ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИК БАРОИ БА ҲАВО САР ДОДАНИ ПАРЧАМИ УКРАИНА ДАР МАЙДОНИ СУРХИ МАСКАВ (АКС)

Рӯзи 12 майи соли 2023 дар майдони Сурх дар маркази шаҳри Маскав, дар назди Кремл, қароргоҳи президенти Русия Владимир Путин 4 пуфакро бо парчами Украина ба ҳаво сар додаанд. Баъди як соат барои ин ду шаҳрванди  Тоҷикистон: Алишер Қодирови 30-сола ва Баҳром Усмонови 27-соларо дастгир кардаанд. Эҳтимол меравад, ки онҳоро бехабар дар ин иқдом истифода бурдаанд.

Аксҳои пуфакҳо бо парчами Украина дар фазои майдони Сурх аввал дар Телеграм-канали украинии Андрющенко Time нашр шуданд.

Дар фазои Кремл парчами Украина дида шудааст. Афроди номаълум онро дар майдони Сурх дар Маскав ба ҳаво сар додаанд. Русня, ба ин одат кун”, – навишта шуда буд дар зери аксҳо.

Телеграм-канали русии Baza хабар дод, ки парчами рангаш кабуду зарди Украинаро дар фазо  дар маркази Маскав санаи 12 май рӯзона мушоҳида кардаанд. Як шоҳид хабар додааст, ки пуфакҳоро аз як мошин сар додаанд. Ба гуфтаи ӯ, афроди ношиноси савори “Опел” дар майдони Сурх мошини худро манъ карданд, бордони мошинро кушоданд ва пуфакҳоро ба осмон сар дода, ба мошин савор шуданд ва зуд онҷоро тарк карданд.

Бино ба иттилои “База”, ин мошини “Опел”-ро алакай баъди як соат манъ карданд. Дар он ду Алишер Қодиров ва Баҳром Усмонов савор буданд. “База” менависад, ки онҳо ба ҳаво сар додани пуфакҳоро эътироф карданд, вале аз сар додани парчами Украина комилан изҳори бехабарӣ кардаанд. Алишер Қодиров ва Баҳром Усмонов гуфтаанд, ки ҳамроҳ бо ин пуфакҳо плакати рангаш гулобу нофармону зардро бо навиштаи “Спасибо за дочь”, яъне “Ташаккур барои духтар”-ро ба ҳаво сар додаанд. Чунин корро маъмулан падарон баъди таваллуди фарзандашон ҳамчун арзи сипос ба ҳамсар анҷом медиҳанд.

“База” менависад, ки ба эҳтимоли ғолиб, муҳоҷирони тоҷикро худашон бехабар дар ин иқдоми пропагандистӣ истифода бурдаанд, зеро аксҳои парчами Украина дар фазои Кремл хеле зуд дар каналҳои украинӣ пайдо шуд.

Ба болои ин,  Алишер Қодиров ва Баҳром Усмонов дар Русия сабти номи қонунӣ надоштаанд.

Нисбат ба онҳо бо чанд иттиҳом, аз ҷумла барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия ва беобрӯ кардани Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд.

Ба ин ду ҷавони тоҷик акнун нафақат ҳабс, балки ихроҷ аз Русия низ таҳдид мекунад, чунки мақомоти Русия ба қазияҳои “беобрӯ кардани Қувваҳои мусаллаҳ” хеле бо ҳассосият бархӯрд мекунанд ва ҳатто барои иқдомҳои ночизе ҷазоҳои сахттарин медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button