ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ ЧОРБАЛЛӢ ДАР НАЗДИКИИ КӮЛИ САРЕЗ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Субҳи барвақти 17 апрели соли 2023, соати 03:46 ба вақти маҳаллӣ, Тоҷикистонро боз як заминларза такон дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки ин заминларза дар 378-километрии ҷанубушарқи Душанбе, 153-километрии ҷанубуғарби Хоруғ ва 86-километрии ғарби маркази ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон  рух дода, шиддати заминларза дар марказаш 4 балл, дар Мурғоб аз 2 то 3 балл ва дар Хоруғ 2 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар бораи ягон талафот  ё хисорот бар асари ин офати табиӣ гузориш нашудааст.

Бино ба иттилои пойгоҳи Еarthquaketrack.com, ки заминларзаҳои рухдода дар саросари сайёраро пайгирӣ ва сабт мекунад, ин заминларза дар  82-километрии шаҳраки Мурғоб, дар наздикии марзи Тоҷикистон бо вилояти Шинҷон-Уйғури Чин (Хитой) дар умқи ҳамагӣ 10 километр рух дода, шиддати он дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер 4,1 баллро ташкил додааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 6 заминларза,  дар як моҳи охир 24 заминларза ва дар як соли охир 234 (!!!) заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст.

Бар асари заминларзаи шаби 23 марти соли 2023, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Комиссия ба хулоса омад, ки ин хонаҳои зарардида солҳои 70 ва 80-и асри гузашта сохта шудаанд ва ҳангоми бунёди онҳо қоидаҳо ва меъёрҳои сохтмону меъморӣ комилан риоя нашудааст. 

Ҳамаи ин сохтмонҳои зарардида дар ёнаҳо ва теппаҳо сохта шудаву онҳо таҳкурсӣ ҳам надоштанд. Дару девори ин хонаҳо фарсуда шуда ва муҳлати истифодаашон низ гузаштааст, – ҳамчунин гуфта мешуд дар хулосаҳои комиссия.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button