АфғонистонВидеоТаърих

ДАРГУЗАШТИ “ҚУМАНДОН МУСЛИМ” – “НАФАРИ ХОС”-И АҲМАДШОҲИ МАСЪУД

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон дар синни 60 ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Кобул, 17 апрел – Сангар, Фарзом Козимӣ Вайро яке аз афроди хоси Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, унвон мекунанд, ки ҷавонии худро дар сангарҳои ҷиҳоду муқовимат сипарӣ кард ва бо номи неку дастони пок аз олам рафт.

Яке аз дӯстони Қумандон Муслим ба “Сангар” гуфт, марҳум ҳудуди як моҳи ахир бо бемории дил дасту панҷа нарм мекард, ки дар ниҳоят ба зиндагии ӯ хотима гузошт.

“Фармондеҳ бегоҳи рӯзи якшанбе, 16 апрели соли 2023, тақрибан соатҳои 8 ба вақти Кобул дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Лондон, пойтахти Бритониё ҷон ба ҷонофарин таслим кард”, – гуфт ӯ.

Қумандон Муслим соли 1963 дар деҳаи Ҷангалаки вулусволии Бозораки вилояти Панҷшер ба дунё омада, яке аз хешовандони падарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Вай дар соли 1980 баъд аз фароғат аз синфи дувоздаҳум дар Кобул, пас аз ҳамлаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон, ба Панҷшер рафт ва ба сафи муҷоҳидин пайваст.

Дере нагузашта, пас аз фарогирии омӯзишҳои низомӣ ва бо дарназардошти шуҷоат, ҳушмандӣ ва тавоноиҳои фардие, ки дошт, ба салоҳдиди Аҳмадшоҳи Масъуд  ба сифати қумондони қароргоҳи Маласпа гумошта шуд. Дере нагузашта, фармондеҳии қитаоти марказро ба ӯҳда гирифт.

Ҳамразмони собиқаш ба “Сангар” гуфтанд, ки баъдтар Қумандон Муслим ба яке аз афроди хоси Аҳмадшоҳи Масъуд табдил ёфт. Дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ масъули амалиёти хос ва дар замони Давлати исломии Бурҳонуддини Раббонӣ масъули амнияти меҳмонони хориҷӣ ва худи Аҳмадшоҳи Масъуд буд.

Маҳз Қумандон Муслим амнияти мулоқоти Анатолий Ткачёв, фиристодаи Шӯравӣ ба назди Масъудро, ки дар пайи он тавофуқи оташбаси соли 1983 миёни муҷоҳидин ва Артиши Шӯравиро ба зимма дошт.

Ӯ дар соли 1996 як мулоқоти дигари таърихӣ, аммо хатарнокеро байн Масъуд ва Толибон дар вилояти Майдон Вардак тартиб дод ва шахсан фармондеҳро ҳамроҳӣ кард. Ин дидор дар минтақаи таҳти контроли Толибон баргузор шуд ва Масъуд ба ҳамроҳи фармондеҳ Муслим ва чанд муҳофизи дигар дар он ҳузур ёфтанд. Дар ин нишаст Аҳмадшоҳ Масъуд бо раҳбарон ва фармондеҳони Толибон дидор ва гуфтугӯ кард. Баъдан Толибон аз ин ки ӯро раҳо карданд, бисёр пушаймон шуданд, зеро Масъуд барои онҳо ба як дардисари бузург табдил шуд.

Дар замони Муқовимати Аввал (1996-2001) Қумандон Муслим масъулияти истихбороти хориҷии Ҷабҳаи муқовиматро ба дӯш дошт ва тамоми равобити Ҷабҳа бо истихбороти хориҷиро танзим мекард. Вай дар сафари Масъуд ба Эрон дар соли 1998 ӯро ҳамроҳӣ намуд.

Пас аз суқути Толибон дар соли 2001 Қумандон Муслим атташеи низомии Афғонистон дар Лондон таъйин шуд ва пас аз анҷоми маъмурияташ дар яке аз ширкатҳои бритониёӣ, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ кор мекард, вазифаи мушовири амниятиро ба дӯш дошт.

Дар сӯгномаҳои дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ғолибан ба ин мавзӯъ ишора мешавад, ки вай дар фасод ва хиёнатҳои даврони ҷумҳурияти 20-сола дар қиёс бо дигар ёрони Масъуд даст надошт ва бо сари боло ва виҷдони пок ба фармондеҳи худ дар биҳишт ​​пайваст.

Манбаъ: “Сангар”  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button