ВидеоҶомеа

МАНИЖАЕ, КИ ДИЛУ ПУЛИ БАЧАҲОИ ТОҶИКРО МЕРАБУД, ДАР АСЛ … (НО) (НО) МАРД БУДААСТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шумораи навбатии барномаи “Ахбори ВКД” аз ошкор шудани як ҳолати ғайриоддии фиреби шаҳрвандон хабар дод.

Бино ба ин гузориш, ки шоми 10 майи соли 2023 нашр шуд, шаҳрванд Каримов Анас Исмоилович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо номи занонаи “Манижа Камолова” саҳифа боз карда,  бо ҷавонони ҷинсашон мард шиносоӣ барқарор мекард ва дар пайи ба даст овардани аксҳо ва дигар маълумоти маҳрамона дар бораи ҳаёти шахсии онҳо ба тамаъҷӯӣ даст мезад.

Аксари қурбониёни тамаъҷӯиҳои ин “Манижа” муҳоҷирони тоҷик дар Русия будаанд.

Худи “Манижа Камолова” дар гузориши нашршуда аъмоли худро чунин нақл кард: “Дар шабакаи “Одноклассники” ба номи “Манижа Камолова” саҳифа дорам. Бо роҳи фиреб худро духтар гирифта, аз мардуме, ки дар ғарибианду ба ман менавиштанд, сӯм мекандам. Онҳое ки пул намедоданд, ба номашон дар “Одноклассники” саҳифа мекушодам ва “Я голубой” менавиштам аз номашон. Баъд ба онҳо занг мезадаму мегуфтам, ки 500 рубл, ё 1000 , ё 2 000 рубл ба корти ман гузаронед, ман ин саҳифаи ба номи шуморо пок мекунам”.

ВКД гуфт, кирдори ноҷавонмардонаи Анас Каримов дар асоси муроҷиати шаҳрвандони ҷабрдида аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вилояти Хатлон (УБОП) ошкор карда шуда, ба зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.  Ба ин сокини Темурмалик акнун бар асоси моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои тамаъҷӯӣ бо таҳдиди нашри маълумоти беобрӯкунанда ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вале аз ҳама ҷазои сахт барои ӯ лақаби “Манижа” аст, ки дигар як умр худро аз ин доғи нангин тоза карда наметавонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Холмуҳаммадзода Абдуғаффор, Таҳлилгари масоили сиёсӣ-иҷтимоӣ гуяд:

    Пешниҳод ба идораи нашрияи “Бомдод”
    Ингуна хабарҳоро дар феҳристи “бахшҳо” бо номи “Падидаҳои номатлуб” ҷойгир кунед. Масалан, коре, ки ин ҷавон кардааст, падидаест зидди ақл, зидди мантиқ, зидди фитрати инсонӣ, яъне падидаи номатлуб аст, агарчӣ амалаш “тамаъҷӯӣ” аст, аммо аз роҳи ғайри фитрати инсонӣ. Ман фикр мекунам, рӯзноманигор мавзӯъ ва таркиби хабарҳоро баҳои “шуурсоз” бидиҳад, мағзи хонанда такони ҷиддӣ хоҳад хурд. Мисле, ки баъзе хабарҳоро бо нидои “во-аҷабо” шурӯъ мекунед, хонандаи зиррак пай мебарад, ки ин мавзӯъ худи хабарнигорро ҳам шигифтзада кардааст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button