ҲАЛОКАТИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ЭРОН БАР АСАРИ СУҚУТИ ЧАРХБОЛ

Наҷотбахшони эронӣ хабар доданд, ки мутаассифона, бар асари суқути чархболе, ки раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ ва вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломӣ Ҳусайн Амирабдуллоҳиён савори он буданд, касе зинда намондааст. Раҳбари созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон Пирҳусайн Куливанд субҳи 20 майи соли 2024 дар телевизиони давлатӣ гуфт, наҷотбахшон дар маҳалли суқуқти ҳавопаймо касеро зинда пайдо накарданд.
Дар ин ҳавопаймо президенти Эрон Иброҳим Раисӣ, вазири хориҷа Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, волии устони Озарбойҷони шарқӣ Малик Раҳматӣ ва оятуллои устони Табрез Алӣ Ҳошим савор буданд.Телевизиони давлатии Эрон обу ҳавои бадро сабаби садама номид. Чархболи президент асри 19 май дар наздикии марзи Эрону Озарбойҷон дар як ҷангалзор дар як минтақаи тақрибан дастнораси кӯҳистонӣ дар наздикии шаҳри Ҷулфо, ки дар рӯбарӯи шаҳраки ҳамноми Ҷулфои Озарбойҷон ҷойгир шудааст, суқут кард. Тумани ғафс ва дар натиҷаи садама аз кор мондани дастгоҳҳои мухобиротӣ ҷустуҷӯи чархбол ва сарнишинҳояшро мушкил сохта буд.
Ҳайъати расмии Эрон дар се чархбол аз устони Озарбойҷони шарқии Эрон ба Табрез бармегашт. Раисӣ субҳи 19 май ҳамроҳи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи садди оби “Қизилқалъасӣ” (“Қалъаи духтар”) дар рӯди марзии Аракс иштирок дошт. Ду чархболи дигар бидуни осебе ба фурудгоҳи Табрез расиданд. Дар ин чархболҳо чанд мақоми баландпоя, аз ҷумла вазири энергетика Алиакбар Меҳробиён ва вазири роҳи Эрон Меҳрдод Базрпош савор буданд.
Иброҳим Раисӣ 63 сол дошт. Ӯ дар пайи пирӯзӣ дар интихоботи президентии соли 2021 ба мақоми раисиҷумҳури Эрон расид. Раисӣ қаблан раҳбарии қувваи қазоияро дар даст дошт.

Муҳаммад Мухбир
Бар асоси қонунгузории Эрон, дар сурати марги раисиҷумҳур салоҳиятҳои ӯ ба ноиби аввалаш интиқол дода мешаванд. Ҳоло ноиби аввали раисиҷумҳури Эрон Муҳаммад Мухбири Дизфулӣ аст. Ӯ 69 сол дошта, соли 1955 дар шаҳри Дизфули устони Хузистон дар ғарби Эрон ба дунё омадааст ва дар гузашта дар солҳои ҷанги Эрону Ироқ дар қисми тиббии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ хидмат кардааст. Муҳаммад Мухбир қаблан барои нақшаш дар барномаи ҳастаии Эрон таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор гирифта буд. Ӯ ҳамчунин узви ҳайъате буд, ки соли 2022 ба Маскав омада, қарордоди фурӯши дронҳои эрониро бо Русия имзо кард.
Бар асоси қонунгузории Эрон, акнун як шӯрои иборат аз ноиби аввали раисиҷумҳур, раиси парлумон ва раҳбари қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломӣ бояд дар зарфи 50 рӯзи оянда санаи интихоботи ҷадиди президентиро муқаррар кунанд.
Эрон соҳиби чархболҳои зиёд аст, вале таҳримоти байналмилалӣ хидматрасонӣ ва тармими онҳоро мушкил кардааст. Флоти ҳавоии Эрон асосан аз даврони то инқилоби исломии соли 1979 ба мерос мондааст ва аксаран аз ҳавопаймоҳову чархболҳои хеле кӯҳнаву фартут иборат аст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 май дар як барқияи таслият ба ноиби аввали раисиҷумҳури Эрон Муҳаммад Мухбир ҳалокати Иброҳим Раисиро “мусибати гарон” номид.
Дар ин барқия чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари фоҷеавии даргузашти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бар асари суқути чархбол боиси андуҳи амиқи мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.
Мо ба шахсияти арбоби барҷастаи давлатӣ Сайидиброҳим Раисӣ арҷ мегузорем ва нақши ӯро дар густаришу таъмиқи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Эрон ва ҳалли масоили умдаи минтақавию байналмилалӣ қадр мекунем.
Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсту бародари Эрон, пайвандону наздикони шаҳидшудагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро изҳор намуда, аз Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонам.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем».