Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

КӢ БОЯД РОҲ МЕДОД? БОЗДОШТИ ДУ РОНАНДА ДАР ПАЙИ МУНОҚИША ДАР БАЙНИ РОҲ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 18 майи соли 2024 аз боздошти ду ронанда дар пайи муноқишаашон дар байни роҳ хабар дод.

Бино ба гузориши маркази матбуоти РВКД Душанбе, аз ҷониби кормандони милитсия пойтахт барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрванд Пиров Раҳматуло Нуралиевич, санаи таваллудаш 29.03.2000, сокини ноҳияи Рӯдакӣ – ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай», рақамҳои қайди давлатиаш 24 20 МР 01 ва шаҳрванд Қадамов Фирӯз Тағоймуродович, санаи таваллудаш 08.08.1991, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ – ронандаи мошини тамғаи “Мерседес”, рақамҳои қайди давлатиаш 25 82 ТТ 09 дастгир карда шуданд.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои милитсия, Пиров ва Қадамов “санаи 17-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 14:30, дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ дар назди бинои «Шарқи озод» (ГЖК), зимни идораи воситаҳои нақлиёт ба якдигар монеа эҷод карда, боиси халалдор гаштани ҳаракати воситаҳои нақлиёти якдигар шудаанд. Дар натиҷа, мушкилоти ночизеро бо ҳамдигарфаҳмӣ ҳал карда натавониста, воситаҳои нақлиётро дар байни роҳи мошингард таваққуф намуда, бо ҳамдигар муноқиша кардаанд. Ҳар ду бо ин амали худ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии дигар воситаҳои нақлиёт гардидаанд.

Навори муноқишаи ин ду ронандадар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён овардааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Қадамов Фирӯз ва Пиров Раҳматулло маводи зарурӣ тартиб дода шуда, қазия барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Ба ронандагон акнун барои як нофаҳмии ночизе, ки онро метавонистанд ба хушиву оромӣ ҳал кунанд, ҷаримаи ҳангуфт ё ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button