ВидеоДин ва боварҳоТоҷикистонҶомеа

“3500 СОМОНӢ ҶАРИМА!” ОҒОЗИ РЕЙДҲОИ ГУСТАРДА БА ЗИДДИ ҲИҶОБУ РИШ ДАР ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Бино ба хабарҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон мерасанд, дар кишвар рейдҳои густарда ба зидди занону духтарони ҳиҷобпӯш ва мардони ришдор оғоз ёфтааст.

Дар бархе аз муассисаҳо, аз ҷумла дар бозорҳо, фурӯшгоҳҳо ва бемористонҳо гуруҳҳои махсус ташкил шудаанд, ки дар даромадгоҳ истода, аз занону духтарони ҳиҷобпӯш талаб мекунанд, ки аввал рӯймоли худро ба қавле “тоҷикӣ”, яъне ба пушт бибанданд ва баъд бидароянд.

Ҳамин тавр, дар бораи дар кӯчаҳо ва дар масҷидҳо боздошт кардани ҷавонони ришдор хабарҳо ба даст мерасанд.

Як тоҷири бозори “Корвон” хабар дод, ки ба онҳо барои фурӯхтани ҳатто ҷойнамозу тасбеҳҳои дар дасташон боқимонда 10 рӯз фурсат додаанд ва гуфтаанд, ки баъдан фурӯши ҷойнамоз низ дар баробари ҳиҷобу дигар либоси мазҳабӣ манъ карда мешавад ва касе, ки ин талабро риоя накунад, дӯконашро аз дасташ хоҳанд гирифт.

Рӯзи 16 майи соли 2024 дар Интернет сабти видеоии як рейди зидди ҳиҷоб нашр шуд, ки мавҷи вокунишҳои аксаран манфиро ба бор овард.

Дар ин видео чунин як рейд дар даромадгоҳи як шифохона (поликлиника) сабт шудааст. Дар видео дида мешавад, ки як марди масъул ва чанд зан, ки зоҳиран аз байни ҳамшираҳои шафқат барои ин кор сафарбар карда шудаанд, занону духтарони ҳиҷобпӯшро маҷбур мекунанд, ки аввал рӯймоли сари худро “тоҷикона”, яъне ба қафо бубанданд ва ба шакле, ки рӯю гардан ва қисми пеши мӯи сарашон бинамояд. Як марде, ки зоҳиран масъули рейд ба назар мерасад, ба як зан, ки намехоҳад ҳиҷобашро аз сараш бигиранд, “мефаҳмонад”, ки агар сураташро бигираду ба мақомот бифиристад, 3500 сомонӣ ҷаримааш мебанданд. Яке аз занҳои масъул низ тасдиқ мекунад, ки барои пӯшидани ҳиҷоб 3500 сомонӣ ҷарима ҷорӣ кардаанд.

Ӯ аввал як духтар ва сипас он зани саркашро водор мекунад, ки ҳиҷобашонро “тоҷикӣ” банданд ва танҳо баъди ин иҷозати ба шифохона даромаданашон медиҳад ва боз як духтари дигари дар сараш ҳиҷобро, ки мехост ба бино ворид шавад, ба назди мизашон даъват мекунад.

Мақомот то кунун ин рейдҳоро шарҳ надодаанд, вале ин ҳама дар ҳолест, ки Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 8 майи соли 2024 ба қонуни танзиму ҷашну маросим чанд тағйиру илова ворид кард, ки бар асоси онҳо, дар ҷумҳурӣ аз ҷумла тамоми маъракаҳои марбут ба сафари Ҳаҷ ва Умра дар доираи оила маҳдуд карда шуда, идгардаки кӯдакон, истифодаи беш аз 4 мошин барои гусели арӯс ба хонаи домод ва воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои “ба фарҳанги миллӣ бегона”, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо дар Тоҷикистон манъ карда мешавад. Зери мафҳуми “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” мақомоти Тоҷикистон дар асл ҳиҷоб ва дигар либоси динии занонаро дар назар доранд.

Аммо ин тағйирот ба қонуни танзими расму ойин ҳанӯз аз тарафи президент имзову дар расонаҳои расмӣ нашр нашудааст ва ба ин далел, манъи ҳиҷоб ҳанӯз қувваи қонун нагирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button