ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

УКРАИНА АЗ ОҒОЗИ ҲАМЛАИ ҶАВОБӢ БА ЗИДДИ РУСИЯ ХАБАР ДОД (ВИДЕО)

Мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина Михаил Подоляк рӯзи 24 майи соли 2023 дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии RAI-и Итолиё эълон кард, ки ҳамлаи ҷавобии артиши Украина алайҳи Русия дар баъзе ҷабҳаҳо алакай оғоз гардидааст. Подоляк бидуни овардани ҷузъиёт танҳо гуфт, ки “ҳамлаҳои ҷавобӣ чанд рӯз боз дар тӯли 1500 километр хатти ҷабҳаи ҷанг  оғоз ёфтааст. Дар баъзе ҷабҳаҳо задухӯрдҳои шадид рух дода истодаанд”.

Ҳарчанд Подоляк дар бораи ҳамлаи ҷавобӣ тафсилот надод, вале бархе расонаҳо менависанд, ба вилояти Белгороди Русия бо мошинҳои зиреҳпӯҳш ворид шудани силоҳбадастон аз Корпуси ихтиёриёни Русия ва таҳаввулоти ахир дар ҷабҳаи Бахмутро метавонанд бахшҳое аз ин амалиёти ҷавобии артиши Украина бошанд. Қарори маълум, артиши Русия барои берун кардани силоҳбадастон аз вилояти Белгород маҷбур шуд, ҳавопаймоҳои ҷангии навтарини худ,  тамғаи СУ-34-ро ба кор биандозад. Ҳамин тавр, пештар Пажуҳишгоҳи мутолиоти ҷанг (ISW) низ дар гузориши ҳаррӯзаи худ хабар дода буд, ки “нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҷабҳаи Бахмут ба пешравиҳои тактикие ноил гардида, … ташаббусро ба даст гирифтаанд”.

Ин дар ҳолест, ки молик ва фармондеҳи ЧВК “Вагнер” Евгений Пригожин санаи 20-уми майи соли 2023 даъво карда буд, ки бо гузашти 224 рӯз ба ҷангҷӯёни ӯ муяссар шудааст, ки шаҳри Бахмутро, ки дар Русия онро Артёмовск меноманд, пурра ғасб намоянд. Аммо Украина инро рад мекунад ва дигар манобеи мӯътамад низ то ба ҳол аз суқути шаҳри Бахмут хабар надодаанд.

Вазорати мудофиаи Русия, ки таи чанд моҳи ахир бо Евгений Пригожин дар “тую ман” аст, шаби 21-уми май соли 2023 низ дар мавриди суқути Артёмовск (номи шаҳри Бахмут дар даврони Шӯравии собиқ) иддао кард. Расонаҳои ҳукуматии Русия тасарруфи шаҳри Бахмутро ҷашн гирифта, онро ба таслим кардани шаҳри Берлин аз тарафи артиши Шӯравӣ дар охири Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ монанд карданд.

Президенти Русия Владимир Путин низ, бино ба гузориши хадамоти матбуоти Кремл, низомиёни дар ҷабҳаи Бахмутро табрик намуда, ваъдаи ҷоизаи давлатӣ ба онҳо дод. Путин бори аввал аз зархаридони “Вагнер” ҳамчун нерӯҳои таҳоҷумӣ (штурмовые отряды) ном бурд. То ин дам Путин ҳамеша ЧВК “Вагнер”-ро ҳамчунин як ширкати хусусие, ки ба муҳофизати биноҳо ва дигар сохтмонҳо машғул аст ба қалам дода, иштироки ҷангҷӯёни “Вагнер”-ро дар ҷангҳои Сурия, Либия, Судон ва Украина инкор менамуд.

Евгений Пригожин санаи 25-уми майи соли 2023 дар як сабти видеоӣ эълон намуд, ки “Вагнер” ба тарк кардани шаҳри Бахмут оғоз намудааст ва зархаридҳои ӯ то санаи 1-уми июни соли 2023 пурра аз шаҳри Бахмут берун мешаванд. Бино ба гуфтаи ӯ Бахмутро пас аз ғасби пурра ба низомиёни Русия месупорад, зеро ҷангҷӯёни ӯ ба истироҳат ниёз доранд. Ҳамчунин Пригожин изофа намуд, ки чанде аз зархаридони худро барои кумак дар ихтиёри вазорати мудофиаи Русия мегузорад.

Вале ҷонишини вазири мудофиаи Украина Анна Маляр мегӯяд, ки “зархаридони “Вагнер” гирду атрофи шаҳри Бахмутро тарк карданд ва ба ҷои онҳо низомиёни артиши доимии Русия омадаанд, аммо дар худи шаҳри Бахмут то ба ҳол ҷангҷӯёни “Вагнер” боқӣ мондаанд”. 

Шаҳри Бахмути вилояти Донетск то оғози ҳамлаи Русия наздик ба 70 ҳазор нафар сокин дошт.

Аз моҳи октябри соли 2022 инҷониб зархаридони “Вагнер” ва артиши Русия барои ишғоли ин шаҳр талош доранд. Бино ба маълумоти истихбороти Амрико, сар аз моҳи декабри соли 2022 то моҳи апрели соли 2023 Русия ҳудуди 100 ҳазор сарбози худро аз даст додааст, ки аз ин миқдор зиёда аз 20 ҳазорашон кушта шуда, тақрибан нисфи онро зархаридони “Вагнер” ташкил медиҳанд.

Вале фармондеҳи “Вагнер” Пригожин рӯзи 23 май дар як мусоҳибаи пурсарусадояш дар канали “Телега-Онлайн” талафоти ҷангҷӯёни худро 10 ҳазор нафар баршумурд ва кушта шудани 10 ҳазори дигар аз ихтиёриҳо ва  сарбозони қарордодии артиши Русияро ҳам тасдиқ кард.

Дар ин мусоҳиба худ Пригожин вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ва духтару домоди ӯро зери тозиёнаи танқид гирифта, талаб кард, ки барои наҷоти артиши Русия Шойгу бояд аз вазифа озод карда шавад. Ҳамчунин ӯ ба сардори Генштаби артиши Русия Валерий Герасимов низ дарафтида, хостори аз вазифа гирифтани ӯ ва ба ҷояш таъйин намудани генерал Сергей Суровикин шуд.

Вале Пригожин дар мусоҳибаи худ таъкид намуд, ки президенти Русия Владимир Путинро гӯш мекунад.Ӯ аз Сергей Лавров сар карда то дигару дигар мансабдорони русро танқид намуд, ки зану фарзандони худ соҳибӣ карда наметавонанд ва онҳо дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико аз ҳисоби мардуми Русия кайфу сафо карда гаштаанд. Ишораи Пригожин аз ҷумла ба духтару домоди Лавров буд, ки иштирокашон дар як тӯйи арӯсӣ дар Гурҷистон эътирозҳоро дар он кишвар ба бор овард. Пригожин гуфт, бояд фарзандони мансабдорони баландпояи Русия ба ҷанг сафарбар карда шаванд ва онҳо низ дар қатори фарзандони мардуми оддӣ бояд қурбонӣ диҳанд.

Пас аз нашри мусоҳибаи Пригожин, муаллифи ин суҳбат журналист Константин Долговро аз кор рондаанд. Дар ин бора худи Долгов  хабар дод. Ӯ навиштааст, ки “ба ман гуфтанд, ки дигар ба ман ниёз надоранд. Рӯирост гуфтанд, ки маҳз барои ҳамон мусоҳибаат (бо Пригожин)”.

Константин Долгов дар саҳифаи Телеграм-канали худ навиштааст, ки “ин хел намешавад, бачаҳо. Бо лутфу марҳамати президент дар Русия озодии сухан вуҷуд дорад. Гумон намекунам, ки Путин аз шунидани хабари аз кор пеш карданди ман, маҳз бо сабаби мусоҳибаи ман бо “Қаҳрамони Русия” ва фотеҳи Артёмовск хурсанд шавад…”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Қандзан ака!!! Ана ина гузориш мегуян. И Озодира мехонӣ намефаҳми ов поин рафтестай ё тор. Ба фикрам худшон уқа намефаҳман чӣ навистестанд. Ай худут ҳама факту аргументут да дастут.

  2. Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффор, Раиси мутафаккирони Тоҷикистон гуяд:

    Ҳамлаи ҷавобӣ ҳаққи ҳалоли халқи Украина аст. Субҳи барвақти 24-уми феврали 2022 ҳангоме, ки ҳамаи беш аз 40-млн аҳолии Украина масти хоб буданд, Москва ҳамлаи ноҷавонмардонаву разилонаро ба пойтахти Украина шаҳри Киев оғоз кард. Чӣ басо айни чунин ҳамла ба Бухорои Шариф ва дигар манотиқи Осиёи Марказӣ сурат гирифта буд. Чӣ ваҳшигариҳое, ки артиши сурхи рус дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ анҷом надодааст?!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button