СЕЮНИМ СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ТАКСИРОНИ ТОҶИК СӮҲРОБ ЮСУПОВ БАРОИ ҲАМЛА БА ПУЛИСИ МАСКАВ (ВИДЕО)
Мурофиаи парвандаи пурсарусадои муноқишаи муҳоҷирони тоҷик ва кормандони пулиси Маскав дар бозори “Садовод”, ки шоми 15 декабри соли 2023 рух дода буд, ба анҷом расид.
Дуруст 5 моҳ баъди ин ҳодиса, рӯзи 15 майи соли 2024, додгоҳи ноҳияи Люблинои пойтахти Русия шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Сӯҳроб Хурсандович Юсуповро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: қисми дуюми моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат) ва моддаи 319 (таҳқири намояндаи давлат) гунаҳкор шинохт. Телеграм-канали хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои шаҳри Маскав (Московские суды общей юрисдикции) бо нашри як видео аз толори додгоҳ хабар дод, ки додгоҳи Люблино Сӯҳроб Юсуповро дар маҷмӯъ ба 3 солу 6 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда, ба фоидаи давлат 30 ҳазор рубл ҷарима баст.
Вокуниши Сӯҳроб Юсупов ё адвокату наздиконаш ба ҳукми додгоҳ ҳанӯз маълум нест. Вале рӯзи 16 декабри соли 2023, вақте ҳамин додгоҳи ноҳияи Люблино ҳукми ҳабси пешакии ӯро баровард, Сӯҳроб Юсупов иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо комилан рад карда, худро бегуноҳ номид. Ӯ он вақт худи кормандони пулисро ба берун рафтан аз ҳадди ваколаташон ва поймол кардани ҳуқуқи худ гунаҳкор карда, гуфта буд, кормандони пулис ӯро бо электрошокер чунон азобу уқубат доданд, ки бемории саръ (эпилепсия)-аш хуруҷ кард ва ӯ аз ҳуш рафт.
Муноқишаи байни кормандони пулиси Маскав ва муҳоҷирони тоҷик, ки дар бозори “Садовод” ба ҳимоят аз ҳамватани худ Сӯҳроб Юсупов бархостанд, дар поёни соли 2023 сарусадои зиёде ба вуҷуд оварда буд.
Бино ба фарзияи тафтишот, шоми 15 декабри соли 2023, тахминан соати 18, корманди пулис мошини Сӯҳроб Юсуповро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ кард. Ронанда кӯшиши фирор карда, мошинашро болои корманди пулис ронд ва ӯро дар рӯи капоти мошинаш чанд метр кашонда, ба ҳаёт ва саломатиаш хатар эҷод кард ва ҳангоми боздошташ низ корманди пулисро чанд зарбаи дигар зада, бо лафзи қабеҳ таҳқир кардааст.
Ҳангоми боздошти Сӯҳроб Юсупов муҳоҷирони дигаре, ки дар “Садовод” кор мекунанд, ба ҳимоят аз вай бархоста, кормандони пулисро иҳота карданд. Ба иддаои пулис, гӯё ҳангоми раддубадал бо мардуми ҷамъшуда, касоне аз байни издиҳом балони мошини пулисро кафондааст. Кормандони пулис барои онки ронандаи дастгиршударо бо зӯр раҳо накунанд, ду маротиба ба ҳаво тири огоҳкунанда холӣ кардаанд.
Ва аммо тасвири ин ҳодиса аз забони шоҳидони дигар аз фарзияи пулис фарқ мекард. Муҳоҷирон мегуфтанд, пулис бо як шеваи бераҳмона ронандаро дастгир карда, ба баданаш электрошокер зад ва азбаски Сӯҳроб Юсупов бемории саръ (эпилепсия) доштааст, аз зарбаи нирӯи барқ ин бемориаш авҷ гирифта, ӯ аз ҳуш рафтааст. Ба гуфтаи муҳоҷирон, маҳз чунин бархӯрди бераҳмонаи пулис нисбат ба як ронандаи бемор сабаб шуд, ки онҳо ба ҳимоят аз ӯ ҷамъ шаванд.
Пулис хуруҷи бемории саръи ронандаи дастгиршударо тасдиқ кард вале гуфт, ки гӯё баъди авҷ гирифтани бемории Юсупов онҳо худашон ҳам кӯшиш кардаанд, то ба вай ёрӣ расонанд.
Мақомоти Русия он вақт аз ин муноқишаи муҳоҷирон бо пулис дар бозори “Садовод” талош карда буданд, то як қазияи бузург бисозанд. Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро муҳоҷирбадбинонааш ном баровардааст ва тақрибан ҳар як қонуншикании муҳоҷиронро зери назорати худ мегирад, билофосила қазияи муноқиша дар бозори “Садовод” байни муҳоҷирон ва пулисро низ зери назорати худ гирифта, талаб кард, ки ба ӯ дар бораи ҷараёни тафтиши ин парванда ҳисобот диҳанд.
ВКД Русия алакай фардояш, рӯзи 16 декабр хабар дод, ки дар пайи муноқиша дар бозор 82 нафар дастгир гардида, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси 3 моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 213 (авбошӣ), моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) ва моддаи 319 ( таҳқири намояндаи ҳокимият) парвандаҳои ҷиноятӣ ҳам кушодаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, қариб ҳамаи дастгиршудаҳо зодагони Тоҷикистон буданд.
Додгоҳи ноҳияи Люблино алакай рӯзи 18 декабр 51 нафар аз дастгиршудагонро бо ҷурми сарпечӣ аз иҷрои амри пулис ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карда, ҳукми ихроҷи маҷбурии 22 нафари дигарро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия баровард.
Ба зидди 11 нафари дигар бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ парванда кушоданд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонуни Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 500 ҳазор рубл, ё то 480 соат корҳои ҳатмӣ, ё аз 1 то 5 сол корҳои ислоҳӣ ва ё аз 1 то 5 соли зиндон таҳдид мекард. Аммо то имрӯз дар бораи ба куҷо расидани тафтиши парвандаҳои онҳо хабаре ба даст нарасидааст.
Бозори “Садовод”, ки дар ҳудуди ноҳияи Люблино дар канораҳои ҷанубушарқии пойтахти Русия дар паҳлуи МКАД дар майдони 40 гектар ҷойгир шудааст, бо беш аз 8 ҳазор мағозааш бузургтарин бозори шаҳри Маскав ва Русияи марказӣ ба шумор меравад. Дар бозори “Садовод” садҳо зодаи Тоҷикистон кор мекунанд. Бархеи онҳо дар инҷо ба тиҷорат машғул буда, мағозаҳои худро доранд. Аммо аксари муҳоҷирони тоҷик дар “Садовод” ба ҳайси ҳаммол (грузчик), ошпаз ё фурӯшанда кор мекунанд ваё барои рӯбучини қаламрави бузурги ин бозор ба кор ҷалб шудаанд.