ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

БОЗГАШТ БА ДАВРОНИ ФЕОДАЛӢ: ХАРИДУФУРӮШИ САРБОЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: Asia-Plus

Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд. Маблағи ҷамъшуда ба оилаи сарбози ба артишрафта дода мешавад ё барои “харидории сарбоз” аз ноҳияи дигар сарф мегардад.

Дар бархе шаҳру навоҳии вилояти Суғд шеваи нави халосӣ аз хидмати ҳарбӣ ривоҷ ёфтааст: волидони ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ маблағ ҷамъ намуда, ба нафаре медиҳанд, то ба ҷойи писарашон хидмати ҳарбиро адо кунад.

Дар ҳолати якум, маблағи ҷамъшуда ба оилае дода мешавад, ки писараш “ихтиёрӣ” ба хидмат меравад. Бо ин роҳ маҳалла ё ҷамоат гӯё нақшаро иҷро ва қарзашро назди комиссариати ҳарбӣ адо мекунад.

Дар ҳолати дигар, бар ивази маблағи ҷамъшуда кормандони комиссариати ҳарбӣ ҷавонеро аз дигар ҷамоат ё ноҳия аз номи ҷамоати пулҷамъкарда ба артиш мефиристанд. Ва ин роҳ низ маҳалла ё волидонро аз гусели фарзандонашон ба артиш озод мекунад.

Мақомот, ки мушкилоти даъват ба хидматро ҳеҷ гоҳ эътироф намекунанд, ин бор ҳам мавҷуд будани ин “шеваи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ”-ро тасдиқ ва ё рад накарданд, вале ҳуқуқшиносон мегӯянд, ин баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ буда, ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад.

“Барои фарзанди муҳоҷирам 1 ҳазор сомонӣ додам”

Сокини як ҷамоати шаҳри Исфара ба шарти зикр нашудани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, дар ҷамоатҳои ноҳия ин таҷриба чандин сол аст, ки истифода мешавад.

“Масалан, дар маҳаллаи мо чанд соли охир хонаводаҳое, ки фарзанди синни даъватӣ доранд, бо сарварии раиси маҳалла маблағи муайян ҷамъоварӣ мекунанд. Маблағро ба оилаи ҷавоне ё ҷавононе медиҳанд, ки ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ мераванд ва ба қавле “нақшаи маҳалларо” иҷро мекунанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин кор мақомот ҳеҷ дахле надоранд ва ҳаҷми маблағу ба кадом оила доданро худи сокинон муайян мекунанд.

Маъракаи гусел ба хидмати ҳарбӣ

Акс аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон


“Роҳи дигар ҳам ҳаст. Волидон маблағ ҷамъоварӣ мекунанд ва ба корманди комиссияи даъват ё комиссариати ҳарбӣ медиҳанд. Ба ивази ин маблағ кормандони комиссариат ҷавонеро аз ҷамоат ё ноҳияи дигар аз номи ҷамоати пулҷамъкарда ба хидматӣ ҳарбӣ мефиристанд. Дақиқ намедонам, ба оила ё худи он сарбоз маблағе дода мешавад ё не, аммо нархи як сарбоз тақрибан 20-30 ҳазор сомонӣ аст”, – зикр кард ҳамсуҳбати мо.

Маълум нест, ки дар ин “маърака” чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ мешавад ва чандсомониву ба чанд оилаи фарзандашон ба хидматрафта дастрас мегардад.

Аммо чанд ҷамоати шаҳри Исфара аз ҷумла, Чоркӯҳ, Ворух, Лаккон, Чилгазӣ дар рӯзи аввали оғози даъвати баҳории имсола, 1-уми апрел, аз 100 дарсад иҷро кардани нақшаи даъват хабар дода буданд.

Маблағҷамъкунӣ барои “сарбозхарӣ” аз ноҳияҳои ҳамсоя

Шеваи дигари ин роҳ дар ноҳияи Айнӣ истифода мешавад: дар ин ноҳия аз хонаводаҳое, ки писарони аз 18 то 27-сола доранд, маблағ ҷамъоварӣ мешавад ва он барои “харидани сарбозон аз ноҳияҳои ҳамсоя” сарф мегардад. Ин хабарро чанд сокини ин ноҳия ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи яке аз сокинони ин ноҳия, ҳоло ин маблағро кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия ба воситаи раисони ҷамоатҳо ҷамъоварӣ карда истодаанд.

“Бародари ман дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия аст. Кормандони комиссариати ҳарбӣ ба мо ду шарт пеш гузоштаанд: ё ӯ ба ватан баргашта ва ба хидмати ҳарбӣ меравад ва ё “ҳаққаш”-ро бояд супорем, то онҳо аз дигар шаҳру ноҳияҳо сарбоз “харанд”. Бародарам имкони омадан надорад ва ҳоло ман маҷбурам, ки аққалан 500 сомонӣ ба онҳо диҳам”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ӯ мегӯяд, интизири пул фиристодани бародараш аст, то ин маблағро пардохт кунад.


“Касе шикоят накардааст”

Аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” вуҷуди ин “шеваи ҷалби ҷавонон ба хитмати ҳарбӣ”-ро тасдиқ ё рад накарданд, вале гуфтанд, ки дар ин робита ба вазорат шикоят ворид нашудааст.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиа гуфт, дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хидматчиёни ҳарбӣ зикр мешавад, ки ҳукумати шаҳру ноҳияҳо барои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ масъуланд ва бояд бо Коммиссияи даъват ҳамкорӣ кунанд.

“Дар асоси фармон раиси шаҳр ё ноҳия ва ё яке аз муовинонаш аъзои Коммиссияи даъват мешавад ва дар ин маърака саҳмгузорӣ мекунанд. Аммо Коммиссияи даъват барои ҷалби ҷавонон ва фиристодани онҳо ба хидмати ватан машғул мешаванд, на маблағҷамъкунӣ”, – гуфт Маҳмадализода.

Ӯ афзуд, “шояд ин шоеот ҳам бошад ва кадом нафаре бо мақсади ғаразнок мехоҳад Вазорати мудофиаро бадном созад, зеро то ба ҳол дар ин маврид ба вазорат шикоят ворид нашудааст”.

Сухангӯи Вазорати мудофиа гуфт, дар сурати ҷой доштани чунин кирдор шаҳрвандон метавонанд ба мақомоти масъули маҳалли зист ё Вазорати мудофиа муроҷиат кунанд, то масъала ҳалли худро ёбад.

Назари раисони Коммиссияи даъват дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Айнӣ дастрас нест ва аз ҳукуматҳои мазкур ба зангҳои мо касе ҷавоб надод. Дар сурати дастрас шудани назари раисони Коммиссияҳои даъват дар Исфара ва Айнӣ мо ҳозирем, ки онро нашр кунем.

“Ин баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабдор аст”

Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи сарбозони тоҷик ва роҳбари “Дафтари озодиҳои шаҳрвадӣ” мегӯяд, даъват ба хидмати сарбозӣ бояд танҳо дар асоси қонунгузории амалкунанда сурат гирад.

“Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” муайян ва мушаххас кардааст кадом чорабинӣ кай ва аз ҷониби кӣ гузаронида мешавад. Масъулин танҳо дар доираи он бояд амал кунанд”, – гуфт Самадова дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Тибқи муқарррароти қонуни мазкур, дар асоси фармони президент Комиссияи даъват ташкил мешавад ва аз рӯзи аввали даъват ба кори худ шурӯъ менамоянд. Ба ҷавон даъватнома расонида мешавад ва ҷавони синни хидматӣ бояд ба коммисариати ҳарбӣ ҳозир шавад, аз муоинаи тиббӣ ва коммиссияи даъват гузарад.

“Роҳи дигари даъват ва ё ҳавасмандгаронӣ дар қонунгузории кишвар дарҷ нагардидааст ва ҳамаи он баромадан аз ҳадди ваколатҳо маҳсуб шуда, ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Дилрабо Самадова, масъулин дар таҷриба ба даъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ, шиносномаи хориҷӣ, қитъаи замин, ёрдампулиҳои давлатӣ ё ҷои кор ваъда медиҳанд, вале ҳеҷ кадоми он дар қонунгузорӣ зикр нагардидааст.

Ҳамин тавр, бо мақсади ҳавасмандкунӣ аз волидон ҷамъоварии маблағ низ ғайриқонунӣ дониста мешавад ва шаҳрвандон ҳақ доранд, ки онро напардозанд ва ба мақомоти масъул шикоят баранд.

Гусели ҷавонони Суғд ба аскарӣ, ш. Хуҷанд, 3 апрели 2020 с.

Акс аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд


Мақомоти масъул мушкилиро эътироф намекунанд

Мақомоти тоҷик ҳеҷ гоҳ вуҷуди мушкил дар даъват ба артишро эътироф накардаанд ва мегӯянд, ки “ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад: аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон дар ду навбат – баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми апрел даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button