ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

“ГУРЕХТАМ, ҚАПИДАНД…” БОЗ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД


Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст, ба наздиконаш доданд.

Файзулло Абророви 27-соларо рӯзи 21-уми апрел дар зодгоҳаш, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ба хок супурданд.

Мақомоти Русия тақрибан ҳафтае пеш ба наздикони Файзулло дар Тоҷикистон тамос гирифта, аз марги ӯ хабар додаанд.

Русия, ки моҳи феврали соли гузашта бедалел ба Украина ҳамла кард, ҳазорон маҳбусу муҳоҷири одиро бо шеваҳои мухталиф ба ин ҷанг ҷалб кардааст.

Асрор Аброров, падари ҷавони кушташудаи тоҷик рӯзи 24-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз ширкати писараш дар ҷанги зидди Украина хабар надошт, вале дар охирин суҳбати телефонӣ дар чор моҳи пеш ӯ гуфтааст, эҳтимол ӯро ба ҷанг мебаранд.

“Гуфт, шаҳрвандӣ дорам, бояд ба ҷанг баранд. Ман гуфтам, бачаҷон ҳамаро мурдаҳошона фиристода истодаанд, нарав. Гуфт, “агар наравам, маро зиндонӣ мекунанд. Як бор хостам, гурезам, қапиданд. Гуфтанд, агар як бори дигар гурезӣ, аз 7 то 8 сол зиндонат мекунем. Ҳамин қадар гап гуфт. Бо ҳамин дигар занг назад”, – нақл кард падари Файзулло.

Мақомоти Русия ба наздикони Файзулло гуфтаанд, ӯ дар ҷанг аз пояш тир хӯрда, аз хунравии зиёд фавтидааст.

Як дӯсти Файзулло бо шарти зикр нашудани номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, марҳум як соли ахир дар зиндон буд ва моҳи октябр ӯро аз маҳбас ба ҷанг бурданд.

Падари Файзулло мегӯяд, дақиқ намедонад, ки писараш аз куҷо ба ҷанг рафтааст? Ба гуфтаи падар, писараш дар бораи маҳбас ба онҳо чизе нагуфта буд. Ба нақли ӯ, Файзулло чор соли ахир дар Русия зиндагӣ дошт ва дар сохтмон кор мекард.

Мисли ин ҷавон то имрӯз хабари марги беш аз 20 маҳбуси тоҷик, дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст. Теъдоди аниқи маҳбусоне, ки ба ҷанг дар Украина ҷалб ва кушта шудаанд, маълум нест. Расонаҳо аз ҷалби ҳазорон маҳбус аз зиндонҳои Русия ба ҷанг хабар нашр карда буданд. Ба онҳо ваъда медиҳанд, ки пас аз ширкат дар ҷанг онҳоро озод мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button