Рӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕ ҲОДИСАИ НОХУШИ МАРГБОР ДАР КӮҲҲОИ РОШТҚАЛЪАВУ ҚАРАТОҒ ВА КАНАЛИ ХОҶАҚАЛЪА

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 5 майи соли 2023 се шаҳрванд, аз ҷумла як мӯсафеди 80-сола, як марди 32-сола ва як тифли чорсола қурбони ҳодисаҳои нохуш шуданд. Аз ҷумла  5-уми майи соли 2023, соати 16 як сокини 80-солаи деҳаи Тенгхони ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми чаронидани чорвои калон баногаҳ аз баландии 50-60 метр минтақаи кӯҳи сарозер шуд. Бар асари ҷароҳат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. 

Ҳодисаи дуюм дар ҳудуди шаҳри Турсунзода рух дод. Рӯзи 5 май як сокини 32-солаи деҳаи Шӯрхоки ҷамоати деҳоти Қаратоғ бо мақсади ҷамъоварии туршак ва дигар рустаниҳо ба водии Ҳакимӣ равон шуд, вале бегоҳ барнагашт. Аз ҷониби кормандони шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо сокинони деҳа корҳои ҷустуҷӯиву наҷот роҳандозӣ шуд. Вале рӯз торик шуду ин ҷустуҳо натиҷа надоданд. Субҳи 6 май ҷустуҷӯи марди нопадидшуда аз сар гирифта шуд.  

5 майи соли 2023 тахминан соати 15:30 як сокини чорсолаи деҳаи Сайёди ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон ҳангоми гузаштан аз болои қубури болои канали Хоҷа-қалъа сарозер шуд ва ғарқ гардид. Ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак дирӯз то фаро расидани торикӣ идома дошт, вале натиҷа ҳосил нашуд. Субҳи 6 май ҷустуҷӯи ин кӯдак аз сар гирифта шуд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button