ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ ИҚТИДОРАШ 4,8 БАЛЛ ДАР НАЗДИКИИ КӮЛИ САРЕЗ

Марказҳои зилзиланигории Қазоқистон хабар доданд, ки дар қаламрави ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон заминларза рух додааст. Бино ба маълумоти шабакаи марказҳои зилзиланигории “СОМЭ”, марбут ба вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон, замин шаби 7 июни соли 2023, соати 02:54 ба вақти маҳаллӣ дар умқи 35 километр ларзида, шиддати зилзила дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер, 4,8 баллро ташкил додааст. Гуфта мешавад, маркази заминларза дар кӯҳистони Чотиртош дар байни шаҳраки Мурғоб ва кӯли Сарез (арзи шимолии 37.97° ва тӯли шарқии 73.47°) ҷойгир шудааст.

Дар бораи кадом зарар ё талафот бар асари ин офатӣ табиӣ гузорише то ин соат ба даст нарасидааст. Марказҳои зилзиланигории Тоҷикистон дар бораи рух додани боз як заминларза дар шарқи ин кишвар хабар надодаанд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларза,  дар як моҳи охир 22 заминларза ва дар як соли охир 232 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст. Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон, дар наздикиҳои кӯли Сарез рух додаанд.

Бар асари заминларзаи шаби 23 марти соли 2023, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд. Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button