ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БАР АСАРИ СӮХТОР ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ЧАНД ХОНА БА КОМИ ОТАШ РАФТААСТ (ВИДЕО)

Сӯхтор дар мансарда, ё қабати охирини як бинои баландошёна дар маркази шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, боиси пурра ба коми оташ рафтани чанд манзил шудааст.  Дар ин бора Радиои Озодӣ бо нашри як видеои фиристодаи корбарон хабар дод.

Гуфта мешавад, ҳодиса шаби 15 ба 16-уми апрел рӯй дода, сӯхтор гӯё дар пайи таркиши зарфи гази моеъ сар задааст. Худи сокинон аз эҳтимоли ба ҳам расидани сими барқ  низ ҳарф мезананд.

Мақомот ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтанд ва маълум нест, дар ин ҳодиса касе осеб дидааст ё не? Ҳамчунин дақиқ нест, зарари расида аз сӯхтор чӣ қадар аст?

Дар навори нашршуда дида мешавад, ки алангаи оташ дар қабати бинои шашошёна аз як манзил ба манзили дигар гузашта, ҳамаро ба коми худ кашидааст ва пас аз сӯхтор дар хонаҳои сокинони зарардида тақрибан чизе боқӣ намондааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон бар асари сӯхтор даҳҳо хонаву мағоза ва корхонаву бозорҳо ба коми оташ мераванд. Бино ба омори ВКД, соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1262 ҳодисаи сӯхтор ва дар як соли қабл 1196 чунин ҳодиса рух дода, соли гузашта боиси ҳалокати 19 нафар гардида ва як соли пеш 10 кушта ба ҷо гузоштааст. Маблағи зарари сӯхтор дар соли 2022 дар умум  58 миллиону 716 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 5 миллион долларро ташкил додааст.

Мақомот расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ва таркидани балонҳои газро аз сабабҳои умдаи сӯхтор дар Тоҷикистон меноманд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button