Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ МАРД БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БО ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон 15 апрели соли 2023 аз ошкор шудани боз ду мавриди қаллобӣ бо қатъаҳои замин хабар дод.

Аз ҷумла зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
ВКД мегӯяд, ки номбурда соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи гирифта додани қитъаи замин аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол ӯро фиреб дода гурехта гаштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Хоруғ ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
ВКД гуфт, ки ин сокини Хоруғ бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи он, ки дар шаҳри Хоруғ, дар масоҳати 360 метри мураббаъ қитъаи замини наздиҳавлигӣ дошта замини мазкурро ба маблағи 192 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, ваъда медиҳад, ки баъди харидорӣ намудан ҳуҷҷатҳои онро ба номаш қонунӣ ба расмият дароварда медиҳад, аммо гумонбаршаванда маблағи бо роҳи фиреб ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар шароити афзоиши беисти шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон масъалаи замин ба мушкили №1 табдил ёфтааст ва бархе афроди баднафс аз ин эҳтиёҷи мардум ба қитъаҳои замин барои сохтани хона сӯиистифода мекунанд.

Дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон ду маротиба афзуда, аз 10 миллион гузашт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button