ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

МАҲСУЛИ САФАРИ Э.РАҲМОН БА ҚАЗОҚИСТОН: ОРДЕНИ “УҚОБИ ТИЛЛОӢ”, ШАРТНОМАИ ШАРИКӢ ВА ҚАРОРДОДҲО БА МАБЛАҒИ 1,8 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР (ВИДЕО)

Рӯзи 4 майи соли 2023, дар шаҳри Остона, дар чорчӯби сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон, байни ду кишвар 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз ҳама муҳимтаринаш Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон буд. Ҳам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев имзои ин санадро “таърихӣ” унвон карданд.

Ҳамчунин дар чорчӯби ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Қазоқистону Тоҷикистон, ки 3 май, дар ҳошияи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ширкатҳову корхонаҳои ду кишвар 39 қарордод ба маблағи беш аз 1 миллиарду 800 миллион доллар ба имзо расондаанд.

Тоқаев ҳамчунин ҳамтои тоҷикашро бо мукофоти олии давлатии Қазоқистон– ордени “Алтын Қыран” (“Уқоби тиллоӣ”) қадрдонӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон ба Тоқаев барои чунин истиқболи гарм ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос кард ва аз ӯ даъват ба амал овард, ки дар ҳар фурсати барояш мувофиқ ба Тоҷикистон сафар кунад.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҳамеша бозуи бародарона ва дастгирии доимии Қазоқистонро эҳсос мекунад ва мо барои ин аз давлати бародар миннатдор ҳастем”.  Вай афзуд, “пӯшида нест, ки Қазоқистон яке аз воридкунандагони асосии гандуми истеъмолӣ ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳосили ғалладонагиҳо дар Қазоқистон барои мо низ ба мисли Қазоқистон хеле муҳим аст”.

Дар ҷараёни ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Қазоқистону Тоҷикистон дар Остона гуфта шуд, ки ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар дар ҳоли афзоиш қарор дошта, дар соли 2022 ҳаҷми тиҷораташон боз 20% афзуда, ба 1 миллиарду 400 миллион доллар расидааст. Як бахши аъзами маҳсулоти содиротии Қазоқистон ба Тоҷикистон, албатта, маҳсулоти ғалладона аст. Аз ҷумла соли гузашта содироти ғалла аз Қазоқистон ба Тоҷиктстон 29,3% афзуда, қариб ба 310 миллион доллар расидааст. Ҳамин тавр, содироти ҷав 2,3 маротиба афзоиш ёфта, 16,2 миллион доллар, содироти равғани офтобпараст бо 42,2% афзоиш 43,8 миллион долларро ташкил додааст ва содироти маргарин аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар як соли охир 7,6 маротиба зиёд шуда,  ҳаҷми фурӯшаш ба 18,1 миллион доллар расидааст.

Муовини сарвазир ва вазири тиҷорати Қазоқистон Серик Жумангарин дар ҳамоиши тоҷирони тоҷику қазоқ хабар дод, ки феълан дар Қазоқистон 418 корхонаи муштарак бо Қазоқистон фаъолият дошта, Қазоқистон аз соли 2005 ба ин тараф ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 132 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Сармоядорони тоҷик низ дар солҳои охир ба иқтисоди Қазоқистон ба маблағи 21 миллион доллар сармоя гузоштаанд.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва нишасти матбуотии Сарони давлатҳо  04.05.2023 Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон - ордени “АЛТИН ҚИРОН” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  04.05.2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button