ВарзишВидеоМинтақа ва ҷаҳон

СОЗМОНИ МИЛАЛ ПЕШНИҲОДИ РУСТАМИ ЭМОМАЛИРО ЯКДИЛОНА ҚАБУЛ КАРД

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 7 майи соли 2024 бо иттифоқи оро аз пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, президенти Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ пуштибонӣ карда, 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.

Сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки  рӯзи 7-уми майи 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Либия таҳия ва пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул гардид.

“Ҳамин тариқ ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси нахустини президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалиро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии футбол дар ҷаҳон бо иттифоқи оро пазируфт”, – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.

Дар қатънома аҳаммияти дар рӯҳияи сулҳ, тафоҳум, ҳамкории байналмилалӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бидуни табъиз баргузор намудани чорабиниҳои бузурги байналмилалии варзишӣ, ки онҳо хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомез доранд, таъкид шуда, қатънома инчунин нақши бунёдии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва нақши муҳими федератсияҳои футболро дар сатҳҳои минтақавӣ ва миллӣ, инчунин иттиҳодияҳои минтақавиро дар пешбурди бозии футбол баланд арзёбӣ менамояд.

Дар бахши амалии қатънома аз ҳамаи кишварҳои узв ҷиҳати дастгирии варзиш, аз ҷумла футбол, ки нақши он ҳамчун воситаи мусоидат барои таъмини сулҳ, рушд, тавонмандсозии занону духтарон ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин мусоидат ба фарогирии иҷтимоӣ, муколамаҳои байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо назаррас аст, даъват ба амал оварда шудааст.

Инчунин Маҷмаи умумии Созмони Милал қарор қабул кард, ки рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад, зеро соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 дар шаҳри Порис баргузор гардида буд, ҷашн гирифта мешавад.

Дар баробари ин, Маҷмаи умумӣ аз ҳама ниҳодҳои зидахл даъват кард, то вобаста ба имконоташон  барои таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол ва таблиғи футбол чорабиниҳои таълимӣ ва иттилоотӣ доир кунанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт,  аз сӯи Маҷмаи умумии Созмони Милал пазируфта шудани нахустин ташаббуси байналмилалии Рустами Эмомалӣ “бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешбарандаи усулҳои тарзи ҳаёти солим ва вусъатдиҳандаи ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ ҷиҳати оммавӣ гардонидани он дар арсаи байналмилалӣ муҳим хонда, ба ташаббус ва иқдомҳои мо эътимоду боварии комил дорад”.

Ёдовар мешавем,  раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки ҳамзамон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  ва президенти Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) низ ҳаст, рӯзи 9 феврали соли 2024 бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милал як рӯзро расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кунад.

Рустами Эмомалӣ дар пешниҳодаш ба СММ, аз ҷумла таъкид кардааст, ки “…ин намуди варзиш падидаи фарҳанги умумиҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур менамояд. Ин як варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд. Бо назардошти ин пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон гардад”.

То кунун, бо пешниҳоди Созмони Милал ҳар сол рӯзи 10 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии футбол таҷлил карда мешуд, вале он иди расмӣ набуд.

Дар пайи нашри муроҷиати Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милал дар Тоҷикистон як силсила раҳпаймоиҳо ба ҷонибдорӣ аз ин ташаббус доир шуданд. Аз ҷумла дар раҳпаймоӣ дар шаҳри Душанбе, ба ҳисоби мақомот, тақрибан 10 ҳазор нафар гирди ҳам омаданд.

Бархе таҳлилгарон  бар инанд, ки пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ва ҳамоишу раҳпаймоӣ ба тарафдорӣ аз ӯ ҷанбаи сиёсӣ дошта, ба интиқоли қарибулвуқӯи курсии раҳбари аввали Тоҷикистон аз президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба писари калонии ӯ Рустами Эмомалӣ рабт мегирад. Ин нақшаи интиқоли қудрат чандин сол боз дар дасти баррасӣ қарор дорад, вале ҳар дафъа ба далелҳои мухталиф ба ақиб андохта мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Кишваре, ки фарзандонаш ҳанӯз аз синну соли мактабӣ (ба балоғат нарасида) то синни 40-солагӣ дар фикру зикри муҳоҷирати корӣ ҳастанд, аз тарафи дигар 90% фоизи мактабҳо майдону толори варзишии муносиб надоранд, чунин ташаббусе пешниҳод кардан чӣ маънӣ дорад? Мисли ташаббусҳои падараш (об барои рушди устувор) дар ҳоле, ки на оби нӯшокии кофӣ ва дастрас дорем, на оби кишоварзию хоҷагидорӣ… Ташаббусҳо характери шахсиятпарастӣ доранд, на стратегияи беҳсозӣ!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button