ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ИДОМАИ ТОХТУТОЗИ СЕЛУ БОРОН ТОҶИКИСТОН: ОБУ ҲАВОИ БАД КАМАШ ТО 22 МАЙ БОҚӢ МЕМОНАД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон

Боронҳои шабонарӯзи гузашта дар кишвар сабабгор омадани селҳо дар баъзе манотиқ шуд. Ин селҳо хушбахтона, талафоти ҷониву хисороти зиёд надоштанд.

Чунончӣ, 15 майи соли 2024 бар асари боронҳои пуршиддат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат аз теппаҳо сел омад. Ин селҳо ба сойи байни деҳаҳо, 12 иншооти ёрирасон, саддҳои ҳимоявӣ роҳҳои мошингарди маҳаллӣ зарар расонд. Ҳамчунин лойоба таҳхонаи бинои истиқомаи 4 сокини минтақаро пур кард.

Аҳолии зарардида сари вақт ба маконҳои амн интиқол дода шуданд. Роҳи мошингарди Ромит-Варва бо сангу регу шағал пур шуд ва ҳаракати нақлиёт номумкин гардид.

Барои роҳандозии корҳои поксозии роҳи байни Ромин ва Варва ва таҳкими соҳили сой ҳукумати шаҳри Ваҳдат як техникаи муҳандисӣ ҷудо кард. Дар натиҷа роҳ аз селовардаҳо тоза ва ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид. Корҳои тоза кардани соҳилҳои рӯди Чордара аз сангу рег идома доранд. 

Бар асари боронҳои пуршиддат шаби 17-уми майи соли равон роҳ дар километри 9-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Лахш, ки аз ҳудуди деҳаи Меҳргони ҷамоати деҳоти А.Абдулвасиев мегузарад, қисман фурӯ рехтан. Дар айни замон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ин минтақа ҳаракати нақлиёт якҷониба таъмин карда шудааст. Ҳамчунин сел 200 метр соҳили дарёи Шӯракро шуста, пули деҳаи Шури Поёни ҷамоати деҳоти ба номи Қ.Исмоиловро вайрон кард.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати бартараф ва барқарорсозии манотиқи зарардида тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Минтақаҳои осебдида таҳти назорати доимии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр қарор доранд. Бар асари омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

18 майи соли 2024, соати 00:10 дар деҳаи Кӯфоби ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ бар асари боришоти шадид  сел  роҳи мошингарди Шоҳин-Дарвозро баст. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.  Талафоти ҷониву хисороти дигар нест.

18 майи соли 2024, соати 03:00 дар километри 140-уми шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ляхш, ки аз ҳудуди деҳаи Сариқоши ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод мегузарад, сел омад, ки дар айни замон роҳ барои ҳаракати мошинҳо баста мебошад. Боришоти пай дар пай роҳандозии корҳои бартарафсозии паёмадҳои офатро душвор мекунанд.  

КҲФ ёдовар мешавад, ки хатари сел, ярч, сангрезӣ ва баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) ҷорӣ мешаванд, то 22 майи соли 2024 боқӣ мемонад.

Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо беш аз ҳар вақти дгар эҳтиёткор бошанд, ба тавсияҳои иодраву вазоратҳои дахлдор гӯш диҳанд. 

Бино ба маълумоти ҳавошиносон,  аз 17 то 22 майи соли 2024 дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон хатари омадани селҳо, резиши сангу ярч боқӣ мемонад.

18 майи соли 2024 дар баъзе ноҳияҳи тобеъи ҷумҳурӣ: шаҳри Душанбе (Лучоб, Худҷамбиё, Чорбоғ, Фурудгоҳ, километри 9-ум), шаҳр ва ноҳияҳо (Норак, Роғун, Ваҳдат – махусусан Симиганҷ, Ромит, Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Қаратоғ), шарҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ёвон, Хуросон, А.Ҷомӣ, Восеъ, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Кӯлоб, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Даштиҷум), шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд (Пенҷекент, Айнӣ, Масчои Кӯҳӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич), ҳамчунин ғарби ВМКБ (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Хоруғ) хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.

Ҳамчунин дар ин рӯз дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ раъду барқ ва боридани жола дар назар дошта шудааст. Щарорати р=зонаи щаво аз 7 то 9 дараыа поён меравад.

Рӯзҳои 17-22 майи соли 2024 болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои  Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) пешбинӣ мешавад.   

Дар робита ба ин, Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво бори дигар ба идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.

Аз волидон хоҳиш карда мешавад фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд.

Сокинон аз қабл бояд каналу ҷӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна сангу регу хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел роҳи гузар дошта бошад ва  ба ҳавливу қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ворид нашавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button