ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ДУ КӮДАКИ ҲАФТСОЛА ВА ЯК ҶАВОНЗАН ДАР СЕ САДАМА ДАР РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар рӯзҳои ахири истироҳат дар се садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ боз 3 нафар, аз ҷумла ду кӯдаки ҳафтсола ва як ҷавонзани 31-сола ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла нимаи дуюми рӯзи 19-уми майи соли 2023, тахминан соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Бойматов Абдуазиз Одилҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд-Истаравшан” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов бо мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳди идораи ронанда Қурбонов Рустам Маҳмадович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Ваҳдат, ки ба тарафи чапи роҳ гардиш мекард, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири автомшинаи «Мерседес-Бенс», Солиҳова Дилбар Мирзоевна, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари ин мошин, Абдулҳоҷиева Юлдуз Мирзораҷабовна, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ваҳдат, бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхонa бистарӣ гардидааст.
20-уми майи соли 2023, тахминан соатҳои 15:20, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, Шарипов Алишер Сайдаҳрорович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма” дар 160-ум километр аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Восеъ дар ҳудуди деҳаи Восеъободи калон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Раҳматов Исмоилҷон Шуҳратович, соли тавалллудаш 2016, сокини ноҳияи мазкурро, ки роҳро аз тарафи чап ба рост убур мекард, пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Раҳматов И. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Шоми 20-уми майи соли 2023, тахминан соати 19:40, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, Тоҷимуродов Ёқубҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи 8-ум ба маҳаллаи 7-уми ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардони ноболиғ Амини Аслиддин, соли таваллудаш 2016 ва Назарзода Мустафо Ҳасан, соли таваллудаш 2013, сокинони ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғон; Амини А. ва Назарзода М.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, вале муттаассифона, Аслиддини ҳафтсола дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button