Рӯйдодҳои БадахшонФарҳангЧеҳраҳо

МУАЛЛИФИ РОМАНИ “САРОЙИ САНГ” АТО МИРХОҶА БА СИННИ 60 РАСИД

Шоир, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ба синни мубораки 60 расид.

АТО МИРХОҶАИ НЕРӮ (Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич) 8 апрели соли 1963 дар деҳаи Вужи ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дида ба ҷашон кушодааст.

Маълумоти ҳаштсоларо дар мактаби деҳаааш фаро гирифта, дар мактаб-интернати деҳаи Муни ҷамоати деҳоти Навобод соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаби миёна гардидааст. Соли 1980 вориди бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1985 ба итмом расондааст. Донишу малакаи амалии ӯро ба эътибор гирифта, ҳанӯз дар айёми донишҷӯ буданаш, Кумитаи марказии Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ ӯро ба ҳайси хабарнигори махсуси дастаҳои донишҷӯёни бинокор ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор даъват кардааст. Аз соли 1986 то 1990 дар созмони ҷавонон ё кумитаи комсомоли ВМКБ кор карда, сипас муҳаррири барномаҳои фарҳангӣ дар Кумитаи радио ва телевизиони ВМКБ таъин шудааст. Соли 1994 дар ҳафтаномаи «Фарҳанги Бадахшон» ба ҳайси масъули чоп фаъолият варзида, пас аз як сол барои зиндагии доимӣ ба пойтахти мамлакат омада, аввал дар барномаҳои шабакаи дувуми Радиои Тоҷикистон, баъдан дар АМИТ «Ховар» фаъолият доштааст. Соли 1998 ба нашрияи Роҳи оҳани Тоҷикистон – ҳафтаномаи «Роҳи умед» (2002 «Нақлиёт») даъват шуда, то соли 2011 сармуҳарририи онро бар уҳда дошт. Соли 2003-2008, ҳамзамон, мушовири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагон будааст. Аз июли соли 2011 то 2015 муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» – нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2015 муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд.

Ато Мирхоҷа аз овони мактабхонӣ шеър менависад. Нахустин шеърҳои ӯ дар ҳамин овон бо дастгирии Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар рӯзномаи «Бадахшони Советӣ» пешниҳоди умум гардидаанд.

Соли 1991 нахустин силсилаи ашъораш дар китоби дастҷамъии «Боли парвоз» бо номи «Тасмаи мардон» ба чоп расидааст. Баъдан маҷмӯаҳои ашъори ӯ бо номҳои «Ишқ ва ашк» (2003), «Шакарганҷ» (2006), «Нафаси дувум» (2013), “Субҳи беғуруб” ва романи сеҷилдаи “Саройи санг”, ки дар бораи таърихи Бадахшон дар асри 19 қисса мекунад, дастраси хонандагон шудаанд.

Ато Мирхоҷа, ҳамчунин, муаллифи китобҳои бачагонаи «Нахӯдак-булъаҷабак», «Нахӯдак ва Нисо» осори мансури «Naкhudak-fabulоus» (афсонаи муосир барои хурдсолон; 2006), «Naкhиdaк аnd Nisо» (афсонаи муосир барои бачагони синни калони мактабӣ; 2006), «Равшан қиссаен» (ба забони шуғнонӣ, 2010) буда, асарҳои саҳнавии ӯ – «Даъвати Носир» (1992), «Сайр дар гилем» (1995), «Давлати баргашта» (1999) дар озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ соҳиби ҷоиза гардидаанд. Мазҳакаи «Сайр дар гилем» дар маҷмӯаи асарҳои саҳнавии «Паёми Искандаркӯл» (2007) чоп шудааст.

Намунаҳое аз ашъори Александр Блок, Иван Переверзин (адибони рус), Акбар Рисқулов (қирғиз), Микола Метлитский (белорус), Сергей Сухоян (Тоҷикистон), Аминат Абдурашидова (Доғистон)-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз осори худи ӯ ба забонҳои русӣ, инглисӣ, белорусӣ, арманӣ ва қирғизӣ тарҷума шудааст.

Ҳамчунин, шеърҳои алоҳидаи Носири Хусрав, Мирсаид Миршакар, Эраҷ Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Ҳайрат Шанбезода, Камол Насрулло ва драмаҳои Вилям Шекспир «Шоҳ Лир» ва Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ»-ро ба шуғнонӣ тарҷума кардааст. «Қишлоқи тиллоӣ» дар тарҷумаи ӯ ва бо кӯшиши ҳунарпешаи маъруф Маъруфшо Мазҳабшоев соли 1989 таҳти унвони «Тиллойӣ қишлоқ» дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Хоруғ) саҳнагузорӣ шудааст.

Дар таҳия ва нашри китобҳои «Вожаномаи мухтасари русӣ-тоҷикии роҳи оҳан» (2004, дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳикмат Неъмат), «Луғати соҳаи ҳавопаймоӣ (русӣ-тоҷикӣ)» (2008, дар ҳаммуалифӣ бо Ҳикмат Неъмат), «800 ғазали дилошӯб» (2007, дар ҳамкорӣ бо Асрори Сомонӣ) ва «800 панди дилписанд»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (2007, дар ҳамкорӣ бо Асрори Сомонӣ), «Баёзи меҳр» (2008), «Анҷумани дидор» (2008), «Гулбоғ» (2010), «Эъҷози Раҳмон» (2011), «Одами тиллоӣ», (2011), «Нома дар барги ҳавас» (2011) ва ғ. ҳиссагузорӣ кардааст.

Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода буда, соли 2022 барои романи “Саройи санг” ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро низ ба даст овард. Ато Мирхоҷа бо медали «Хизмати шоиста», нишонҳои «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон», «100-солагии матбуоти тоҷик», унвони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 2015 муовини аввали раиси ин созмони адабӣ аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button