СУҚУТИ ЧАРХБОЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН ИБРОҲИМ РАИСӢ. ҶУСТУҶӮ ИДОМА ДОРАД
Рӯзи 19 майи соли 2024 ҳавопаймои президенти Эрон Иброҳим Раисӣ дар наздикии марзи ин кишвар бо Озарбойҷон дучори садама шудааст. Бино ба хабарҳо, чархболе, ки Раисӣ савори он буд, дар як минтақаи кӯҳистонии душворгузар дар наздикии шаҳри Варзақон маҷбур ба фуруди изтирорӣ шудааст. Сарнавишти президенти Эрон ва ҳамроҳонаш ҳанӯз маълум нест.
Дар он минтақа бо ҷалби нирӯҳои пулису артиш ва Ҳилоли Аҳмар амалиёти густардаи ҷустуҷӯӣ ба роҳ андохтаанд. Вазири дохилаи Эрон Аҳмад Ваҳидӣ гуфт, обуҳавои номусоид монеи то ҷои ҳодиса расидани наҷотбахшон шудааст.
Як мақоми маҳаллӣ гуфт, чархболи раисиҷумҳур суқут кардааст, вале ӯ афзудааст, ки барои дақиқ кардани ин бояд то ҷои ҳодиса бирасад.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории эронии Tasnim хабар дод, ки аз се чархболе, ки президентро ҳамроҳӣ мекарданд, ду чархболаш алакай ба фурудгоҳм Табрез расидаанд. Дар ин чархболҳо чанд мақоми баландпоя, аз ҷумла вазири энергетика Алиакбар Меҳробиён ва вазири роҳи Эрон Меҳрдод Базрпош савор будаанд.
Раиси аз устони Озарбойҷони шарқӣ бармегашт. Ӯ рӯзи 19 май ҳамроҳи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи садди оби “Қизилқалъасӣ” (“Қалъаи духтар”) дар марзи Эрону Озарбойҷон иштирок дошт.
Вазири дохилаи Эрон Аҳмад Ваҳидӣ суқути чархболи Иброҳим Раисиро тасдиқ карда гуфтааст, ки мунтазири ба ҷои ҳодиса расидани наҷотбахшонанд.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар он минтақа тумани ғафсе доман паҳн кардааст, ки ҷустуҷӯи чархболро мушкил мегардонад. Тарафҳои шом хабар омад, ки дар он минтақа борон борида, туманро як каме пароканда кардааст.
Дар чархбол ҳамроҳи раисиҷумҳурӣ Раисӣ ҳамчунин вазири хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва устондори Озарбойҷони шарқӣ қарор доштаанд.
Ҳанӯз дақиқ нест, ки бо чархболи Раисӣ чӣ рух додааст? Иртибот бо чархбол қатъ шудааст ва ин боиси паҳн шудани хабарҳои зиддунақиз шудааст.
Эрон соҳиби чархболҳои зиёд аст, вале таҳримоти байналмилалӣ хидматрасонӣ ва тармими онҳоро мушкил кардааст. Флоти ҳавоии Эрон асосан аз даврони то инқилоби исломии соли 1979 ба мерос мондааст ва аксаран аз ҳавопаймоҳову чархболҳои хеле кӯҳнаву фартут иборат аст.
Иброҳим Раисӣ, ки 63 сол дорад, дар пайи пирӯзӣ дар интихоботи президентии соли 2021 ба мақоми раисиҷумҳури Эрон расид. Ӯ қаблан раҳбарии қувваи қазоияро дар даст дошт.