ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

“4 ҲАЗОР БИЁР, НАБОШАД…” БОЗДОШТИ ДУ СОКИНИ ИСТАРАВШАН БАРОИ ИРЪОБ (ШАНТАЖ)

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 08.06.2023

Боздошт гардидани ду мард бо ҷурми тамаъҷӯӣ

062

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 33 ва 26-солаи сокинони шаҳри Истаравшан бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 17-уми апрели соли 2023, бо мақсади фош накардани навори видеоии дар телефони мобилиашон сабтшуда, оид ба муносибати ошиқона доштани ҷавони 23-сола ва духтарбачаи ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри мазкур 4 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барои маълумот: Қисми дуюми моддаи 250 барои тамаъҷӯӣ, яъне талаби додани молу мулки ғайр ё ҳуқуқ ба молу мулк ё содир намудани дигар кирдори дорои хусусияти амволӣ бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда (бадномкунанда) нисбати ҷабрдида ё наздикони ӯ, ошкор кардани чунин маълумотҳо оид ба ҳолатҳое, ки вай мехоҳад онро ниҳон дорад, дар сурати аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содиршуданаш, ҳамчун ҷазо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 12 солро пешбинӣ мекунад.

Ошкор гардидани силсилақаллобиҳо вобаста ба хариду фурӯши автомашина

043

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2022, марди 37-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро ба тариқи шартномавӣ ба иҷора гирифта, сипас бар ивази 8 ҳазор доллари амрикоӣ автомашинаи мазкурро ба марди 52-солаи сокини ҳамин шаҳр ба гарав гузошта, то ҳол онро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми майи соли 2020, марди 40-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 130 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 3 моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи майи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Кия Спортейҷ»-ро ба маблағи 122 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, аз ин маблағ 28 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 94 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи декабри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тойота Камри»-ро ба маблағи 135 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда аз ин маблағ 20 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 115 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button