ҚАРИБ 1,5 МЛН $! ДАР ДУБАЙ ДУ ВИЛЛАИ ҲАМСАРИ САРВАЗИРИ ТОҶИКИСТОНРО ПАЙДО КАРДААНД
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2024/05/Икболхон-Назирова-Дубай.jpg?resize=780%2C470&ssl=1)
Чанд вақт пеш маълумот дар бораи тақрибан 198 ҳазор нафаре, ки дар шаҳри Дубай, яке аз марказҳои бузурги тиҷоратии Имороти Муттаҳидаи Араб ва халиҷи Форс молу мулк доранд, ошкор шуд ва ба дасти журналистон расид.
OCCRP (Маркази таҳқиқи коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккилона), як созмони маъруфи таҳқиқоти журналистӣ, бар пояи таҳқиқи ин санадҳо, ки ҳамчун “Dubai Unlocked” ном баровардаанд, маълум кард, ки дар Дубай даҳҳо мансабдори баландпоя аз кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла аз Русия ва Осиёи Марказӣ низ молу мулки гаронбаҳо харидаанд.
Аз ҷумла журналистон дар Дубай ду вилла, ё кӯшки марбут ба Иқболхон Назирова (Нозирова), ҳамсари сарвазири кунунии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ҳам пайдо кардаанд. Расулзода то тоҷикӣ кардани насабаш Қоҳир Нозиров ном дошт.
Бино ба иттилои нашршуда, ду виллаи Иқболхон Нозирова дар маҳаллаи маҳаллаи “Mira Oasis 3”-и Дубай ҷойгир шуда, якеаш зери 699 ҳазору 800 доллар ва дуюмиаш 736 ҳазору 700 доллар арзиш доранд. Ба ин тартиб, арзиши умумии виллаҳои ҳамсари сарвазири Тоҷикистон дар Дубай қариб якуним миллион доллар, дақиқтараш 1 миллиону 436 ҳазору 500 долларро ташкил медиҳад. Манбаи чунин даромади ҳангуфти ҳамсари сарвазир маълум нест.
Иқболхон Назирова то соли 2013, ки шавҳараш сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд ва онҳо ба Душанбе кӯчиданд, мудири Қасри фарҳанги ба номи Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд буд. Дар бораи кадом тиҷорате доштани ӯ маълумоте ба даст нарасидааст.
Қоҳир Расулзода 8 марти соли 1961 дар деҳаи Қистақӯз (ҳоло Хистеварз) дар ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омада, Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси гидротехник хатм кардааст. Расулзода аз соли 2000 то 2006 вазири обу обёрии Тоҷикистон, аз 2006 то 2013 раиси вилояти Суғд буд ва 23 ноябри соли 2013 ба ҷои Оқил Оқилов сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ соли 2007 насаби худро аз Назиров ба Расулзода иваз кард.
То кунун номи Қоҳир Расулзода дар робита ба моҷароҳои коррупсионӣ расонаӣ нашуда буд. Аммо бархе манобеъ тиҷоратҳои зиёдеро, асосан дар вилояти Суғд ба ӯ марбут медонанд. Аз ҷумла меҳмонхонаи чорқабатаи “Парламент” дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, ки моҳи марти соли 2018 дар маросими ифтитоҳаш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда буд, ба домоди Қоҳир Расулзода марбут дониста мешавад. Домоди Расулзода қаблан овозхони машҳур буд ва дар гуруҳи “Вазир” ҳамроҳи Ҷонибеки Мурод ҳунарнамоӣ мекард.
Тоҷикистон дар умум яке аз давлатҳои аз ҳама фасодзада ба шумор рафта, дар гузориши имсолаи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” дар байни 180 кишвар дар зинаи хеле пасти 161, яъне дар байни 20 кишвари фасодзадатарини дунё ҷой гирифт.
Ма я ҳамсинф дорум да Дубай ба хариду фуруши хона машғулай аму гуфт ки я вилаша бачаи давлат нсрат да Душанбе домсозай аму харидай туҳфа да номи оилаи сарвазир номнавис шдагияй ира бачои Дубай медонистан