Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 майи соли 2024 дар Қасри миллат дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин (Хитой) Ван И, ки дар идомаи силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ ба Душанбе омада буд, Хитойро яке аз шарикони бузурги Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ номида, гуфтааст, ҳаҷми умумии сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар воқеъ, омор баёнгари он аст, ки ягон кишвари дигар ё созмони молиявӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар ин муддат ҳатто баробари нисфи Хитой маблағузорӣ накардааст.
Ҳоло аксари лоиҳаҳои бузург дар Тоҷикистон – аз сохтмону тармими роҳҳову пулҳову нақбҳо то истихроҷи маъданҳо аз конҳои ин кишвар ва ҳатто сохтмони биноҳои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон – асосан аз тарафи Хитой маблағгузорӣ гардида ва бо дасти ширкатҳои Хитой сохта мешаванд. Ва ҳарчанд ҳудудан нисфи ин маблағҳо ба Душанбе ба шакли кумаки билоиваз (грант) дода шудаанд, нисфи дигараш қарз аст, ки ягон рӯз бояд бо фоизҳояш баргардонд.
Қаблан хабар расида буд, ки раҳбари идораи сиёсати хориҷии Хитой Ван бо мақсади баррасии масоили марбут ба ҳамкориҳо ва омода кардани замина барои силсилсафари раҳбари аввали ин кишвар Си Ҷинпин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин минтақа сафар кардааст.
Дар гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар бораи сафари қарибулвуқӯи Си Ҷинпин чизе гуфта нашудааст. Бино ба ин манбаъ, дар рафти вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Ван И вазъи кунунии ҳамкории ду кишвар ва масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд ва президенти Тоҷикистон бо изҳори қаноатмандӣ аз “тамоюли афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷонибаи ду кишвар” иброз доштааст, ки “мо ҷонибдори идомаи тақвияту густариши чунин анъанаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои бунёдии мардумони ду кишвар ҳастем”.
Раҳмон ва Ван И густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ муҳокима карда, дар ин зимн, алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба роҳандозии ҳамкории фаъол бо Чин оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба “иқтисоди сабз”, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва истеҳсолот дар Тоҷикистон бо истифода аз “технологияҳои сабз”-ро таъкид кардааст.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва амният, пеш аз ҳама дар масъалаҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро баррасӣ карда, ба аҳаммияти идомаи ҳамкории минбаъда ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои глобалии ҳамдигарӣ таъкид кардаанд. Гуфта мешавад, зимни баррасии масоили мубрами ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва “Осиёи Марказӣ + Чин” зоҳир гардидааст.
Хитой кайҳо боз ба як сармоягузори асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Бино ба иттилооти дарёфтӣ, аз зиёда аз 3 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон тақрибан нисфаш, яъне ҳудуди якуним миллиард доллараш қарзҳои Хитой аст. Қарзи Қирғизистон аз Пекин дар давру бари 1,8 миллиард доллар рақам зада шуда, қарзи Ӯзбекистон аз Хитой алакай аз 4 миллиард доллар гузаштааст ва Қазоқистон, бузургтарин иқтисоди минтақа низ аз ин “аждаҳои Осиё” алакай беш аз 10 миллиард доллар қарздор шудааст. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Туркманистон соли 2021 эълон карда буд, ки тамоми қарзҳои Хитойро баргардондааст.
Бисёре аз коршиносон бар инанд, ки Русия дар ботлоқи ҷанги бемаънӣ ба зидди Украина сахт ва барои муддати тӯлонӣ фурӯ рафта, хеле заиф шудааст ва дигар пеши роҳи густариши боз ҳам бештари нуфуз ва ҷои пои Хитойро дар Осиёи Марказӣ гирифта наметавонад. Ин дар ҳолест ки Русия аз миёнаҳои асри 19 Осиёи Марказиро қаламрави нуфузи истисноии худ мешумурд ва ба ҳар навъ талоши дар ин паҳно ҷои по ҷустани давлатҳои дигар рашку ҳассосият нишон медод ва мамониат мекард. Русия ҳатто баъди фурӯпошии СССР низ ин қаламравро минтақаи нуфузи таърихии худ медонист ва бо касе онро тақсим карданӣ набуд. Маскав ба кӯшиши бозигарони дигар барои роҳ ёфтан ба Осиёи Марказӣ муқовимат нишон медод, вале Хитой дар ин байн тавонист бо истифода аз ихтилофоти байни Русияву Ғарб барои вуруд ба ин майдон имкон биёбад ва дар як муддати кӯтоҳ бо фурӯ рехтани сели беисти қарзу сармоя кишварҳои Осиёи Марказиро дар чоҳи қарзҳои худ андохта, аз лиҳози иқтисодӣ ба худ мутеъ кунад.
Мақомоти Тоҷикистон қарзу сармоягузориҳои Хитойро барои таъмини рушди иқтисоди ҷумҳурӣ муҳим шумурда, аз он истиқбол мекунанд. Як мақоми баландпоя дар Душанбе ҳатто аз Пекин тавсиф карда буд, ки ба фарқ аз Бонки ҷаҳонӣ ё Сандуқи байналмилалии пул барои дарёфти қарзҳояш шартҳои вазнин намегузорад. Вале коршиносон қарзҳои Хитойро “истеъморӣ” мешуморанд ва аз он бим доранд, ки агар фардо кишварҳои Осиёи Марказӣ ин қарзҳоро баргардонда натавонанд, маҷбур мешаванд, бахше аз истиқлолияти худ ё ҳатто қисме аз қаламравашонро дар ихтиёри ин “аждаҳои Осиё” бигузоранд.