КоррупсияМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЯК МИЛИСАИ ТОҶИК, КИ БА ҚОЧОҚИ 55 КГ НАШЪА АЙБДОР МЕШУД, АЗ ҲАБС ОЗОД ШУД

Додгоҳи ноҳияи Первомайски шаҳри Бишкек М.И., як корманди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии қариб 55 кило маводи мухаддир дар Қирғизистон боздошт шуда буд, озод кардааст. Дар ин бора сомонаи 24.kg бо такя ба манобеи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон хабар дод. Додгоҳ ин милисаи тоҷикро, ки аз апрели соли 2022 дар ҳабс қарор дошт, ҳанӯз 15 январи соли 2023 кардааст, вале хабари раҳоии ӯ танҳо рӯзи 18 апрел расонаӣ шуд.

Бино ба навиштаи 24.kg, М.И. (аз ин корманди ВКД Тоҷикистон чунин ном бурда мешавад), ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бӯстон кор мекард ва рутбаи сержанти калони милитсияро дошт, бо шарики худ шаҳрванди дигари Тоҷикистон А.У.   дар соли 2021 як гурӯҳи муташаккили ғайриқонуниеро ташкил ва ҳамвора ба кишварҳои ИДМ (СНГ) маводи мухаддир интиқол медодаанд.

Дар моҳи феврали соли 2022 ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли миқдори калони маводи мухаддирро ба хоки Қирғизистон ва баъдан ба Қазоқистон маслиҳат мекунанд.

Дар моҳи марти соли 2022 А.У ва М.И. марзи Қирғизистонро ғайриқонунӣ убур намуда, 9 килою 674 грам ҳашиш ва 4 килою 740 грамми дигар маводи нашъадорро дар деҳаи Борбодуқи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд ба  харидори он бурда мерасонанд.

Такроран онҳо дар аввали моҳи апрели соли 2022 низ марзи Қирғизистонро ғайриқонунӣ убур намуда, ин дафъа бо худ 7 килою 490 грам ҳашишро ба деҳаи Жани-Жер меоранд.

Дар моҳи июни соли 2022 боз ин ду нафар марзро ғайриқонунӣ убур намуда бо худ 11 килою 290 грам маводи нашъаовар ва 21 килою 942 грам ҳашишро вориди хоки Қирғизистон мекунанд, ки кормандони бахши мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қирғизистон (СБНОН) онҳоро дастгир мекунанд. Корманди ин ниҳод гуфтаанд, ки онҳо дар натиҷаи як соли коркардҳои фаврӣ ноил шудаанд, ки ба ҳадафи худ расанд ва ин гуруҳи нашъаҷаллобро ошкор ва дастгир кунанд.

Додгоҳи Бишкек А.У.-ро ба муддати 14 сол маҳкум ба зиндон корд, вале шарики ӯ М.И., ки корманди ВКД Тоҷикистон номаш мебаранд, бо пардохти 200 ҳазор соми қирғизӣ, баробар ба ҳудуди  2300 доллар, аз толори додгоҳ озод кардааст.

Дар тобистони соли 2022, вақте хабари боздошти ин корманди милитсияи тоҷик расонаӣ шуд, ВКД Тоҷикистон азин ҳодиса изҳори бехабарӣ карда буд. Вале ҷониби Қирғизистон ҳамчун далел шаҳодатномаи ин корманди милитсия тоҷикро нашр кард.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон тавассути кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон интиқол дода мешавад.

Бино ба ҳисобҳо, то 2 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар зиндонҳои Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар бо ҷурмҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекунанд. Як бахши аъзам аз беш аз 10 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои худи Тоҷикистонро низ онҳое ташкил медиҳанд, ки барои қочоқи маводи мухаддир ба даст афтодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button