ВидеоНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

ЯК ГУРУҲИ ҶОСУСИИ РУСИЯ АЗ КОМПЮТЕРҲОИ ЧАНД МАНСАБДОРИ ТОҶИК МАЪЛУМОТ МЕДУЗДИДААСТ

Prodaft, як созмони таҳқиқотии Швейтсария дар гузориши муфассали 41-саҳифагие, ки рӯзи 27 апрели соли 2023 нашр шуд, гуфтааст, як гуруҳи рахнагари ҷосусии русӣ бо номи “Nomadic Octopus” (“Ҳаштпои кӯчманчӣ”) аз соли 2020 ба ин тараф тавассути як ширкати телефонии Тоҷикистон ба шумори зиёди компютерҳо дар ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба компютерҳои чанд мансабдори баландпояи тоҷик роҳ ёфта, аз ин компютерҳо маълумот медуздидааст.

Муаллифони гузориш исми ин мансабдорони баландпояи тоҷикро низ нашр кардаанд:

  1. Худоёр Худоёрзода, он вақт вазири нақлиёти Тоҷикистон
  2. Амирхон Қурбонзода, муовини раиси вилояти Хатлон (ҳоло муовини шаҳрдори Душанбе)
  3. Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, генерал-майори милитсия, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
  4. Абдулазиз Шарифӣ, раиси шӯъбаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон
  5. Бобишо Холзода, сардори собиқи раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ (ҳоло раиси ноҳияи Файзобод).

Дар гузориш гуфта мешавад, ки  рахнагарон (ҳакерҳо) аз  гуруҳи “Ҳаштпои кӯчманчӣ” тавассути маъракае бо номи “Paperbug” (“Қундуз ё суски қоғазхӯр”) ба шумори фаровони компютерҳо, мессенҷерҳо ва дигар шабакаҳои маълумотиро дар Тоҷикистон рахна карда, аз миёни онҳо компютерҳо ва паёмрасонҳои барои ин рахнагарон “арзишманд”, асосан васоили марбут ба мансабдорони баландпояро ҷудо мекарданд ва аз дохили онҳо маълумоти мавҷуда, аз ҷумла мукотибаҳо ва номаҳои расмиро медуздиданд. Ин маълумотҳо баъдан ба чӣ мақсад истифода мешуданд, дар гузориш гуфт нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла он мансабдороне, ки гуфта мешавад, компютерҳояшон рахна ва маълумоти дохили онҳо дуздида шудааст, то кунун ин гузориши маркази таҳқиқотии Швейтсарияро шарҳ надодаанд.

Муаллифони гузориш  маъракаи “Қундуз ё суски қоғазхӯр”)-ро “намунае аз қазияҳои ҷоҷусии дунёи муосир” номида, навиштаанд, ки “ин қазия ва  таҳдидҳои дигар нишон медиҳанд, ки фазои интернетӣ ба як арсаи нави ҷангҳои муосир табдил меёбад”.

Аз ҷумла ба ин нукта ишора шудааст, ки ин маърака нишон медиҳад, ки ҳоло барои анҷоми фаъолиятҳои ҷосусӣ масофа дигар нақши муҳиме бозӣ намекунад ва ҷосусон метавонанд бидуни вуруд ба қаламрави кишварҳо, аз масофаҳои хеле дур тавассути Интернет кори худро бикунанд.

Дар мисоли Тоҷикистон муаллифон навиштаанд, ки азбаски дар ин кишвар мукотибаҳои расмӣ ва интернетӣ асосан бо забони русӣ ва тавассути шабакаҳои русӣ сурат мегирад, ин кори рахнагарон аз гуруҳи ҷосусии русӣ ва роҳ ёфтани онҳо ба махзани маълумотҳои мансабдорони тоҷикро  зеле осонтар кардааст.

Prodaft дар таҳқиқоташ мегӯяд, чунин туъмаи осон будани мансабдорони тоҷик барои гуруҳҳои рахнагар дигарбора барои шикастани махзани маълумотҳои онҳо иқдом ва маъракаҳои нав ба навро ба роҳ андохтани ҳакерҳои русро аз эҳтимол соқит намекунад.

Ба ақидаи муаллифон, роҳ ёфтан ба махзани маълумоти мансабдорон ва хадамоти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба рахнагарон аз “Ҳаштпои кӯчманчӣ” имкон медиҳад, ки маълумоти маҳрамона аз манбаъҳои муҳимро ба даст оварда, таҳаввулотро дар Тоҷикистон зери назорат нигоҳ бидоранд. Дар гузориши ширкати швейтсарӣ Тоҷикистон як кишвари аз лиҳози ҳам ҷуғфрофӣ ва ҳам сиёсӣ ба Русия “хеле наздик” арзёбӣ шудааст, вале гуфта мешавад, ки рахнагарон аз “Ҳаштпои кӯчманчӣ” ҳатто аз болои “худиҳо” низ ҳамеша назорат мебурдаанд.

Матни пурраи гузориш ба забони англисӣ инҷост:

NOMADIC PAPERBUG CAMPAIGN

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button