ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: НАҶОТИ САГЕ, КИ 4 ШАБОНАРӮЗ ДАР БАЙНИ ОБИ ДАРЁИ ВАРЗОБ ДАРМОНДА БУД

23 майи соли 2023 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук  хабаре ҷо дода шуд, ки муаллифи он барои наҷоти ҷони як саг, ки дар ҷазирачае дар рӯди Варзоб мондаву имкони берун рафтан аз онро надорад, даъват мекард. Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки баробари дарёфти ин хабар наҷотдиҳандагони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса равон шуданд.

Сокинони маҳаллӣ аз он дар изтироб буданд, ки ин саги бедифоъ аз ин қитъа изамини бо об иҳоташуда чӣ гуна худро раҳо мекунад? Сокинон гуфтанд, ки инак чорумин шабонарӯз аст, ки саг дар он ҷо, дар байни дарёст.

Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии заврақ ва таҷҳизоти махсус даст ба амалиёти наҷот заданд. Ҷараёни тези об кори имдодгаронро ба мушкил рӯбарӯ мекард. 

Ин буд, ки наҷотбахшон муддати ду соат талош карданд ҳайвони безабонро бидуни ягон осеби ҷисмонӣ наҷот диҳанд ва дар заврақ ба соҳил оранд.

Дар ниҳоят ин кор ба онҳо муяссар шуд ва сагро баъди 4 шабонарӯз аз банд раҳо карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button