МУҲОҶИРИ ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ТАБОБАТАШ БА 800 ҲАЗОР РУБЛ НИЁЗ ДОРАД

Сарнавишти Назарбеков Ҳусейн Ширинович дар назари аввали мисли сарнавишти садҳо ҳазор муҳоҷири дигари корӣ аз Тоҷикистон аст, ки баъди хатми мактаби миёна рост аз паси парта рӯ ба муҳоҷирати корӣ меоранд ва роҳии Русия мешаванд. Бо ин умед, ки дар мулки ғурбат ҷои кори дуруст бо маоши дуруст пайдо кунанд ва дастгири азизони дар Ватан мондаашон шаванд.
Ҳусейн Назарбеков, ки 2 октябри соли 2005 дар деҳаи Дрижи ҷамоати Вранги ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дида ба ҷаҳон шудааст ва ҳоло ҳамагӣ 18 сол дорад, бо ҳамин умед баробари хатми мактаб ба Русия омад. Ҷойи кор ҳам ёфт ва ба аҳли хонаводааш, ки дидаи умед ба сӯяш дӯхта буданду барои барори кораш дар Русия дуо мекарданд, чанд дафъа пул ҳам фиристод. Аммо як фалокат дар ҷои кор ин ҷавони тоҷики аз зиндагӣ ҳанӯз чизе надидаро аз дасту бозу маҳрум сохта, барои моҳҳо ба кати бемористон баста кард ва муҳтоҷи кумак гардонд.
Ҳусейн мегӯяд, баъди хатми мактаб ба шаҳри Мурманск дар шимоли Русия омада, тамоми ҳуҷҷатҳояшро тибқи қонунҳои ин кишвар тахт кард ва дар ширкати ООО “ЭТМ” (мудири куллаш Шулгин Артём Геннадьевич) дар як сохтмон ба кор сар кард.
“Мутаассифона, санаи 2 феврали соли 2024, тақрибан соати 16:30 трос ё сими автовишка ба сабаби фаннӣ канда шуд ва ман аз бинои баланд ба замин афтода, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштам. Дигар ягон чӣ дар ёдам нест. Аз ҷои ҳодиса маро масъулони ширкат бо чархбол ба беморхона интиқол доданд ва бо ҳамин, тамом, дигар ягон ёрдам аз тарафи ширкат барои ман нашуд”, – нақл мекунад Ҳусейн Назарбеков.
Барои ҷарроҳиву табобат ва эҳёи саломатии Ҳусейн 800 ҳазор рубл лозим аст, чунки ҳар рӯзи табобаташ дар бемористон 8 ҳазор рубл аст ва ӯ бояд беш аз 3 моҳ табобат бигирад. Муҳоҷирони зодаи Бадахшон барои табобати Ҳусейн ббеш аз 350 ҳазор рубл ҷамъ овардаанд, вале ин барои табобати пурраи ин ҷавони тоҷик кофӣ нест.
Ба ин хотир, Ҳусейн ба ҳамаи ҳамватанон муроҷиат мекунад, ки вобаста ба қудрат ва тавоноии худ, касе чӣ қадар метавонад, барои табобати ӯ кумак кунанд.
“Ман ҳам мехоҳам ҳарчӣ зудтар боз ба пои худ рост шавам, мисли дигарон кор кунам, таҳсил кунам, ба мардум, ба диёру Ватанам хидмат кунам”, – мегӯяд ин ҷавони умедвори кумак.
Онҳое ки мехоҳанд ба Ҳусейн Назарбеков барои табобаташ кумак расонанд, метавонанд ёрии худро ба ин ҳисобҳои бонкӣ гузаронанд:
Сбербанк
220 220 365 023 74 09
+7 977 391 94 49
Назарбеков Хусейн Ширунович
Душанбе Сити
+992 113 44 64 04
Назарбеков Исломбек Ширунович

