ТАВАЛЛУДИ ФАРЗАНДИ НАХУСТИНИ ТАМАННО ДАР ДОХИЛИ МОШИНИ “ОЛУЧА ТАКСИ”
Муаллиф: Манзума Фирӯз, Asia-Plus
Дар Душанбе як ҷавонзан фарзанди нахустини худро дар “Олуча Такси” ба дунё овард. Акнун ӯ ва фарзандаш ба сертификати солонаи равуои бепул дар “Олуча Такси” соҳиб шуданд.
Рӯзи 10 майи соли 2024 як сокини пойтахт Таманно Ҷамиловаи 22-сола бар асари боришоти шадид ва роҳбандӣ натавонистааст сари вақт ба таваллудхона биравад.
Сафармоҳ Саидова, модари Таманно ба «Азия-Плюс» нақл кард, ки ҳоло духтару наберааш худро хуб ҳис мекунанд ва рӯзҳои наздик аз бемористон ҷавоб дода хоҳанд шуд.
Ӯ нақл кард, ки вақте духтарашро дарди фарзанд гирифт, ба ширкати “Олуча Такси” занг зада, мошин фармоиш додааст ва аз оператор хостааст, ки ҳарчи зудтар мошин фиристанд.
“Ҳеҷ гоҳ чунин боришотро надида будам, бо вуҷуди ин, ронандаи такси кӯшиш мекард, ки тезтар ҳаракат кунад, вале бар асари танбашавиҳо мо то таваллудхона нарасидем. Ман ва хушдомани духтарам ӯро ором намуда, хоҳиш кардем, ки боз каме сабр кунад, лекин вақте ки назди ОВИР омадем, ӯ таваллуд кард”, – ҳикоя кард Сафармоҳ.
Ба гуфтаи модари духтар, онҳо аз ронанда хостаанд, ки мошинро нигоҳ дошта, ба берун барояд.
“Мо саросема шудем ва нофи тифлро бурида натавонистем, аз ин рӯ, боз ронандаро даъват карда, то таваллудхона расидем. Дар он ҷо табибон нофро бурида, онҳоро ба дохил бурданд”, – мегӯяд Саидова.
Шавҳари Таманно дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштааст.
“Ман бори сеюм бобо шудам”
Ронандаи таксии ширкати “Олуча Такси” Шуҳрат Валиев дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки зиёда аз 10 сол боз такси меронад ва бори аввал бо чунин ҳодиса дучор шудааст.
“Акнун бори сеюм бобо шудам. Худам ду набера дорам”, – илова кард ӯ.
Шуҳрат нақл кард, ки дар он рӯзи боронӣ мусофиронро аз маҳаллаи “Автодром” гирифта, ба самти таваллудхона равон шудааст.
“Вазъи духтар бад шуд ва ман қарор додам, ки бе таваққуф ҳаракат кунам, лекин бар асари боришоти зиёд, дар роҳ танбашавӣ ба вуҷуд омад ва аз он гузаштан ғайриимкон буд. Мо то ОВИР омада, таваққуф кардем, зеро духтар ба занҳои ҳамроҳаш хабар дод, ки “ба фикрам, ман аллакай таваллуд кардам”. Ман мошинро боздошта, ба берун баромадам ва вақте ки ҳамааш ба охир расид, занон аз ман барои буридани нофи тифл ёрӣ хостанд, аммо ман гуфтам, ки биёед, беҳтараш то таваллудхона меравем”, – нақл кард таксирон.
“Олуча Такси” дар маросими рухсати модару тифл иштирок мекунад
Ширкати “Олуча такси” хабари дар такси ба дунё омадани тифл ва шоҳиди ин ҳодиса будани ронандаашонро тасдиқ кард. Дар ширкат изҳор доштанд, ки дар маросими рухсати модару тифл аз таваллудхона ҳамроҳи ин ронанда иштирок хоҳанд кард.
“Ба модару тифли навзод туҳфаҳо тақдим мешаванд, аз ҷумла гувоҳнома (сертификат)-и солонаи равуои бепул дар таскии ширкати “Олуча Такси”, – зикр карданд дар ширкат.
Дар ширкат ҳамчунин гуфтанд, ки корманди худро низ дастгирӣ ва ҳавасманд хоҳанд кард.
Манбаъ: “Азия Плюс”