БЕТАРТИБИҲОИ ОММАВӢ ВА ЛАТТУКӮБИ ДАҲҲО ДОНИШҶӮИ ХОРИҶӢ ДАР БИШКЕК (ВИДЕО)
Шаби 17 ба 18 майи соли 2024 дар посух ба як занозании 4 рӯз қабл байни ҷавонони маҳаллӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ дар яке аз хобгоҳҳои Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон, як издиҳоми иборат аз ҷавонони маҳаллӣ ба хобгоҳҳои ин донишгоҳ дар канораҳои шарқии шаҳри Бишкек ҳамла оварда, донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои Миср, Бангладеш, Покистон ва Ҳиндустонро бераҳмона латтукӯб карданд ва ҳуҷраҳояшонро ғорат карданд.
Дар пайи ин издиҳоми ошӯбгарон дар буриши кӯчаи Қурмонҷон Додхоҳ ва хиёбони Чуй ҷамъ шуда, то субҳ тазоҳурот карданд. Онҳо аз зиёд шудани муҳоҷирон дар Қирғизистон шикоят карда, аз мақомот тақозо карданд, ки ҳодисаи занозании рӯзи 13 майро одилона таҳқиқ кунанд ва пеши роҳи афзоиши муҳоҷиратро бигиранд.
Ба назди тазоҳургарон сардори милитсияи Бишкек Азамат Токтоналиев омад ва барои таскин додани издиҳом хабар дод, ки дар робита ба ҳодисаи 13 май се нафар дастгир шудаанд, ки ҳарсеяш хориҷианд ва шаҳрвандони худи Қирғизистонро танҳо ҳамчун шоҳид ба милитсия даъват кардаанд. Ӯ аз мардум хост, ба овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд ва хона ба хона раванд. Аммо издиҳом ба ин даъват гӯш надод ва то соати панҷи субҳи 18 май дар он майдон монд.
Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки дар ҷараёни бетартибиҳои шабона 29 донишҷӯи хориҷӣ осеб дидаанд, вале аксари онҳоро баъди расондани кумаки тиббӣ ҷавоб додаанд. Суби 18 май дар бемористон танҳо ду ҷабрдида боқӣ мондааст, ки аз ноҳияи мағзу косахонаи сар осеб дидаанд. Бар илова, ҷоғи як донишҷӯ аз Покистонро шикастаанд ва ҳоло ӯро барои ҷарроҳӣ омода мекунанд.
Сабаби бетартибиҳо занозание шуд, ки ҳанӯз рӯзи 13 май рух дода буд. Маълум нест, ки оё ҷавонони қирғиз ба духтарони донишҷӯ аз Миср гап партофтаанд ваё баракс ҷавонони мисрӣ ба духтарони қирғиз гап партофтаанд, вале нофаҳмӣ дар ҳамин замина боис шудааст, ки ҷавонони қирғизу мисрӣ аз гиребони ҳамдигар бигиранд ва мисриҳо гӯё қирғизҳоро латтукӯб кардаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, 3 нафарро ба ҳабс гирифтанд. Милитсияи Бишкек мегӯяд, ҳарсе дастгиршуда хориҷиҳоянд.
Ин занозанӣ зоҳиран фаромӯш шуду рафт, вале субҳи 17 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латтукӯби ҷавонони маҳаллӣ аз тарафи донишҷӯёни мисриро нашр кард ва даъватҳо баланд шуд, ки мардум бояд ҷамъ шаванд ва “адаби хориҷиҳоро бидиҳанд”.
Бетартибиҳо дар Бишкек ташвиши кишварҳоеро, ки донишҷӯёнашон дар ин ҳодиса осеб диданд, барангехтааст. Сафорати Ҳиндустон дар Бишкек аз ҳамаи шаҳрвандони Ҳинд дар пойтахти Қирғизистон хост, ки бидуни зарурат ба кӯча набароянд ва дар хонаҳояшон бимонанд.
“Мо бо донишҷӯёнамон дар тамос ҳастем. Дар ҳоли ҳозир вазъ ором аст, вале ба донишҷӯён машварат дода мешавад, ки дар хона бимоннад ва дар сурати пеш омадани ягон мушкил ба сафорат муроҷиат кунанд “, – изҳор доштааст сафорати Ҳинд.
Сафорати Покистон дар Қирғизистон низ аз донишҷӯёни покистонӣ хостааст, ки то комилан ором шудани вазъ ба кӯча набароянд.
Ҳодисаи Бишкекро вазири хориҷаи Покистон Исҳоқ Дор низ шарҳ дод. Ӯ гуфт: “Хабарҳо дар бораи ҳамлаи издиҳом ба донишҷӯён дар Қирғизистон нигаронии хеле ҷиддиро ба бор овардаанд, Мо бо мақомоти Қирғизистон дар тамос шудаем, то ки донишҷӯёни покистониро ҳимоят кункм. Ман ба сафирамон дар Қирғизистон супориш додам, ки дар ин амр ба онҳо ҳамаҷониба мусоидат кунад “, – изҳор дошт Исҳок Дор. Сафорати Покистон дар Бишкек қаблан хабар дода буд, ки дар ҷараёни ҳамлаи издиҳом 14 донишҷӯи покистонӣ осеб дидаанд.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистион Қамчибек Тошиев рӯзи 18 май дар як изҳороти видеоӣ аз бархе талабҳои гирдиҳамомадагон, ба вижа дар робита ба масъалаи зиёд шудани шумораи муҳоҷирони хориҷӣ дар кишвар пуштибонӣ кард ва аз номи ҳукумат ваъда дод, ки дар ин масъала чораҳо андешида хоҳанд шуд.