ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

ВКД ТОҶИКИСТОН ОНҲОЕРО МЕҶӮЯД, КИ БА НОМИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ИНТЕРНЕТ САҲИФАҲОИ ҚАЛБАКӢ КУШОДААНД

Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон рӯзи 10 майи соли 2023 бо нашри як ҳушдор дар  Фейсбук хабар дод, ки саҳифаи дар Фейсбук ба номи шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии  Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сохташуда рабте ба Рустами Эмомалӣ надорад ва нафар ё нафароне, ки ин саҳифаро сохтаанд, тибқи қонунгузорӣ, таҳти пайгард қарор мегиранд. Раёсати кофтукови ҷиноятӣ (сардораш дӯсти наздики Рустами Эмомалӣ генерал Шоҳрух Саидзода) эълон кард, ки шаҳрдори Душанбе дар ягон шабакаи иҷтимоӣ ягон саҳифаи расмӣ надорад.

Дар ҳушдор чунин гуфта мешавад:

Шаҳрвандони муҳтарам!!!

Раёсати кофтукови ҷиноятӣ расман эълом медорад, ки ин аккаунт тақаллубӣ (фейк) аст ва ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ягон рабте надорад. Ҳамаи интишороти он аз ҷониби шахси номаълуме мунташир гаштааст. Ба хотири мувоҷеҳ нашудан ба ҳаводиси номатлуб, эҳтироман аз Шумо хоҳиш мекунем, ки аз шарҳу тавзеҳот ва густариши аккаунти мазкур худдорӣ намоед.

Соҳиби аккаунти мазкур тибқи қонунгузорӣ мавриди пайгард қарор хоҳад гирифт”.

Шаҳдории Душанбе қаблан дар моҳи августи соли 2022 бо нашри як иттилоияи вижа хабар дода буд, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм, Ватсап, Вайбер, Телеграм, Твиттер ва ғайра аз номи раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ саҳифаҳои иҷтимоии қалбакӣ боз гардида, “истифодабарандагони шабакаи иҷтимоӣ, бахусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз онро ба гумроҳӣ мебаранд”.

Шаҳрдорӣ аз ҳамаи шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоста буд, ки “ба ин саҳифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» эътибор ва бовар накунанд”.

Шаҳрдорӣ аз сокинон хост, ки барои ҳаллу фасли мушкилоту ниёзмандиҳои худ  тавассути каналҳои расмӣ муроҷиат ва дархосту андешаҳои худро ба Рустами Эмомалӣ ва тими ӯ бинависанд. Аз ҷумла тавассути:

  1.  почтаи электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон majmilli@rs.tj,
  2. почтаи электронии  шаҳрдории Душанбе dushabe80@yahoo.com,
  3. сомонаи расмии шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj,
  4. саҳифаи расмии шаҳрдорӣ дар  Фейсбук:  @DUSHANBECAPITAL,
  5. саҳифаи расмии шаҳрдорӣ дар  Инстгарам: dushanbe_official,
  6. рақами Вайбери шаҳрдории Душанбе: +992 985-95-22-22.

 Ин ҳушдори шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле нашр шуд, ки тайи чанд ҳафтаи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълонҳои фаровоне, аз ҷумла бархеаш  бо аксҳои Рустами Эмомалӣ пайдо шудаанд, ки дар онҳо аз номи ширкатҳову брендҳои машҳуре, чун “Ҳюндай”, “Тойота”, “Беко” ва дигару дигар мардумро фиреб медиҳанд, ки гӯё ин ширкатҳо барои онҳое, ки ба саҳифаҳои онҳо обуна мешаванд, ҳар рӯз то чанд мошин туҳфа мекунанд. Ин саҳифаҳои фейк эълонҳои худро ба забони тоҷикӣ нашр мекунанд, ки ин боиси фирефта шудани садҳо сокини зудбовари Тоҷикистон шудааст. Ин мардум ба ин эълонҳои дурӯғ бовар карда, онҳоро дар саҳифаҳову гуруҳҳои гуногун бознашр мекунанд ва умед мебанданд, ки соҳиби ҷоиза мешаванд.

Рӯзҳои охир бо мақсади ҷалби одамони боз ҳам бештар ин саҳифаҳои фейк эълонҳои мардумфиребонаи худро зери акси Рустами Эмомалӣ нашр мекарданд.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 35 сол дошта, аз соли 2017 раиси шаҳри Душанбе ва аз соли 2020 ҳамзамон раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва тибқи Қонуни асосӣ, роҳбари дуюми ҷумҳурӣ аст. Рустами Эмомалиро бисёриҳо вориси эҳтимолии курсии президентии падараш ном мебаранд.  Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992, инак беш аз 30 сол боз раҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад, 5 октябри соли 2022 ба синни 70 распд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button