ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

БОЗДОШТИ БЛОГЕР ХАСБИК ВА ДӮСТОНИ Ӯ БАРОИ ХУДНАМОӢ ДАР ЯК ТӮЙ ДАР ДОҒИСТОН (ВИДЕО)

Блогери машҳури зодаи Доғистон Хасбулло Магомедов, маъруф бо лақаби Хасбик, ва дӯстони ӯ дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия барои худнамоӣ дар як тӯй ва дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дастгир шудаанд.

Дар ин бора рӯзи 9 майи соли 2023 Telegram-канали ВКД Доғистон бо нашри як видео зхабар дод. Бино ба ин гузориш, рӯзи 8 май Хасбик ва дӯстонаш дар як тӯй меҳмон будаанд. Корвони мошинҳое, ки Хасбик ҳам дар якеаш савор буд, роҳро бастааст ва монеи ҳаракати мошинҳои дигар шудааст. Дар видео дида мешавад, ки Хасбик дар як мошини кӯҳнаи “Жигули” дар курсии пеш дар паҳлуи ронанда нишастааст ва дӯстони ӯ роҳро банд карда, ба мошинҳои якдигар бархӯрд мекунанд, бо зер кардани тормоз аз мошинҳояшон садоҳои гӯшхарош мебароранд. Ин гуна рафтор дар забони ҷавонон бо номи “дрифтинг” маъруф аст.

Пулиси Доғистон гуфт, ҳамаи гунаҳкоронро дастгир карда, нисбат ба онҳо протоколҳо оид ба қонуншикании маъмурӣ тартиб додаанд.

 “Шодию сурури беҳисоб дар тӯйҳои Доғистон дар берун аз ҷумҳурӣ низ ном баровардааст. Вақте василаҳои дигари дилхушӣ нест, дар тӯйҳо ҳамчунон ба як шеваи хеле содаву примитиви хушгузаронӣ рӯ меоранд – бастани роҳҳо барои дигарон, ба ҳамдигар калла ба калла задани мошинҳо ва бархе корҳои дигаре, ки дар асл ба тӯю шодии навхонадорон рабте надоранд. Ва Худо кунад, ки ин ҳама дилхушӣ сабаби фоҷиа нашавад, вагарна аз шодию сурур нишоне боқӣ намемонад. Ҳамаи иштирокдорони ин, тавре худашон мегӯянд, “хушнудии тӯёна” ба шуъбаи пулис оварда шуда, нисбат ба онҳо аз ҷониби кормандони БДА ВКД Доғистон протоколҳо дар бораи қонуншикании маъмурӣ тартиб дода шуд.

Шумораи наворбардорони ин шоу низ ҷолиб аст. Бисёре аз киностудияҳо ин қадар наворбардор надоранд, ки ин тӯй.  ШОяд онҳо хеле мехостанд ин дастоварди худро барои наслҳои оянда абадан сабт кунанд.)))», – навиштааст ВКД Доғистон.

Хасбик бо қади ҳамагӣ 93 сантиметр ва вазни ҳамагӣ 18 кило, чанд сол пеш дар пайи нашри видеои клубника (қулфинай) хӯрданаш машҳур шуд ва баъди эълони набардаш бо Абдурозиқ, як овозхони ҷавон аз Тоҷикистон, ки вазни ӯ ҳам ҳамагӣ 18 килову қадаш зери 1 метр аст, шуҳрати байналмилалӣ ба даст овард.

Ҳоло ӯро ба мусобиқаҳои байналмилалӣ даъват мекунанд ва соли 2022 Хасбик бо лигаи машҳури варзиши ММА UFC шартномаи панҷсола баст. Маҷаллаи “Форбс” ахиран хабар дод, ки ин блогери доғистонӣ дар як соли охир аз ҳисоби қарордодҳои имзокардааш ва реклама беш аз 2 миллион доллар даромад доштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button