ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

БОЗДОШТИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНИ НОҲИЯИ РАШТ БАРОИ ГИРИФТАНИ ПОРА (ВИДЕО)

Маркази робитаҳо бо ҷомиаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти раиси Кумитаи замини ноҳияи Рашт Алимардон Ҷабборов бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани қитъаҳои замин ва  гирифтану додани пора хабар дод.

Дар гузорише, ки шоми 20 майи соли 2023 дар барномаи “Ахбор” дар ТВ “Тоҷикистон” намоиш дода шуд, гуфта мешавад, ки Ҷабборов Алимардон Сайғуфронович, с.т. 1988, зода ва сокини деҳаи Бинни Сӯфиёни ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт, бо сӯиистифода аз мақом ва боварии шаҳрвандон ба харидуфурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин даст задааст.

“Бо роҳи қаллобӣ ва бо миёнаравии Ҷабборов Алимардон танҳо дар 4 моҳи аввали соли 2023 ба сокинони ноҳияи Рашт Шоев Икром Раҷабович, Назиров Шералӣ Муҳтоҷович, Ёров Раҳимҷон Ёрмаҳмадович, Ҳусейнов Раҳимҷон Аҳмадович, Мардонов Ҷонибек Фозилбекович, Беков Иршод, Саломов Амриддин, Маҳмадов Дилшод, Ҳомидов Наимҷон, Саймуҳиддинов Қобилҷон ва дигарон  ғайриқонунӣ қитъаҳои замини ҳавлӣ ҷудо гардида, ба расмият дароварда шуданд”, – гуфта мешавад дар гузориши КДАМ.

Худи Алимардон Ҷабборов дар  ин гузориш даст доштанаш дар фурӯши заминҳоро эътироф кард ва аз ҷумла гуфт: “Бо ҳар кадом аз ин сокинони ноҳияи Рашт барои ҷудо кардани қитъаҳои замини ҳавлӣ ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ маслиҳат мекардам. Масалан, барои Ёров Раҳимҷон барои вобаста кардани қитъаи замин аз ҷамоати Нусратулло Махсум, Саломов Амриддин аз ҷамоати Қалъаи Сурх, Беков Иршод, сокини ҷамоати Ҷафр ва дигарон ман дар ивази 2 ҳазор сомонӣ имзои Раҳимҷон Муқимиро мегирифтам”.

Раҳимҷон Муқимӣ феълан раиси ноҳияи Рашт аст. Моҳи январи соли ҷорӣ худи Муқимӣ дар чорчӯби парвандаи фурӯши мансаби раиси шуъбаи маорифи ин ноҳия дастгир шуда буд, вале дар ниҳоят баъди дахолати пуштибонҳои пурнуфузаш аз “боло” масъулияти мансабфурӯширо ба гардани раиси дастгоҳаш Холмуҳаммад Ортиқов гузаронда, худи раиси ноҳияро дар он парвандаи пурсарусадо ба … “шоҳид” табдил доданд.

Дафтари матбуоти КДАМ гуфт, баъди ошкор шудани аъмоли ғайриқонуниаш Алимардон Ҷабборов хост, бо пешниҳоди пора ба  кормандони амният худро аз ҷавобгарӣ халос кунад, вале “ба ин мақсади нопокаш расида натавонист”. 8 майи соли 2023 Алимардон Ҷабборов ҳангоми кӯшиши додани пора ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ бо далелҳои шайъӣ дастгир шудааст.

Ба зидди раиси ҳамакнун собиқи кумитаи замини ноҳияи Рашт бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 320 (додани пора) ва 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ барои сохтакории хидматӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ваё то 2 соли зиндон  ва барои додани пора то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷаримаи ночиз аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос мешаванд ваё мисли раиси ноҳияи Рашт бо кумаки пуштибонҳои пурнуфузи худ парвандаро чунон тоб медиҳанд, ки мансабдори порахӯрро саранҷом метавонанд ба “шоҳид” табдил диҳанд ва  ҳатто ҳамчун “ҷабрдида” ҳам ҷилва диҳанд.

РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ ДАР ПАРВАНДАИ ПОРАГИРӢ БА … “ШОҲИД” ТАБДИЛ ЁФТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 17 феврали соли 2023 дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфтанд, ки  ба зидди раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода нашудааст ва ӯ танҳо дар робита ба 100 ҳазор сомонӣ пора гирифтани раиси дастгоҳаш  Холмуҳаммад Ортиқов бозпурсӣ шудааст.

Насриддин Низомзода, сардори раёсати тафтишоти Агентии мубориза бо коррупсия ба хабарнигорон гуфт, ба зидди Ортиқов, раҳбари дастгоҳи ноҳияи Рашт б бо иттиҳоми “қаллобӣ” парванда боз шудааст: “Холмуҳаммад Ортиқов барои ба вазифаи мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Рашт таъин кардани шаҳрванд Абоссзода бо роҳи қаллобӣ аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Нисбати ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад”.

Ба гуфтаи Низомзода, раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимирор кормандони агентӣ танҳо дар чорчӯби парвандаи Ортиқов бозпурсӣ кардаанд.

Шарҳи агентӣ хабарнигоронро чандон қонеъ насохт, чунки ба инки раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия бидуни, ба қавли ҳуқуқдонон”, “маслиҳати пешакӣ” бо раиси ноҳия як мансабро ба касе ба нархи 100 ҳазор сомонӣ бифурӯшад, бовар накарданд.

Аввалин шуда хабари боздошти раиси ноҳияи Рашт ва раиси дастгоҳашро рӯзи 23 январ пойгоҳи хабарии “Бомдод” нашр кард. Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, Муқимӣ ва Ортиқов аз Додарбек Аббосзода, ки қаблан дар мақоми раиси ҷамоати Ҳоит кор мекард, барои таъйин карданаш да мансаби мудири шуъбаи маорифи ноҳия 100 ҳазор сомонӣ пора гирифтаанд. Хабари дар ҳуҷраҳои кориашон дастгир шудани раиси ноҳия ва раиси дастгоҳашро чандин шоҳиди бевосита тасдиқ карданд ва манобеи “Бомдод” мегуфтанд, ки тайёрӣ ба ин амалиёт чанд моҳ боз идома дошт ва як рӯз қабл аз боздошташон роҳбарони Агентии мубориза бо коррупсия барои боздошти раиси Рашт, ки вакили Маҷлиси миллӣ низ ҳаст, аз президент Эмомалӣ Раҳмон низ “ок” гирифтанд.

Аммо раиси ноҳияи Рашт зоҳиран бо кумаки пуштибонҳои бонуфузаш дар “боло” хеле зуд аз боздошт раҳо шуд ва раиси дастгоҳашро низ баъди чанде “ба шарти то анҷоми тафтишот аз маҳалли зист берун нарафтан” аз боздошт озод карданд.

Раҳимҷон Муқимӣ баъди як рӯзи ин ҳодиса дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дар Душанбе иштирок дошт ва боз ба ҷои кораш баргашта, то ҳол дар мақоми раиси ноҳияи Рашт кор мекунад.

Аммо Ортиқов баъди озод шуданаш дар хонааш қарор доштааст.

Раҳимҷон Муқимӣ  61 сол дошта, аз соли 2019 раиси ноҳияи Рашт аст.

Хабари боздошти Муқимӣ ва раиси дастгоҳашро бархе шахсиятҳои маъруфи зодаи Рашт, аз ҷумла генерал Шоҳ Искандаров хуш истиқбол карда буданд.

Генерал Муҳаммадшоҳ Искандарзода, маъруф ба генерал Шоҳ Искандаров, рӯзи 24 январи соли 2023 дар Фейсбук Муқимиро “як ҳаромхӯр” номида, афзуд, ки мардум аз порагирии раиси ноҳия ба дод омадаанд. “Қасам ба Худо, рост аст. Як ҳаромхӯр аст раиси нохияи Рашт. Ман, генерал Шоҳ Искандаров, зодаи ҳамон минтақа хастам. Мардум аз порагирии раиси ноҳия ба дод омадагиянд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия бе иҷозати раис нафас намекашад. Бисёр тарафдорӣ накунед, вақт нишон медиҳад”, навишта буд Шоҳ Искандаров.

Генерал дар идома байти машҳурро иқтибос кардааст ки:

Қамчини Худо садо надорад,

 Вақте ки занад, даво надорад.

Даҳҳо нафар зери ин изҳори назари генерал Шоҳ Искандаров тугмаи лайкро зер карданд ва яке хитоб ба ӯ навишт: “Чунин порахӯрҳо бояд дар маҳбас бошанд, рафиқ генерал.

Шоҳ Искандаров дар посух ба ин корбар навишт: “Ҳатман дар назди  қонун ҷавоб медиҳанд. Фақат Худованд ба онҳо муҳлат додааст. Лекин на ба манфиати онҳост. Ҳар касе амали бад кунад, ҳатман ҷазои бад мегирад. Бе шакку шубҳа!”

Аммо ҷараёни ҳодисот нишон дод, ки раиси Рашт нафақат ҷазо нагирифт, балки ҳамчунон ба раёсати худ бар ин ноҳия идома дода истодааст. Мисле ки чизе дар  ин байн нагузашта бошад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан ибни Холмуҳаммад ибни Абдуғаффор, Ришвашиноси мустақил гуяд:

    Баҳ-баҳ, чаҳ-чаҳ… Раиси кумитаи замини дашти гулҳо, чӣ мансабдори баландпояву бузургмояе боздошт шудааст, офарин?!! Поррагирандагони асосӣ дар пойтахт нишастаанд, гӯё дар Душанбе порра гирифтан хеле нодиру камназир аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button