Хабарҳои кӯтоҳ

4 ДУЗДӢ ДАР КӮЛОБУ МӮЪМИНОБОД ВА ЁВОНУ ТУРСУНЗОДА ВА ҚАЛЛОБИИ ЗАНИ 35-СОЛА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 22.05.2023

Ифшо гардидани якчанд ҷинояти дуздӣ

087

Ба ШВКД дар шаҳри Кулоб бо ариза марди 39-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми майи соли 2023, тахминан соати 19:20-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи деҳаашон як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 18-уми майи соли 2023, тахминан соатҳои 15:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 5 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавонзани 22 ва 23-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Муъминобод бо ариза марди 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми майи соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мавзеи мазори Талак, як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар содир намулдани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 20-уми майи соли 2023, тахминан соати 10:40-дақиқа бо тариқи пинҳонӣ ба дукони фурӯши телефонҳои мобилиаш, воқеъ дар бозори марказии шаҳри Турсунзода, ки ба ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-11”-ро бо симкорташ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани қаллобии зани 35-сола

000

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи июли 2020, зани 35-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 20 рӯз бармегардонад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button