Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

ИНТИХОБОТИ САРНАВИШТСОЗ Ё САРНАВИШТСӮЗИ ЭРДУҒОН

Камтар аз 1 рӯзи дигар мондааст, то интихоботи президентӣ ва ҳамзамон интихоботи парлумонӣ дар Туркия. Вале ҷолишҳои он то ба ҳол кам нагардидааст. Коршиносон бар он назаранд, ки пас аз баргузории интихобот низ ин ҳолат идома хоҳад ёфт. Зеро суолҳои беҷавоби зиёде вуҷуд дорад ва мардуми Туркия барои посух гирифтан ба суолҳои худ кӯшиш хоҳанд намуд.

Аз як тараф Эрдуғону ҳаводоронашро хафви аз сари қудрат рафтан ба тарс андохтааст ва аз тарафи дигар бошад рақиби ӯ Камол Қилиҷдорӯғлу мардумро бо ваъдаҳои ислоҳоти иқтисодиву демократӣ ба сӯи худ ҷалб намудааст, ки боиси ташвиши режимҳои ғайридемократӣ ва диктатурӣ гардидааст.

Эрдуғон бо ҳизбаш тӯли ду даҳа аст, ки зимоми қудратро дар даст гирифтаанду низоми ҳокими Туркияро ба як низоми худкома ва аз лиҳози иқтисодӣ заиф табдил додаанд. Роҳбарони кишварҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Туркманистон (Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов) ба таври ошкоро аз Эрдуғон пуштибонӣ намуда, аз мардуми Туркия хостори раъй додан ба Эрдуғон шуданд.

Вале дар ҳамин ҳол яке бозингари асосӣ дар охир ошкор шуд . Рӯзи 11-уми майи соли 2023 Камол Қилиҷдорӯғлу аз дахолати ҳукумати Русия ба интихоботи президентии Туркия ба нафъи Эрдуғон хабар дода, дар саҳифаи Твиттери худ бо забони русӣ хостори даст бардоштани Русия аз дахолат ба сиёсати дохилии Туркия шуд. Қилиҷдорӯғлу навишт, ки “дӯстони рус, шумо дар паи нашри видеоҳои ҷаълӣ ва хабарҳои бардурӯғи аз пеш тарҳрезишуда даст доред. Аз ин рӯ гуфтаниям, ки агар шумо хоҳишманди ҳамкорӣ ва дӯстии кишварҳоямон пас аз 15-уми май бошед, лутфан даст аз сари сиёсатҳои дохилии Туркия бардоред. Мо чун пештара хоҳони дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо шумо ҳастем”.

Қилиҷдорӯғлу замоне ин ҳарфҳоро зад, ки Эрдуғон барои бадномкунии рақиби худ, ба тарафдоронаш сабти видеоиро нишон дод, ки дар он як қумондони курдтабор аз курдҳо ва дигар шаҳрвандони Туркия мехоҳад, то ба Қилиҷдорӯғлу раъй диҳанд.

Гузашта аз ин Қилиҷдорӯғлу Русияро муттаҳам намуд, ки русҳо ба нашри видеои ҷаълии алоқаи ҷинсии дигар номзади интихоботи президентӣ, Муҳаррам Инҷӣ даст доранд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба даст надоштани кишвараш ба ин дасисаи сиёсӣ таъкид мекунад. Бино ба гуфтаи Песков, Русия ба корҳои дохилии кишвари дигаре “дахолат” намекунад ва касе ба Қилиҷдорӯғлу “маълумоти бардурӯғ” расонидадааст.

Аммо Қилиҷдорӯғлу таъкид мекунад, ки агар далели мушаххасе дар даст намедошт, чунин иддао намекард.

“Мудохилаи як кишвари дигар дар корҳои дохилии Туркия барои мо ғайриқобили қабул аст, чӣ дар даврони интихобот ва чӣ дар ҳар замони дигар. Ин комилан таҳаммулнопазир аст, ки ба нафъи як ҳизби сиёсӣ дар интихоботи мо мудохила шавад”, гуфтааст Қилиҷдорӯғлу.

Аммо Русия ҳаргуна мудохила дар интихоботи Туркия ва даст доштан дар нашри видеои ҷаълии алоқаи ҷинсии Инҷӣ, ки дар як сомонаи Исроилӣ пахш шуд, такзиб мекунад.

Пас аз дар интернет роҳ ёфтани ин сабт, Муҳаррам Инҷӣ номзадии худро барои иштирок дар интихобот гирифт.

Вале аз васоити ахбори умуми Русия, ки пурра дар зери назорати ҳукумат қарор дорад, пай бурдан мумкин аст, ки онҳо аз Эрдуғон пуштибонӣ мекунад. Дар шабакаҳои телевизионии Русия корзори интихоботии Эрдуғон, аз рондани мошини барқӣ то савор шудани ӯ ба тайёраи ҷангӣ,  ҳамҷинсгаро ва шаробнӯш (алкоголик) эълон намудани Қилиҷдорӯғлуро нишон дода, Эрдуғонро бузург ва Қилиҷдорӯғлуро кӯчак ба намоиш мегузоранд.

Ин дар ҳолест, ки Эрдуғон ба таҳримҳои кишварҳои Ғарбӣ алайҳи Русия пайваст нашуда, бар хилофи онҳо равобити худро бо Маскав наздиктар намуд.

Вале Қилиҷдорӯғлу бар он назар аст, ки Туркия узви НАТО асту бояд таҳримҳо алайҳи Русияро риоя кунад. Ӯ мегӯяд, “мо узви НАТО ҳастем ва НАТО дар асри бистуяк танҳо созмони низомӣ нест, балки як созмоне барои дифоъ аз арзишҳои демократӣ аст”.

Назарсанҷиҳо ҳокӣ аз он ҳастанд, ки пас аз канорагирии Инҷӣ миқдори овозҳои Қилиҷдорӯғлу боло рафтааст. Бо таваҷҷӯҳи наздик будани орои Эрдуғон ва Қилиҷдорӯғлу, аз майдон рафтани Инҷӣ метавонад нақши сарнавиштсозе барои бурди Қилиҷдорӯғлу дошта бошад.

Аммо баъзе коршиносони соҳа бар он назаранд, ки дар ҳолати бохт ҳам Эрдуғон кӯшиш мекунад то дар сари қудрат боқӣ бимонад. Онҳо 3 шеваи эҳтимолии идомаи таҳаввулотро пешбинӣ намудаанд:

Эҳтимоли аввал ин аст, ки агар Қилиҷдорӯғлу интихоботро барад, Эрдуғон ва тарафдоронаш онро намепазиранд ва интихоби такрорӣ баргузор мекунанд. Алакай чунин ҳолат дар робита ба интихоби шаҳрдори Истамбул рӯй дода буд.

Эҳтимоли дувум, бо дахолати кишварҳое, чун Русияву Озарбойҷону Ӯзбекистону дигар кишварҳои тарафдори Эрдуғон, пурра ба рафти овоздиҳӣ дахолат намуда, ба манфиати Эрдуғон даст ба тақаллуб мезананд.

Эҳтимоли севум, тавассути артиш саркӯб намудани аҳолии аз натиҷаҳои интихобот  норозӣ (дар сурате ки Эрдуғон баранда шавад).

Бояд гуфт, ки интихоботи ҳамзамон президентӣ ва парлумонӣ дар Туркия 14-уми майи соли 2023 баргузор мешавад. Интизор меравад дар ин интихобот ҳудуди 55 миллион овоздиҳанда иштирок намуда, барои як давраи 5-сола президентро дар ин кишвар интихоб мекунанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз соли 2003 инҷониб роҳбари Туркия буда, ба боварии мухолифинаш, рӯз ба рӯз ба сӯи худкомагӣ ва диктатура меравад. Аксарият дар Туркия тарс аз он доранд, ки тақдири кишварҳои худкомаи Ховари миёна, мисли, Ироқ, Либия, Сурия, Судон ва Миср дур нест, ки ба сари онҳо низ биёяд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор, Академики академияи олии илмҳо гуяд:

    Банда Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффор шаҳрванди 32-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сарсахти номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Туркия Ҷаноби Олӣ Раҷаб Таййиб Эрдоған ҳастам ва ифтихор ҳам мекунам. Аввалину охирин маротиба 6-уми ноябри соли 2013 ба ҷонибдории эмомалӣ раҳмон дар “интихобот”-и президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриихтиёрӣ, чун донишҷӯ будам) райъ додаам, изҳори пушаймонӣ ва шармандагӣ мекунам ва аз худо ва халқи тоҷик узр мепурсам.
    (Аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” хоҳиш мекунам, ки ҳамин шарҳро бе чуну чаро нашр кунанд).

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button