МАРГИ ПАДАР ВА ДУ ФАРЗАНДАШ ДАР ЯК САДАМАИ САХТ ДАР ДЕҲАИ МАРҲАМАТИ НОҲИЯИ АШТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз 3 садамаи марговар хабар дод, ки рӯзҳои 14 ва 15 майи соли 2024 рух додаанд. Аз ҷумла дар як садама дар ноҳияи Ашт падар ҳамроҳи ду фарзандаш ҷон додаанд.
Бино ба иттилои ВКД, 14-уми майи соли 2024, тахминан соати 16:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Мирзоалиев Сарбоз Ҳаётҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Дӯстӣ ба самти ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар ҳудуди деҳаи Марҳамати ҳамин ноҳия ба самти муқобил роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2115», таҳти идораи Ҷуманов Давлатҷон Алимбоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи «ВАЗ-2115», Ҷуманов Д.А. ва фарзанди ноболиғаш Ҷуманов Сироҷиддин Давлатҷонович, соли таваллудаш 2009, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Фарзанди дигари ноболиғи ронанда Ҷуманов Мусурмон Давлатҷонович, соли таваллудаш 2006, бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, ронандаи «Мерседес-Бенс» Мирзоалиев С. ва мусофиронаш Эшматова Ҳурматой Маҳкамовна, соли таваллудаш 1956, Қурбонова Мавлуда Маҳкамовна, соли таваллудаш 1971 ва хурдсол Абдурауфзода Шаҳромбек, соли таваллудаш 2022, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Ҳамин тавр, шоми 14-уми майи соли 2024, тахминан соатҳои 20:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҷабов Ислом Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомабилгарди маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Тоҷов Қудбудин Баҳриддинович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарон Тоҷов Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Субҳи 15-уми майи соли 2024, тахминан соати 07:00, Латифов Исмоил Довудович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи М.С.Ҳамадонӣ, ҳангоми автомашинаи шахсиаш тамғаи “МАЗДА”-ро аз дохили манзили истиқоматиаш баровардан ба тарафи чапи роҳи автомобилгарди кӯчаашон ҳаракат карда, ноболиғ Абдуллозода Муҳаммад Меҳрубон, соли таваллудаш 2019, сокини ноҳияи мазкурро бо қисмати пеши автомашинааш пахш намудааст.Дар натиҷа, ноболиғ Абдуллозода М.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.
Моҳи майи соли ҷорӣ бо селу боришоташ барои Тоҷикистон дар умум моҳи вазнину пурофат омад. Аз аввали моҳи май дар ин кишвар алакай қариб 40 нафар қурбони ҳодисаҳои нохуш шудаанд. Наздики 30 нафари онҳо бар асари садамаҳои нақлиётӣ ва беш аз 10 нафари дигар бар асари офатҳои табие, чун селу обхезӣ ҷон додаанд ваё дар об ғарқ шуданд. Ҳамчунин дасти кам 3 нафар ҳангоми чукричинӣ аз кӯҳ афтода, ба ҳалокат расидаанд.

