Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ ЗАФАРИ ҚИМОРБОЗ БАРОИ ФИРЕБ ДОДАНИ ШАҲРВАНДОН БО “АЛИК-МАЛИК” (2 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 15 апрели соли 2023 хабар дод, ки як сокини ноҳияи Восеъро барои қиморбозӣ дар пойтахт дастгир ва ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.

Милитсияи Душанбе гуфт, бо вуҷуди рейду амалиётҳои пайвастаи кормандони милится бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани амалҳои қиморбозӣ, ё ба истилоҳи мардумӣ “алик-малик” ва боздошту  расман огоҳ кардани қиморбозон ҷиҳати минбаъд ба ин амали мардумфиребона машғул нагардидан, боз ҳам, “мутаассифона боз ҳастанд нафароне, ки маҳз бо роҳи қиморбозӣ ба даст овардани маблағро пешаи худ намуда, такрор ба такрор ба қиморбозӣ машғул мешаванд, ки ин ҷурми онҳоро дар назди қонун вазнинтар мегардонад”.

Аз ҷумла, гуфта мешавад дар гузориш, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Олимов Зафар Файзович, санаи таваллудаш 02.11.1976, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, ки қаблан чандин маротиба дастгир ва расман огоҳонида шуда буд, боз ҳам барои машғул шудан ба қиморбозӣ дастгир карда шуд.

Ба гуфтаи милитсияи Душанбе, Зафари қиморбоз бо мақсади бо роҳи осон ва бо фиреби мардум ба даст овардани маблағ асосан дар маконҳои ҷамъияӣ ба қиморбозӣ машғул мегардад. Ин навбат низ ҳангоми ба чунин амали мардумфиребӣ машғул гардидан, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Вобаста ба ин, нисбати Олимов Зафар барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия, тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Милитсияи пойтахт таъкид кардааст, ки шаҳрвандонро низ мебояд ҳушёриро аз даст надода, ба доми макру фиреби чунин тоифа наафтанд. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бори дигар аз шаҳрвандон хост, то ки бо мақсади пурра аз байн бурдани ин омили номатлуб бетарафиро ихтиёр накарда, ҳангоми мушоҳидаи чунин ҳолатҳо онро ба навор ва расм гирифта, ҷиҳати баррасӣ тариқи суроғаҳои электронӣ ба мақомоти милитсия ирсол намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button