ФАЪОЛОН МОНЕИ ИСТИРДОДИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК АЗ ПОЛША БА ТОҶИКИСТОН ШУДААНД
Рӯзи 28 майи соли 2023 як гуруҳи фаъолон, бо шумули адвокатҳо, дар фурудгоҳи шаҳри Варшава, пойтахти Полша (Лаҳистон) бо талаби манъи истирдоди Сорбон Абдураҳимзода, як ҷавони 27-сола ба Тоҷикистон шудаанд. Ин ҷавони тоҷикро алакай аз боздоштгоҳ ба фурудгоҳ оварда буданд, то тавассути парвози Варшава – Истанбул – Душанбе бо ширкати “Туркиш Эйрлайнз” ба Тоҷикистон истирдод кунанд.
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ, як созмони наздик ба мухолифини тоҷик, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки ба онҳо муяссар шуд, ки дар охирин лаҳазот монеи истирдоди Сорбон Абдураҳимзода шаванд.
“Қазияи Сорбон ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон дар Страссбург низ рафта буд ва ин додгоҳ низ аз мақомоти Полша хоста буд, ки ӯро то анҷоми баррасии шикояташ истирдод накунанд. Адвокаташ аз Украина ҳам омад ва онҳо якҷо бо адвокати полякаш хеле талош карданд. Дар ниҳоят, Сорбонро аз ҳавопаймо пойин карданд ва боз ба боздоштгоҳ бурданд. Фардо (29 майи соли 2023), қарор аст, додгоҳи Полша қазияи ин паноҳҷӯи тоҷикро аз нав баррасӣ кунад ва итминон дорем, ки аз толори додгоҳ озодаш хоҳанд кард”, – хабар дод Абдусаттор Бобоев.
Сорбон Абдураҳимзода, писари Пӯлодҷон Абдураҳимзода, як соҳибкори тоҷики зодаи ноҳияи Қубодиён аст, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, дар Душанбе тиҷорат дошт, вале баъди аз даст додани тиҷоратҳояш аз Тоҷикистон ба Украина ва аз онҷо ба Аврупо паноҳ овардааст.
Сорбон Абдураҳимзода қаблан бо аҳли хонаводааш дар Украина мезист ва баъди шурӯи ҳамлаи Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба Полша паноҳ овард. Вале ҳангоми вуруд ба қаламрави Лаҳистон маълум шудааст, ки исми Сорбон Абдураҳимзода дар рӯйхатти Интерпол қарор дорад ва ба ин далел, ӯро дастгир карданд ва аз ҳамон вақт, инак, беш аз як сол боз ин ҷавони тоҷик дар як боздоштгоҳи муҳоҷирон қарор дошт.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун сабаби таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузоштани Сорбон Абдураҳимзодаро то кунун ягон бор шарҳ надодаанд. Сорбон Абдураҳимзода қаблан бар асоси рӯйхатти Интерпол дар Украина ҳам дастгир шуда буд, вале Украина аз истирдоди ин ҷавони тоҷик ба Душанбе худдорӣ карда буд.
Пӯлодҷон Абдураҳимзода гуфтааст, ки гӯё писарашро беасос ба гузоштани чанд лайк дар зери видеоҳои мухолифон айбдор мекунанд. Тасдиқи то куҷо воқеъият доштани ин иддао ҳанӯз муяссар нашудааст, чунки Сорбон Абдураҳимзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандон фаъол ба назар намерасид ва барои мисол, дар саҳифааш дар Фейсбук, ба ҷуз аз як маълумоти кӯтоҳ, ки соли 2010 ба Донишгоҳи химия ва дорусозии шаҳри Санкт Петербурги Русия барои таҳсил дохил шуда, вале соли 2016 ин донишгоҳро тарк кардааст, дигар ҳеҷ маълумот, матлаб ё ягон акси худи ӯ нест.
Дар солҳои охир, дар пайи авҷ гирифтани “шикор”-и тарафдорони мухолифини тоҷик ва мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон дар кишварҳои СНГ, бахусус дар Русия, ҳудуди 10 ҳазор нафар нафар аз паноҳҷӯёни тоҷик дар ҷустуҷӯ и паноҳгоҳи амнтар рӯ ба Аврупо оварданд.
Аммо ахиран ба мақомоти Тоҷикистон муяссар шуд, ки ба ихроҷ ё истирдоди тақрибан 10 нафар аз кишварҳои Аврупо ҳам ноил шаванд.
Як маврид аз ҳама барҷастаи ин, албатта, истирдоди Ҳизбулло Шовализода аз Австрия дар соли 2020 аст, ки ӯ дар Тоҷикистон баъдан бо ҷурмҳои сангине, чун хиёнат ба Ватан, ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
Ҳамин тавр, мақомоти Полша чанд сол пеш Мустафо Ҳаётов, як узви фаъоли ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24”-ро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Мустафо Ҳаётов чанд муддат дар Тоҷикистон ба сар бурд ва аз ҳар навъ фаъолияти сиёсӣ канор рафта буд. Бино ба иттилои дарёфтии “Бомдод”, ин фаъоли собиқи мухолифин ахиран барои муҳоҷирати корӣ ба Туркия иҷозат гирифт ва ба онҷо рафт. Вале баъди ҳиҷрат ба Туркия низ Мустафо Ҳаётов ҳамчунон аз сиёсат ва аз ҳамсафони собиқаш канора гирифтааст.
Ва моҳи январи соли 2023 мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, фарзанди Шамсиддин Саидов, яке аз ветеранҳои ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи ҳизби наҳзати исломӣ ва домоди раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабириро ба Тоҷикистон истирдод карданд. Абдуллоҳи Шамсиддин алакай ду моҳ баъди бурданаш дар Душанбе ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Мухолифини тоҷик бо талаби раҳоии Абдуллоҳи Шамсиддин дар шаҳрҳои Олмон чандин гирдиҳамоӣ доир карданд, вале бенатиҷа.