ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳанг

ОВОЗХОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ФАХРИДДИНИ КӮЛОБӢ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД (ВИДЕО)

Овозхони ҷавони тоҷик Фахриддини Назар, ки бештар бо тахаллуси Фахриддини Кӯлобӣ шуҳрат дошт, рӯзи 16 апрели соли 2023, дар даҳаи ахири моҳи шарифи Рамазон аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора ҳунарманди гуруҳи “Арабшоҳ компания” Дӯстмуроди Шариф бо нашри як таъзия дар каналаш дар Ютуб хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, Фахриддини Кӯлобӣ тайи якуним-ду моҳи охир аз бемории ҷигар ранҷ мекашид ва ҳамин беморӣ билохира ин овозхони ҷавонро ба гӯр бурд.

Дӯстмуроди Шариф гуфт:

“Тӯли якуним-ду моҳи охир ҷигараш сахт азобаш дод. Марг, ки омад, як чиз сабаб мешавад, як чиз баҳона мешаваду меравем ҳама. Барои ҳамин мегӯянд ки:

Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

Рафтанду равему боз оянду раванд….”

Дӯстмуроди Шариф ҳамчунин хабар дод, ки маросими намози ҷанозаи Фахриддини Кӯлобӣ рӯзи 16 апрел дар маҳаллаи Маяковский баргузор шудааст.

Фахриддини Назар тақрибан 15 сол боз ба овозхонӣ машғул буд ва асосан таронаҳои мардумиро дар сабки машҳур ба “сабки кӯлобӣ” иҷро мекард. Фахриддини Назар бештар дар тӯю сӯри мардум ҳунарнамоӣ мекард ва умр фурсаташ надод, ки таронаҳояшро дар студияҳои касбӣ сабт ва видеоклип кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Соли 2003 фахриддин дар тӯйи домодию арӯсии бародари бузурги мо илҳом шарипов (Сайид Илҳомиддин Холмуҳаммадзода Абдуғаффор, соли таваллӯдаш 1977) иштирок ва ҳунарманоӣ карда буд. Як суруди ҳиндӣ хонда буд, ҳаргиз фаромӯш намешавад. Як марде бо лақаби “Ҷимӣ” дар деҳаи “Дараи Калот”-и ҷамоати деҳоти “Қаҳрамон” дар ҳамсоягии Раҷабалӣ Одинаев (Умед-88) зиндагӣ мекард, ҳар куҷо фахриддин ба тӯй даъват мешуд, ӯ низ мерафт рақси ҳиндӣ хеле зебо мерақсид.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button