ВидеоИқтисодСиёсатТоҷикистон

БАРКАНОРИИ АМИРҶОН УБАЙДУЛЛОҲ – ПИСАРИ ХУРДИИ МАҲМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 майи соли 2024 бо имзои як фармон Умед Бобозодаро барои муҳлати навбатӣ дигарбора Омбудсмен, ё Ваколатдорр оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин кард. Умед Бобозода, ки 25 январи соли 1972 дар ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ба дунё омада, соли 1998 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, бори аввал соли 2019 ба мақоми Омбудсмен таъйин шуда буд.

Эмомалӣ  Раҳмон рӯзи 14 май ҳамчунин бо судури як амр Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаидро “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод кард. Дар бораи мушаххасан ба кадом “кори дигар” гузаштани писари хурди Маҳмадсаид Убайдуллоев, яке аз сиёсатмадорони дар гузашта пурнуфузи Тоҷикистон, то ин лаҳза маълумоте ба даст нарасидааст.

Амирҷон Убайдуллоҳ 42 сол дошта, баъди чанд соли кор дар мақоми намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул соли 2013 аз Вошингтон, пойтахти Амрикоба Душанбе баргашт ва чанд сол дар дастгоҳи президент, аз ҷумла дар мақоми муовини сардори раёсати молия кор карда, 25 январи соли 2019 мушовири аршади ёрдамчии президент дар масоили иқтисодӣ таъйин шуд ва дар ин мақом беш аз 5 сол кор кард.

Амирҷон Убайдуллоҳ ба велосипедронӣ алоқаи зиёд дорад ва бисёр вақт дар саҳифааш дар Фейсбук аксҳоеро аз сайругаштҳояш бо велосипед низ мегузорад.


Амирҷон Убайдуллоҳ писари хурдии Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе ва раиси собиқи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аст. Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба синни 72 расид, 3 фарзанд – ду писар ва як духтар – дорад.
Писари калонии ӯ  Ҷамолиддин Убайдуллоҳ 44 сол дошта, аз соли 2018 дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Фаронса кор мекунад. Ӯ пеш аз ин раҳбари раёсати созмонҳои хориҷӣ ва аз он қабл сардори раёсати консулии  вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.
Духтари ягонаи шаҳрдори собиқи Душанбе Нигина Убайдуллоева 34 сол дорад ва хонашин аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо шеваи сахтгиронаи раҳбариаш маъруф буд ва онҳое, ки ин хонаводаро мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ дар тарбияи фарзандон низ ҳамин гуна сахтгир буд. Ин аст ки ба фарқ аз фарзандони эркатулфору сарҳуйи бархе дигар аз мансабдорони баландпояи тоҷик, номи фарзандони Убайдуллоев то имрӯз ба ягон моҷаро печонда нашудааст ва бисёриҳо аз Убайдуллоеву ҳамсари марҳумаш ситоиш мекунанд, ки фарзандони худро тарбияи хуб додаанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев 1 феврали соли 1952 дар рустои Кирови ноҳияи Фархор ба дунё омада, аз камшумор намояндагони ҳукумати имрӯза аст, ки дар аҳди Шӯравӣ берун аз Тоҷикистон мактаби олӣ хондаааст. Убайдуллоев соли 1974 донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина ва соли 1985 мактаби олии ҳизби коммунистро дар шаҳри Тошканд хатм кардааст.
Баъди чанд соли кор дар ниҳодҳои вилояти Кӯлоб, Убайдуллоев ду сол – солҳои 1985-1986 – вақте ҳамагӣ 33 сол дошт, муовини раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон шуд, вале боз ба Кӯлоб баргашт ва то соли 1990 раиси Кумитаи омори ин вилоят ва сипас муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд.


Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар поёни соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд доир шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, Убайдуллоев муовини сарвазир ва масъули вазоратхонаҳои қудратӣ таъин шуд. Ӯ он вақт мисли Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ 40 сол дошт. Соли 1994 Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба мақоми муовини якуми сарвазир расид, вале соли 1996, дар пайи нахустин исёни нирӯҳои сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев бо талаби ошӯбгарон, ки дар ағбаи Фахробод сангар гирифта, таҳдиди ҳамла ба Душанберо доштанд, Убайдуллоевро аз мақом барканор карданд.
Аммо ҳамагӣ баъди чанд моҳ ӯ ба ҷои Юрий Поносов шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Убайдуллоев ҳамчунин баъди таъсиси маҷлиси болоии парлумон дар апрели соли 2000 раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва то соли 2020 ин дувумин мақом дар сохтори давлатдории Тоҷикистонро дар даст дошт.
Рӯзи 12 январи соли 2017 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сурати барои аксар ғайриинтизор Муҳаммадсаид Убайдуллоевро бо тамоми муовинонаш барканор кард ва писари калониаш Рустами Эмомалиро ба ҷои ӯ ба мақоми шаҳрдори Душанбе овард. Ҳамин тавр, моҳи апрели соли 2020 Убайдуллоев охирин мақоми расмиаш – раёсати Маҷлиси миллиро ҳам ба Рустами Эмомалӣ супурд ва инак чанд сол боз дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати навбатӣ
таъин намудани Бобозода Умед

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Бобозода Умед Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати навбатӣ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 майи соли 2024
№830

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 майи соли 2024
№АП-565

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ба назари банда, “ӯ” ҳанӯз ҳам аз сояи “ӯ” метарсад. “Ӯ”-и аввал-шахси аввал, “ӯ”-и дуввум-шахси дуввум (дар нафақа). Ҳатто “ӯ”-и дуввумро то ҳол “крыша»-и “ӯ”-и якум медонанд, агар “ӯ”-и дуввум намешуд, “ӯ”-и якум ҳадди ақал сарнавишти абдуллои нурӣ ва ҳадди аксар тақдири сангакро медошт. Вале, чаро “ӯ”-и дуввум “ӯ”-и якум нашуд, то нафақа “ӯ”-и дуввум монд, чунки “ӯ”-и дуввум диктатураи сиёсӣ ва шахсиятпарастиро қабул надошт, агарчӣ лақаби “Ҷаноби Олӣ”-ро бори аввал “ӯ”-и дуввум матраҳ карда буд, аммо аз зирракию дурандешии сиёсияш медонист, ки сенарияи диктатура дар роҳ аст! Аз вазифа рафтани “ӯ” низ ба хости худаш буд, вале ба хотири қурби мансаби президентӣ розӣ шуд, ки гӯё аз ҷониби президент аз вазифа “озод карда шуд”.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button