ВА АМИРА НОМ ДОРАД (ВИДЕО)

Абдурозиқ, овозхон ва шоумени ҷавони тоҷик, ки 20 сол ва ҳамагӣ  1 метр қаду 18 кило вазн дорад, рӯзи 10 майи соли 2024 бо нашри як видео хабар дод, ки ҳамқадами зиндагиашро пайдо кардааст ва алакай қарор гузоштаанд, ки рӯзи 7 июли соли ҷорӣ маросими арӯсӣ барпо кунанд.

Дар ин видео Абдурозиқ мегӯяд: “Ман ҳамеша орзу доштам духтареро пайдо кунам, ки маро дӯст бидорад ва ҳурмат кунад. Ва инак, билохира ман чунин духтарро ёфтам, ки маро хеле ва хеле дӯст медорад ва эҳтиромамро ба ҷо меорад. Ӯ ба пешниҳоди ман барои издивоҷ розигӣ дод. Ман дар ин лаҳзаҳо ончунон ба ваҷд омадаам, ки барои изҳори эҳсоси хушбахтие, ки маро фаро гирифтааст, сухан намеёбам. Ман хеле хушбахтам”.

Абдурозиқ алакай рӯзи 11 май дар Инстаграм ду акс аз маросим ангуштар андохтанаш ба дастони арӯсашро нашр кард. Дар ин аксҳо чеҳраи арӯс дида намешавад, вале қадаш, тавре ба назар мерасад, хеле баландтар аз қади Абдурозиқ аст.

Шоумени тоҷик дар бораи кӣ будани арӯсаш маълумоти зиёд надодааст. Танҳо маълум аст, ки духтар аз Шарҷа, яке аз аморатҳои Имороти Муттаҳидаи Араб буда, Амира ном дорад.

Падари Абдурозиқ Савриқул Эгамов, сокини деҳаи Ғиждарваи ҷамоати Шинг дар кӯҳистони канори шаҳри Панҷакент гуфт, ки арӯсро барои писари ӯ продюсери арабаш пайдо кардааст ва онҳо дар Ғиждарва аз интихоби писарашон ягон се моҳ пеш хабардор шудаанд. Савриқул Эгамов гуфт, онҳо ҳанӯз арӯсро надидаанд, вале ният доранд, ки бо ҷамъе аз аҳли оила ба тӯйи Абдурозиқ ба Иморот бираванд ва дар онҷо бо арӯси ӯ шинос шаванд.

Абдурозиқ, ки моҳи августи соли 2021 визаи тиллоии Имороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамроҳи он калид ба сӯи қуллаи шуҳрати ҷаҳониро ба даст овард, дар як хонаводаи фақири деҳқон дар  рустои кӯҳистонии Ғиждарва дар ҷамоати Шинг дар  дар канори шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди дуюм аз 5 фарзанди Савриқул Эгамов аст. Ба иллати бемории рахит қади Абдурозиқ хеле паст (ҳудуди 1 метр) ва вазнаш хеле кам (ҳамагӣ 18 кило) боқӣ монд. Аёми кӯдакиаш Абдурозиқ дар бозори Панҷакент тарона мехонд ва бо ҳамин роҳ зиндагиашонро таъмин мекард.

Соли 2019 ӯро рэпсарои шинохтаи тоҷик Барон (Беҳрӯз Набиев) ба Душанбе овард ва чанд таронаашро сабт ва дар Интернет нашр кард, ки ҳар кадомаш чандмиллионӣ тамошобин ҷамъ оварданд. Аммо шуҳрати ин овозхони навраси тоҷик дар пайи эълони ҷангаш бо блогери мисли ӯ хурдҷусса аз Доғистон Хасбулло (Хасбик) ба берун аз Тоҷикистон роҳ ёфт. Он ҷанг дар ниҳоят доир нашуд, вале овозаи Абдурозиқ чунон оламшумул шуд, ки ӯро акнун ба ҷашну тантанаҳои байналмилалӣ даъват мекарданд, ситораҳои маъруфи ҷаҳонӣ ҳамроҳаш акс мегирифтанд ва ҳатто ошпази машҳури турк Бурак ҳамроҳаш гамбургери бузурге пухт, ки аз Абдурозиқ ҳам калонтар буд. Моҳи августи соли 2021 мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Абдурозиқ визаи тиллоӣ тақдим карданд. Ӯ бо ин виза метавонад 10 сол дар ҳудуди Иморот, аз ҷумла дар Дубай ва Абу Забӣ бидуни виза кору иқомат кунад.

Моҳи ноябри соли 2021 Абдурозиқ аз продюсери аввалинаш Барон, ба қавле, “канда” кард ва корро бо продюсерҳои дигар дар Дубай оғоз кард. Барон аввал Абдурозиқро ба “хиёнат ба бародарони тоҷикаш” айбдор кард, Абдурозиқ дар ҷавоб Баронро айбдор кард, ки пули ӯро пурра намедод.  Ҷудоии байни Барону Абдурозиқ дар он шабу рӯз ба яке аз мавзӯъҳои аввали вирди забони мардум ва матбуот табдил ёфта буд. Бархе аз Абдурозиқ интиқод мекарданд, ки набояд ба устодаш, ки ӯро ба саҳна овард, хиёнат мекард. Гуруҳи дигар аз Барон хостанд, ки Абдурозиқро раҳо кунад ва имкон бидиҳад, ки худро дар арсаи байналмилалӣ бисанҷад. Вақте ки ин ҷанҷол тоза авҷ мегирифт, Барон аз ҳама хост, ки ба ин қазия нуқтаи таммат гузоранд ва шогирди собиқи ӯро дигар мазаммат накунанд.

Абдурозиқ ҳангоми дар Дубай буданаша дар як клипи рэпсарои машҳури Русия Моргенштерн нақш иҷро кард ва дар як филми  нави ҳиндӣ бо номи шартии “Бародар” ҳамроҳ бо ситораи машҳури Болливуд Салмон Хон нақш иҷро кард. Ҳамин тавр, Абдурозиқ аксҳои зиёди муштарак бо шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла бо шаҳрдори Лондон Содиқ Хон, ситораи футбол Роналду, ошпази турк Бурак ва чандин ситораи дигар ва ҳамчунин чанд клип бар таронаҳои ҳиндиро нашр карда, дар Британия тарабхонаашро боз кард, ки “Ҳабибӣ” ном дорад.

Абдурозиқ вақтҳои охир асосан дар Ҳиндустон ва гоҳо дар Дубай кору зиндагӣ мекунад.  Ӯ танҳо дар Истаграм беш аз 8 миллион пайрав ва чанд миллион пайрави дигар дар ТикТок дорад ва дар зери нури шуҳраташ сафову роҳат мекунад.

Як таронаи ҳиндии ӯ бо номи “Chota Bhaijaan” (“Додарҷон”) дар як сол дар Ютуб беш аз 12 миллион тамошобин ва таронаи дигараш бо номи “Pyar” (“Ишқ) 35 миллион тамошобин ҷамъ овардааст. То ҳол ба ягон овозхони тоҷик муяссар нашуда буд, ки дар Ютуб қуллаи 35 миллионро фатҳ кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button